published by admin on вс, 04/21/2019 - 15:19
«Ҷаҳонкушои хоқон» ё «Таърихи шоҳ Исмоил» маҳсули қалами муаллифи номаълуми нимаи аввали асри XVI, аз минтақаи шимолу шарқии Эрон мебошад. Муаллиф худ шоҳиди бевоситаи ҳодисаҳои тасвирнамудааш аст, ки асари хешро дар миёни солҳои 948-955 ҳ.қ./ 1541 - 1548 иншо намудааст.
published by admin on сб, 03/16/2019 - 15:16
Дар ин мақола муносибатҳои байниҳамии Тоҷикистон бо мамолики араб мавриди инъикос қарор гирифтааст. Муаллиф бо баррасии ҷанбаҳои гуногуни ҳамкориҳои ин кишварҳо ба натиҷа мерасад, ки дар замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон муносибатҳо густариш ёфтанд, зеро яке аз самтҳои фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон барқарор ва густариши равобити иқтисодиву фарҳангӣ бо мамолики араб ба ҳисоб меравад.
published by admin on чт, 02/22/2018 - 16:34
Дар замони муосир бо шарофати Истиқлолияти кишвар таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан, сарвари давлат ба эҳё ва рушд кардани фарҳанги миллӣ, аз ҷумла ҳунарҳои мардумӣ беш аз пеш меафзояд. Ҳар як кишвар кўшиш менамояд, ки бо роҳу тадбирҳои мухталиф фарҳанги миллии хешро ҳифз намояд. Дар шароити имрўза рў овардан ба ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад.
published by admin on ср, 11/08/2017 - 17:27
(Тақриз ба китобномаи шарҳиҳолии Раҷабов, Ҷ. Осорномаи профессор Сафар Сулаймонӣ: Библиографияи монографӣ (?) / Зери назари академик Ф. Шарифзода; муҳаррир: Б. Холов. – Душанбе, 2016. – 284 с.).
«Осорномаи профессор Сафар Сулаймонӣ» ба муносибати 65-солагии доктори илмҳои педагогӣ, профессор, академики Академияи байналмилалии иттилоотсозии СММ, узви Бунёди эроншиносии Ҷумҳурии исломии Эрон Сафар Сулаймонӣ аз ҷониби Ҷўрабой Раҷабов, ки яке аз китобдорони собиқадори ҷумҳурӣ мебошад, мураттаб гардида, соли 2016 рўйи чоп омадааст.
published by admin on ср, 11/01/2017 - 21:42
Дар мақола роҷеъ ба тадқиқи забони матбуоти миллӣ аз давраи пайдоиши матбуот то имрўз сухан меравад. Дар бораи нахустин андешаҳо доир ба забони матбуоти тоҷик, ки ба қалами донишмандон устод Айнӣ ва Т. Зеҳнӣ тааллуқ доранд, изҳори андеша карда мешавад. Ба андешаи муаллиф ба таҳқиқи забони матбуоти тоҷик дар солҳои 50–уму 60–уми асри гузашта замина гузошта шуда бошад ҳам, дар ин самт корҳои бунёдӣ маҳз баъди
Страницы