published by admin on ср, 05/22/2019 - 16:35
Дар мақолаи мазкур ҳунарҳои дастии занона ва нақши технологияи инноватсионӣ дар рушд ва эҳёи онҳо сухан рафтааст. Ҳунармандон дар ҳама давру замон, хусусан дар замони муосир ба анъанаҳои қадимӣ тағйирот медароранд. Ин навоварию тағйирот бори дигар нишон медиҳад, ки касбу ҳунар бояд ҳамоҳанги замон бошад.
published by admin on вс, 04/21/2019 - 15:21
Дар ин мақола нақш ва мавқеи адабиёти давраи истиқлолият баррасӣ ва нақши он дар баланд бардоштани фарҳанги шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудааст. Муаллиф аз рўи тавон ба ҳусну қубҳи адабиёти ин давра баҳо дода, мавқеъ ва эътибори шоиру нависандагонро дар давраи ҷаҳонишавӣ муайян кардааст.
Калидвожаҳо: истиқлолият, фарҳанг, адабиёт, адибон, ҷаҳонишавӣ, технологияи иттилоотӣ,масъалаҳо, масъулият.
published by admin on вс, 04/21/2019 - 15:19
«Ҷаҳонкушои хоқон» ё «Таърихи шоҳ Исмоил» маҳсули қалами муаллифи номаълуми нимаи аввали асри XVI, аз минтақаи шимолу шарқии Эрон мебошад. Муаллиф худ шоҳиди бевоситаи ҳодисаҳои тасвирнамудааш аст, ки асари хешро дар миёни солҳои 948-955 ҳ.қ./ 1541 - 1548 иншо намудааст.
published by admin on сб, 03/16/2019 - 15:16
Дар ин мақола муносибатҳои байниҳамии Тоҷикистон бо мамолики араб мавриди инъикос қарор гирифтааст. Муаллиф бо баррасии ҷанбаҳои гуногуни ҳамкориҳои ин кишварҳо ба натиҷа мерасад, ки дар замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон муносибатҳо густариш ёфтанд, зеро яке аз самтҳои фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон барқарор ва густариши равобити иқтисодиву фарҳангӣ бо мамолики араб ба ҳисоб меравад.
published by admin on чт, 02/22/2018 - 16:34
Дар замони муосир бо шарофати Истиқлолияти кишвар таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан, сарвари давлат ба эҳё ва рушд кардани фарҳанги миллӣ, аз ҷумла ҳунарҳои мардумӣ беш аз пеш меафзояд. Ҳар як кишвар кўшиш менамояд, ки бо роҳу тадбирҳои мухталиф фарҳанги миллии хешро ҳифз намояд. Дар шароити имрўза рў овардан ба ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад.
Страницы