Вы здесь

ИФОДАИ НОМИ РАНГҲО ДАР ГУФТОРИ ҲУНАРМАНДОН

Ин мақола ба суннати номгузории рангҳо дар фарҳанги тоҷикон, махсусан, дар гуфтори ҳунармандон, бахшида шудааст. Дар лаҳҷаю шеваҳои забони тоҷикӣ баъзе рангҳо ва тобишҳои онҳо ба таври гуногун ва пурмуҳтаво инъикос шудаанд, ки омўзишашон ҳам аҳаммияти назариявӣ ва ҳам амалӣ дорад.

 

Мардум номи рангҳоро вобаста ба маводу масолеҳи рангтайёркунӣ, нисбат ба ранги ягон ашё, ки дар муҳити иҷтимоӣ ва табиати атрофашон мебинанд, номгузорӣ мекунанд. Чунончи ранги гули каду, зарди шамъӣ, зангор, сурхи лолагӣ ва ғайра. Тарзи дигари ифодаи тобишҳои ин ё он ранг тавассути сифатҳои банур, бенур, паст, баланд, серранг, беранг, камранг, равшан, торик ва амсоли инҳо дар шакли ибора сохта мешаванд, ки дараҷаву категорияҳои ранги матлубро нишон медиҳанд. Масалан, сурхи баланд, сурхи паст, сабзи банур, сабзи серранг, кабуди торик.

Тибқи маълумоти сарчашмаҳо, тоҷикон рангҳоро ба сайёраҳо, мизоҷҳои сарду гарм, бахосияту бехосият низ ҷудо кардаанд. Масалан, зард – ранги офтоб, мизоҷаш гарм, дорои хосияти нек шумурда шудааст. Ниёгони мо ҳар як рангро инчунин ба иду ҷашн, маросимҳои азодорӣ, ҳатто вохўриҳои муҳим хос медонистанд. Аз он ҷумла, ранги баҳору Наврўз – сабз, Меҳргон – сурху арғувонӣ ва норанҷӣ будааст; дар тўю маъракаҳои шодӣ мардум либосҳои ранга, махсусан, сурхи гулдор ба бар мекарданд. Ранги либос ва рамзи маросимҳои азодорӣ рангҳои хокистарӣ, кабуд ва қисман сиёҳ ба шумор мерафт.

Мо бояд барои ифодаи тобишҳои рангҳо ба луғатҳо, лаҳҷаву шеваҳои гуногуни забони тоҷикӣ ва фарҳанги мардум бештар муроҷиат кунем ва номҳои мувофиқро интихоб намоем, зеро лаҳҷаҳо ганҷинаи пурғановати мазмуну маъниҳои асил мебошанд.

Калидвожаҳо: ранг, фарҳанг, забон, лаҳҷаҳо, ном, тобиши рангҳо, ҳунар, ҳунарманд.

 

Рангҳо ҳамчун маҳлули табиӣ ва сунъӣ аз маҳсулоти зарурии касбу ҳунарҳои суннатии тоҷикон ба шумор мераванд. Рангҳоро дар ҳунарҳои абрбандӣ, гулбандӣ, қолинбофӣ, гилембофӣ, гулдўзӣ, чармгарӣ, кулолӣ, наққошӣ, кундалнигорӣ, чўбкорӣ, меъморӣ ва даҳҳо ҳунари дигар дар ороиши масолеҳи хом ва маҳсулоти тайёр ба таври васеъ истифода мебаранд.

Ранг чист? Ранг як мафҳуми физикист. Он хосияти сифатии афканиши электромагнитии диапазони оптикӣ буда, аз қобилияти эҳсоси биноии организм ва якчанд омилҳои физиологӣ, физикӣ ва равонӣ вобаста мебошад. Дарки рангҳо ба қобилиятҳои инфиродии ҳар як инсон, инчунин ба таркиби спектрӣ, андозаҳои рангӣ, равшанӣ ва низ ҷисмҳои бенур марбут аст.

Бо суханони одӣ, ранг – эҳсосест, ки инсон ҳангоми ба чашмаш афтидани нурҳо ҳосил мекунад. Ҷараёни афтиши нурҳо ва таркиби спектрӣ ба одамони гуногун эҳсосоти мухталифро ба вуҷуд меорад ва ҳар як шахс хусусиятҳои рангҳоро ба таври худ мебинад.

Муҳаққиқон (масалан, Йоҳаннес Иттен)  зимни пажўҳишҳояшон дар бораи хосиятҳои физикии рангҳо қайд кардаанд, ки рангҳои асили табиӣ 3 навъ (зард, сурх, кабуд) мебошанд ва тобишу рангҳои дигар аз омехтагии онҳо ба вуҷуд меоянд. Баъзе олимон рангҳои асосиро 4 ва 6 намуд шумурдаанд, аммо ҳадафи мо аз таълифи ин мақола таҳқиқи физикии рангҳо набуда, танҳо номи онҳо дар суннати номгузории рангҳо дар лаҳҷаву гўйишҳо ва забони адабии тоҷикӣ мебошад.

Дар таърихи забону адабиёт, санъату ҳунар, фалсафа, асотиру боварҳо ва эътиқодоти динии тоҷикон ва дар маҷмўъ кулли форсизабонон ба рангҳои асосию дараҷаву тобишҳои онҳо аҳаммияти махсус зоҳир мекарданд. Тибқи пажўҳишҳои адабиётшиноси тоҷик Варқа Охониёзов, дар таркиби расму ойинҳо, ҷашнҳо, адабиёти тасаввуфӣ ҳар як ранг мавқеи корбурди худро дошта, бори маъноӣ ва эътиқодиро мекашидааст. Ба рўҳу ҷисми инсон пайвастагӣ доштани дарк ва рамзи рангҳо сабабгори пайдоиши вазоиф ва махсусияти онҳо дар олами зоҳир ва ботини одамон гардидааст [9, с. 226].

Дар фарҳанги суннатии тоҷикон рангҳоро ба сайёраҳо, навъҳои сарду гарм, бахосияту бехосият ва рамзҳо марбут шуморидаанд. Масалан, зард – ранги офтоб, мизоҷаш гарм, дорои хосияти нек буд. Ниёгони мо ҳар як рангро инчунин ба иду ҷашн, маросимҳои азодорӣ, ҳатто вохўриҳои муҳим хос медонистанд. Аз он ҷумла, ранги баҳору Наврўз – сабз, Меҳргон – сурху арғувонӣ ва норанҷӣ будааст; дар тўю маъракаҳои шодӣ мардум либосҳои ранга, махсусан, сурхи гулдор ба бар мекарданд. Ранги либос ва рамзи маросимҳои азодорӣ рангҳои хокистарӣ, кабуд ва қисман сиёҳ ба шумор мерафт.

Дар асарҳои адабӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва луғатнигории асрҳои миёна доир ба ифодаи рангҳо ва тобишҳо калимаву ибороти зиёде зикр шудаанд. Чунончи дар “Ғиёс-ул-луғот”-и Муҳаммад Ғиёсуддин рангҳои абраш – ба маънии ранги сурху сафеди ба ҳам омехта,  абяз – сафедранг, ашҳаб – сиёҳранг, ашқар – сурхе, ки рангаш зардӣ ва сиёҳӣ занад, зайтунӣ – сурхи ба зардӣ моил, шуқрат – зарди моил ба сурхӣ ва ё рангест миёни сурхиву зардӣ, шаҳоб ­– ранги сурхи маъруф ва ғайра шарҳ ёфтаанд [2, с. 32, 62, 63, 403, 467, 476].

Мардумшиноси рус О. А. Сухарева дар асараш «Сўзанӣ – гулдўзии ороишии осиёимиёнагӣ» ба моҳияти рангҳо низ таваҷҷуҳ намудааст. Ў сўзаниҳои тоҷикони Самарқанду Бухоро, Тошканду Фарғона, Хуҷанд ва Нураторо баррасӣ намуда, номи як қатор рангҳоро закр мекунад, ки ҳамаашон номҳои тоҷикиянд. Чунончи гулоб, гунапш (бунафш), долчинӣ (дорчинӣ, ҷигарии моил ба қаҳваӣ), зайнабӣ (сабзи паст), зангор (сабзи равшан), зангори пистакӣ (сабз), малле, мала (қаҳвагии ба зард моил), нелобӣ (кабуд), нофармон (бунафш), пистакӣ, пистокӣ (ранги нос, сабзи торик), пушти гули баланд, пушти гули паст (арғувонӣ, марминҷонӣ), пушти пиёзӣ (норанҷӣ), сурхи ҳиногӣ (сурхи равшан), чирки дандон (қаймоқии тира), шамъӣ (норанҷии ба сурх моил) ва ғайра [11, с. 116-117].

Ҳунари таҳияи рангҳо, ки дар гузашта рангрезӣ ва саббоғӣ меномиданд, хеле рушд ёфта буд. Санъати рангрезӣ ҳам дар шаҳрҳои калону хурд ва ҳам дар деҳаҳо маъмул буд. Косибон ва устоҳои рангрез тибқи дастуру усулҳои суннатӣ аз гулу барг, мева, пўстлохи мева, сабзавот, тухм, поя, решаи растаниҳо ва дарахтон, аз маъданҳои табиӣ ва баъзе маводи дигар ранг тайёр мекарданд.

Чунончи то инқилоби ибтидои садаи ХХ дар Ҳисор рангрезҳо аз нил, гиёҳи рўян (марена) испаноқ, решаи анор ранг тайёр мекардаанд. Ранги садбаргӣ, намуди ҷигарии баланд аст, ки он аз гиёҳи рўян ҳосил карда мешуд. Решаи ин гиёҳро дар бозорҳо мефурўхтанд. Оҳанпораи зангзадаро дар оби биринҷ шуста, каме равғани зағир ҳамроҳ карда, чанд муддат дар гармии офтоб гузошта, чанд донаи гиёҳи татумро ҳамроҳ карда, ранги сиёҳ ҳосил мекарданд. Боз аз пўстлохи анор, ҳамчунин ранги сиёҳ тайёр менамуданд. Барои ҳосил кардани ранги кабуди баланд, кабуди сиёҳтоб нил истифода мешуд. Нилро бештар туркманҳо аз соҳили Амударё меоварданд. Баъд аз рангубор кардан аз ин риштаҳо барои дўхтани гулдўзиҳо истифода мебурданд [7, с. 8].

Дар солҳои охир ходимони илмии Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот тибқи мавзўъҳои илмӣ мунтазам ба экспедитсияҳои илмӣ баромада, дар ин сафарҳо мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷикро мавриди омўзиш ва баррасӣ қарор додаанд. Аз он ҷумла, ба мо низ муяссар гашт, ки дар 3-4 соли охир ба якчанд шаҳру навоҳии кишвар рафта, нозукиҳои баъзе касбу ҳунарҳоро аз наздик омўзем ва бо ҳунармандон мусоҳибаҳои мардумшиносӣ анҷом диҳем. Дар ҷараёни сафарҳои корӣ дар қатори масъалаҳои дигар таваҷҷуҳи моро тарзи баёни забонии рангҳо аз ҷониби ҳунармандон ба худ ҷалб мекард.

Ифодаи номи рангҳои гуногун, албатта, сад дар сад ихтирои ҳунармандон набуда, балки эҷоду хулосаи мардуми ин ё он минтақа мебошанд. Мардум номи рангҳоро вобаста ба маводу масолеҳи рангтаёркунӣ, чунончи, нил – нилӣ, испарак – испаракӣ, лоҷувард – лоҷувардӣ; нисбат ба ранги ягон ашё, масалан, ҷигар – ҷигарӣ, гули каду – гуликадугӣ, гулоб – гулобӣ ва ғайра, ки дар муҳити иҷтимоӣ ва табиати атрофашон мебинанд, номгузорӣ мекунанд.

Дар поён, нахуст аз таҳлили номи рангҳои асосӣ шурўъ карда, баъдан рангҳои фаръӣ ё тобиширо дар баёни мардум баррасӣ менамоем.

Ранги сафеду сиёҳ дар ҳамаи лаҳҷаҳо ва манотиқи кишвар, бо тағйироти андаки лаҳҷавӣ ба ҳам монанд талаффуз мешаванд. Чунончи сфед, сафид, сияҳ, сия, сиё. Аз решаи асосии номи ин рангҳо бо иловаи пасванди “-ча” номи тобишҳои рангҳои мазкур сохта шудаанд: сиёҳча, сафедча, инчунин бо ин гуна калимасозӣ сифатҳои сурхча, зардча, кабудча низ ифода ёфтаанд. Инчунин тавассути пасванди сифатсози “-тоб”  номҳои сурхтоб, сияҳтоб ва ғайра сохта мешаванд.

Тарзи дигари ифодаи тобишҳои ин ё он ранг тавассути сифатҳои банур, паст, баланд, серранг, беранг, камранг, равшан, торик ва амсоли инҳо дар шакли ибора сохта мешаванд, ки дараҷаву категорияҳои ранги матлубро нишон медиҳанд, масалан, сурхи баланд, сурхи паст, сабзи банур, сабзи серранг, кабуди торик.

Ранги сурх ранги аслӣ буда, онро дар муқоиса бо тобишҳои дигар сурхи равшан (Ашт, Исфара), сурхи лолагӣ (Ҳисор, Норак, Левакант), сурхи сафедхеста (Панҷ), сурхи гулнорӣ (Тоҷикобод) меноманд. «Гулнор ­– рангест, ки ба гули анор монандӣ дорад» – навиштааст устод С. Айнӣ дар «Луғати нимтафсилии забонии адабии тоҷик» [1, с. 78].

Дар ноҳияи Деваштич онро ба ташбеҳ “ранги хуни бинӣ” ном гузоштаанд. Ин ном ҳарчанд омиёна бошад ҳам, мантиқан дуруст аст ва дар он назари мардум таҷассум ёфтааст.

 Дар шаҳри Исфара бонувони ҳунарманд ранги сурхи баландро дар шакли қароқизил ном бурданд, ўзбекӣ буда, маънояш сурхи сиёҳнамо мебошад. Ҳамин рангро баъзе ҳунармандони ш. Норак қирмизӣ меноманд, ки он ҳам аз забонҳои туркӣ аст.

Ранги сабз низ дараҷаву тобишҳои зиёд дорад ва онро низ дар гуфтори ҳунармандон бо ифодаҳои аҷибу ҷолиб ба қайд гирифтем. Масалан, барои ифодаи ранги сабзи баланд калимаву ибораҳои сабзи серранг (Восеъ, Тоҷикобод), сабзи алафӣ (Ҳисор), зангор, носранг (Исфара), сабзи сияҳдуқ (Панҷ), сабзи сиёҳча (Қубодиён) истифода мешаванд. Сабзи пастро сабзи баргӣ (Норак), сабзи беранг (Восеъ, Тоҷикобод, Левакант, Деваштич), сабзи камранг (Панҷ) ва савзи лимонӣ (Восеъ, Левакант, Ҳисор) бирешими сабз (н. Носири Хусрав) меноманд. 

Дар шаҳри Хуҷанд баъзе ҳунармандон тобиши ранги сабзи моил ба кабудро зангор ном гузоштаанд, ки ба ранги занг овардани мис марбут мебошад. Дар ноҳияи Шаҳритўс ранги зарди тираро пистоқӣ ном мебаранд, ки он ба пўстлохи сахти писта монанд мебошад. Ба андешаи мо шакли дурусти ин калима бояд «пистагӣ» бошад, ки баъдан таҳриф шудааст.

Ба ин монанд ранги кабуду зард низ дараҷаҳои тобиш дошта, бо ёрии сифатҳои паст, баланд, серранг, беранг, камранг ифодаи забонӣ ёфтаанд. Чунончи  зарди банур ва бенур (Ашт), зарди беранг ва серранг (Панҷ) кабуди торик (Қубодиён) ва ғайра.

Бонувони гулдўзи деҳаи Тоҷирони ш. Левакант ранги зардро бо ибораи зарди доруи тавӣ (табиб) меноманд, ки хеле ҷолиб аст.  Инчунин  дар баъзе лаҳҷаҳо ранги зарди равшанро – испаракӣ (Норак, Левакант) меноманд, ки он номи растании “испараг” гирифта шудааст. Бинобар шарҳи «Фарҳанги забони тоҷикӣ» он «як навъ гиёҳи ёбоист, ки аз он ранги зард тайёр мекунанд» [12, с. 495]. Маълум мешавад, ки дар гузашта мардуми Хатлон аз гиёҳи испараг ранги зард ҳосил мекардаанд ва ин номвожа далели роиҷ будани ин анъана мебошад.

Дар Тоҷикобод занҳои деҳаи Сари Пули ҷ.д. Нушор зарди баландро – зарди офтобӣ,  зарди одиро – зарди гичак ва зарди пастро зарди шамъӣ номгузорӣ кардаанд, ки аз завқу биниши дақиқи онҳо шаҳодат медиҳад. Ҳамчунин дар Шаҳритўс ранги зарди банурро заррин меноманд. Ранги зарди паст инчунин дар гуфтори мардуми ноҳияи Панҷ бо номи зарди ҷаҳвар [ҷавҳар] ва зарди сафедхеста ба қайд гирифта шудааст.

Кабуди паст ё равшанро дар бисёр минтақаҳои ҷумҳурӣ кабуди осмонӣ меноманд, ки ташбеҳи маъмулӣ аст, аммо дар шаҳри Исфара онро ҳаворанг ва фирўза мегўянд, тасвири хеле зебову шоирона мебошад. Дар Шаҳритўс мардум ин рангро кабути нилобӣ ном ниҳодаанд. Барои кабуди баланд мардуми Исфара истилоҳи “тутакӣ”-ро ба кор мебаранд, маънои аслияш ошкор нашуд. Ранги кабуди баландро баъзе бонувони дар ноҳияи Панҷ ранги чирнил ва сиёҳдуқ меноманд.

Ранги норанҷӣ аз рангҳои маъруфу серистеъмол аст ва возеҳан номи он аз калимаи “норанг” – як навъ меваи ситрусии оташранг гирифта шудааст. Ҳатто дар забонҳои ҳиндуаврупоӣ низ аз ҳамин калимаи ҳиндии норанг гирифта, дар забони англисӣ – orange ва дар русӣ – оранжевый  ном мебаранд. Азбаски дар рўзгори тоҷикон меваи норанг дастрас набуд ва мардум онро намедонистанд, ба гунаи худ номгузорӣ кардаанд.

Ранги норанҷиро дар якчанд шаҳру ноҳияҳои кишвар зарди сурхча (Норак, Восеъ, Левакант, Қубодиён, Ғарм, Тоҷикобод) ё зарди сурхчатоб (Деваштич) меноманд, ки табиатан он дар спектри рангҳо ҳамин тавр дар байни рангҳои сурху зард ҷойгир шудааст. Сокинони деҳаи Меҳрободи ш. Левакант ин рангро андаке дигар – сурхи беранг номидаанд, ки низ ҳамон мафҳумро ифода мекунад.

Барои ифодаи норанҷӣ дар ноҳияҳои Ашт, Шаҳритўс ва ш. Исфара ибораи зарди гули каду, дар деҳаи Тоҷирони Левакант – мандаринӣ, дар н. Панҷ – зарди шамъӣ ба кор меравад. Возеҳан манзур аз зарди шамъӣ ранги шуълаи оташи шамъ аст, ки ранги норанҷӣ дорад. Номи мандаринӣ гузоштан ба ранги норанҷӣ, албатта, ноогоҳона аз калимаҳои англисии orange ва ё русии – оранжевый сохта шудааст ва ҳунармандони ин деҳаи кўҳистон ранги мазкурро ба пўсти меваи мандарин шабоҳат дода, номи онро сохтаанд. Лозим ба қайд аст, ки ҳунармандони шаҳрҳои калон ва қисман ноҳияҳо барои ифодаи ранги норанҷӣ калимаи русиро дар шакли аранжевий истифода мебаранд.

Ранги ҷигарӣ дар забони адабӣ бо ҳамин ном қабул шудааст ва дар бисёр минтақаҳои кишвар айнан ҳамин тавр ё бо андаке дигаргунӣ – ҷигарранг (Ашт), сурхи ҷигарӣ (Қубодиён, Лахш) номгузорӣ шудааст. Дар навоҳии ҷануби кишвар ин рангро – сурхи сияҳдуқ (Восеъ, Кўлоб, Панҷ), сиёҳдиқ (Левакант), сурхи сияҳлош (Панҷ) ва сиёҳхеста ё сурхи сиёҳхеста (Қубодиён, Тоҷикобод) меноманд. Ҳамаи ин ифодаҳо ишора ба ранги сурхи ба сиёҳ моил мебошанд, ки аз назари мардуми ҳунарманд дур намондааст.

Ранги гулобӣ низ хеле маъмул буда, дар гўйишҳои забони тоҷикӣ онро дар шаклҳои гулобак (Норак, Ғарм, Тоҷикобод, Лахш), гилобӣ (Тоҷикобод), гулоб (Панҷакент), пуштиранг (Ашт), шолпуштӣ (Исфара), ширчойӣ (Левакант, Ҳисор), сурхи ширчойиранг (Деваштич) ва ғайра ном мебаранд. Баъзе ҳунармандон дараҷаҳои онро низ муайян кардаанд. Чунончи дар ноҳияи Ашт мардум ранги гулобии баланд, яъне арғувониро  – пуштии банур ва гулобии равшанро пуштии бенур ном гузоштаанд. Дар Ҳисор онро пуштигулӣ мегўянд. Ҳунарманд Сайёҳат Ташбекова (д. Ҷиргатол, н. Лахш, с.т. 1982,) ҳангомаи мусоҳиба ишора намуд, ки гулобак, яъне гулобӣ се дараҷа дорад: баланд, паст ва равшан.

Ранги ҷигариро мардум ба ранги узви муҳимми бадан ­­­­– ҷигар ташбеҳ доданд ва он дар гуфторҳо ба гунаи ҷигарранг (Исфара, Ашт, Ҳисор), сурхи ҷигарӣ (Ғарм, Тоҷикобод), сурхи сиёҳдиқ, сияҳдуқ (Норак, Восеъ, Панҷ), сиёҳхеста (Қубодиён) ифода ёфтааст.

Ба ин наздик ранги бунафш дар соҳаҳои ҳунармандӣ ва, умуман дар рўзгори мардум мавқеъ дорад, ки онро низ бо калимаҳои гуногун ифода мекунанд. Онро дар якчанд навоҳии вилояти Суғд ­– ­­­сапсар (Ашт, Исфара, Деваштич) меноманд, ки роҷеъ ба этимологияи ин ном ҳанўз ягон андеша ба миён наомадааст. Дар водиҳои Ҳисору Рашт ва қисман вилоятҳои Суғду Хатлон барои ифодаи ин ранг вожаи нофармон истифода мешавад. Муаллифи «Ғиёс-ул-луғот» этимологияи калимаи нофармонро ба номи гуле рабт медиҳад, ки онро забонбақафо низ мегуфтаанд. «Гули нофармон, чаро ки дар паси гули мазкур чизе ба сурати забони гунҷишк дида мешавад. Ва ба ҳамин ҷиҳат онро нофармон гўянд, чаро ки шахсе, ки фармони султон қабул накунад, барои таъзибаш забони ў аз паси гардан берун мекашанд» [2, с. 388].

Дар баъзе навоҳи вилояти Хатлон ранги бунафшро бо номи ранги чирнил ё чирнилӣ (Восеъ, Левакант) ном мебаранд, ки возеҳан аз ранги қалам, ки дар замони Шўравӣ маъмул буд, гирифта шудааст. Ин рангро дар ноҳияҳои Айнӣ, Қубодиён, Панҷ лоҷувардӣ меноманд, ки яқинан ба санги лоҷвард рабт дорад. Дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” омадааст, ки “лоҷвард  сангест кабудранг, ки аз он нигини ангуштарин месозанд ва соида, хока карда, дар наққошӣ ва лавҳакориҳо ба кор мебаранд ... “[12, с. 608].

Ҳамчунин дар фарҳанги мазкур ранги лоҷвардӣ чунин шарҳ ёфтааст: “лоҷвардӣ – осмониранг, кабудранг". Аз ин шарҳ бармеояд, ки лоҷвардӣ аз ранги бунафш дида, ба кабуд моилтар будааст, зеро дар адабиёт низ ранги осмонро ба он ташбеҳ додаанд. Вале чанд ҳунарманди ноҳияи Панҷ онро кабуди моил ба бунафш мешуморанд, ки ба ҳақиқат наздиктар аст.

Ранги қаҳваӣ тобишҳои равшану торик дорад ва дараҷаи равшани онро, ки ба зард моил аст, дар забони адабӣ малла меноманд. Ин ранг дар гўйишҳо чунин ифода ёфтааст: малларанг (Исфара), маллагӣ (Норак), малаҳӣ (Левакант, н. Рўдакӣ).

Ранги қаҳваӣ дар гуфтори мардуми шаҳру шаҳракҳо бо калимаи русӣ каришниви (аз коречнивый) корбурд мешавад. Дар ноҳияҳои Тоҷикобод, Сангвор, Панҷ онро – бур, дар Деваштич – бурак меноманд.  Дар ҷамоати деҳоти Нушори ноҳияи Тоҷикобод ҳангоми мусоҳиба бо бонувон якчанд дараҷаву тобиши ин рангро ба қайд гирифтем, чунончи: бур – қаҳваӣ, бури сафедроғ – қаҳвагии паст, бури сиёҳроғ – қаҳвагии торик, бури равшан – хокистарранг, бури хокистарӣ – хокистарранг.

Инро ҳам қайд кардан лозим аст, ки ранги қаҳвагии торик дар баъзе ҷойҳо ба саргини гурба (Ашт, Ғарм, Ҳисор) монанд карда шудааст. Дар шаҳри Хуҷанд қаҳвагии торикро гўламоқ меноманд, ки онро ҳунармандон аз ҷўшонидани карки (пўсти сабзи) чормағз ҳосил мекунанд.

Чанде аз тобиши рангҳоро дар гуфтори мардум мушоҳида намудем, ки метавонанд, дар оянда аз ҷониби олимон таҳқиқ шаванд. Масалан, дар Самарқанду Хуҷанд ранги сафеди пастро ранги чирки дандон (ба русӣ – слоновая кость) меноманд. Онро ба забони адабӣ «ранги оҳари дандон» номидан мумкин аст.  Дар Исфара ранги сабзи равшанро мағзи писта мегўянд, ки дар Эрон ҳам ин истилоҳ маъруф аст. Дар ноҳияҳои Шаҳритўс, Носири Хусрав ва Қубодиён ҳунармандон бо ҷўшонидани пўстлохи анор ранги сиёҳчатоб ҳосил мекунанд, ки бо номи катоб маъруф мебошад.

Дар навоҳии Бадахшон номи рангҳо аз ҷиҳати баромад ба ду гурўҳ ҷудо мешаванд: (1) номҳое, ки аз забони тоҷикӣ-форсӣ ба гўйишҳои мардуми ин минтақа гузаштаанд; (2) номи рангҳое, ки худи мардум таърихан эҷод кардаанд. Ба гурўҳи дувум ному сифатҳои зиёди рангҳо дохиланд, зеро худи лаҳҷаву гўйишҳои мардуми шаҳру ноҳияҳои Бадахшон, вобаста ба маҳдудияти коммуникатсия дар гузашта, ба таври худ рушд кардаанд ва имрўзҳо дар лексикаи онҳо тафовутҳо мушоҳида мешавад. Ҳамин тариқ, дар Шуғнону Рўшон ранги зардро зирд (zīrd), сурхро – рушт (rūšt), дар Роштқалъа – рошт (rāšt) меноманд, ки мазмуни номи ин ноҳия низ “Қалъаи сурх” мебошад. Ранги сабзро дар Шуғнон – савз (sāvʒ), дар Рўшон – шарсоб (šarδōb) мегўянд [4, с. 39].

Бояд қайд намуд, ки эрониҳо барои ифодаи тобиши рангҳо калимаву истилоҳоти зиёде сохтаанд ва онҳо ба тафовут аз тоҷикон ранги сурхро қирмизӣ, кабудро обӣ, гулобиро суратӣ (мисли рўйи одам) меноманд.

Ҳамин тариқ, маълум мешавад, ки дар лаҳҷаву шеваҳои забони тоҷикӣ тобишҳои рангҳои асосӣ ба 2-3 дараҷа ё категорияҳо тақсим мешаванд. Чунончи баланд – паст – равшан; беранг – камранг – серранг; банур – бенур, равшан – торик. Барои ифодаи тобишҳои рангҳо мардум калимаву ибораҳои муносиб пайдо кардаанд, ки асосан аз мушоҳидаҳои табиати атроф хулоса шудаанд. Пажўҳиши мо маълум намуд, ки ҳунармандон бештар аз рангҳои сафед, сиёҳ, сурх, норанҷӣ, зард, сабз, кабуд, бунафш, ҷигарӣ, гулобӣ, қаҳваӣ ва тобишу дараҷаҳои онҳо истифода мебурдаанд.

Дар забони адабии тоҷикӣ на ҳамаи рангҳо ва тобишҳои онҳо ифодаи забонии худро доранд, аммо дар лаҳҷаю шеваҳои забони тоҷикӣ баъзе тобишҳои рангҳо инъикос шудаанд. Имрўзҳо донистани ном ва ифодаи рангҳо, пеш аз ҳама, барои наққошон, рассомон, бофандагону дўзандагон, қолинбофон, ҷуроббофон ва, махсусан, барои омўзгорон, донишҷўёни донишкадаву коллеҷҳо ва мактабҳои махсуси соҳаи санъату ҳунар зарур мебошад. Бинобар ин мо ҳам хостем, дар ин мақола чанде аз номҳои мардумии рангҳоро баррасӣ намоем. Аз байни ин номи рангҳо метавон баъзеяшонро интихоб намуда, дар корҳои илмӣ истифода бурд ва ҳатто барои ворид кардан ба захираи луғавии забони адабии тоҷикӣ ба Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод намуд.

Баъзе номи рангҳои тоҷикӣ, аз он ҷумла, фирўза, хокӣ, зумурадӣ ба забонҳои русию англисӣ ва дигар забонҳои ҷаҳон роҳ ёфтаанд. Мо низ бояд дар номгузории тобиши рангҳои аслӣ номҳои қадимиро эҳё намоем.

Имрўзҳо баъзе тарҷумонҳову рўзноманигорон ва ашхоси дигар дар навиштаҳои худ, барои ифодаи баъзе мафҳумҳо мустақилона калима месозанд, ки на ҳамеша онҳо қобили қабул мебошанд. Бояд ҳар кас аз худ калима насозад, балки ба луғатҳо, лаҳҷаву шеваҳои гуногуни  забони тоҷикӣ ва фарҳанги мардум муроҷиат шавад, зеро онҳо ганҷинаи пурғановати мазмуну маъниҳои асил мебошанд.

Раҳимӣ Д.

 

Адабиёт

 

  1. Айнӣ, С. Луғати нимтафсилии забонии адабии тоҷик: Куллиёт. – Душанбе: Ирфон, 1976. – Ҷ. 12. – 772 с.
  2. Ғиёсуддин, М. Ғиёс-ул-луғот / таҳияи матн бо пешгуфтор, мулҳақот, тавзеҳот ва феҳристи Амон Нуров. – Душанбе: Адиб, 1986. – Ҷ. 1. – 480 с.
  3. Дадабоева, М. Технологияи рангубори ресмонҳо ва намудҳои дўхт. – Хуҷанд: Авангард – принт АРТ, 2012. – 26 с.
  4. Зоолишоева, Ш.Ф. Символика цвета в шугнано-рушанской национальной одежде // Языки и этнография «Крыша мира». – СПб., 2005. – С. 38-45.
  5. Иброхимов, М.Ф., Раджабова, Д.К. Традиционные технологии приготовления красок и крашения в текстильном производстве таджиков // Вестник Таджикского технического университета. – 2012. – №18. – С. 114-117.
  6. Ивенс, Р. М. Введение в теорию цвета, пер. с англ. – М., 1964.
  7. Искандарова, М. Зебу зинати арўсони Ҳисор. – Душанбе, 2005. – 42 с.
  8. Миронова, Л. Н. Цветоведение. – Минск, 1984. – 286 с.
  9. Охониёзов, В. Мафҳум ва рамзи рангҳо дар назми классикии форсии тоҷикӣ. – Душанбе: Дониш, 2010. – 244 с.
  10. Раҳимов, Д., Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон / маълумоти мухтасари этнографӣ. – Душанбе: Адабиёти бачагона, 2014. – 152 с.
  11. Сухарева, О. А. Сузани: Среднеазиатская декоративная вышивка (Sukhareva O. A. Suzani: Central Asian Decorative Embroidery). – Ташкент: МИЦАИ, SMI-ASIA, 2013. –120 с. – Матн ба забони англисӣ.
  12. Фарҳанги забони тоҷикӣ. – М.: Сов.энциклопедия, 1969. – Ҷ. 1. – 952 с.
  13. Флоренский, П. А. Небесные знамения: размышления о символике цветов // Избранные труды по искусству. – СПб.: Мифрил-Русская книга, 1993. – С. 309-316.
  14. Яковлев, Б. Цвет в живописи // Художник.– 1961. – № 3. – С. 27-31.

Theme by PiTfi