Вы здесь

Қоидаи чопи мақолаҳои илмӣ

 

Ба таваҷҷуҳи муаллифон

 

Дар маҷаллаи "Паёмномаи фарҳанг", асосан, мақолаҳои фарогирандаи таҳқиқотҳои илмӣ оид ба соҳаҳои фарҳанг, санъат, китобдорӣ, ахбори омма ва табъу нашр, ҳунарҳои мардумӣ ва ғайра, ки дар худ навгонӣ доранд, чоп карда мешаванд.

Ҳангоми ирсоли мақолаҳо муаллифон бояд қоидаҳои зеринро ҷиддан риоя намоянд:

1. Ҳаҷми мақола якҷоя бо расм, ҷадвал, диаграмма, графика ва матни анотатсия бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ набояд аз 10 саҳифаи чопи компютерӣ зиёд бошад;

2. Мақола бояд дар системаи Microsoft Word тайёр карда шавад. Дар баробари нусхаи чопии мақола бо файли зарурӣ, нусхаи электронии он низ пешниҳод карда мешавад. Дастнавис бояд дар компютер (тариқи Times New Roman Tj) бо риояи ҳарфҳои андозаи 14, формати А 4, фосилаи байни сатрҳо 1,5 см., ҳошияҳо: боло - 3 см., поён -2,5 см., чап - 3 см., рост- 2 см; дар як саҳифа 30 сатр ва дар як сатр 60 аломат ҳуруфчинӣ шуда бошад. Ҳамаи саҳифаҳо бояд рақамгузорӣ карда шаванд;

3. Ҷадвалҳои ба мақола алоқаманд, бояд дар матн бо рақамҳои лотинӣ зикр шаванд, номи ҷадвал баъд аз рақами гузошта оварда шавад;

4. Дар тарафи рости болои саҳифаи якуми мақола соҳаи илме, ки дар он мақола нашон дода мешавад, як сатр поён дар қисми чапи саҳифа ТДУ, дар сатри дигар насаб ва номи муаллиф бо зикри номи муассисаи пажӯҳишӣ ва ё таълимӣ, суроға e-mail ва рақами телефонҳо ва пас аз он дар маркази саҳифа унвони мақола ҷой дода мешавад. Баъд аз як фосила фишурдаи мақола бо забони асл ва калидвожаҳо, баъдан матни пурра, адабиёт ва пасон фишурдаҳо бо забонҳои русӣ (агар мақола русӣ бошад, ба забони тоҷикӣ) ва англисӣ бо калидвожаҳо (8-10 калима) оварда мешавад;

5. Руйхати адабиёт баъд аз матни мақола бо тартиби умумӣ зикр мешавад. Он бояд на камтар аз 6-8 номгуи адабиёти асосиро дар бар гирад. Қоидаи тартиб додани рӯйхати адабиёт дар шакли насабу номи муаллиф, унвони асар, маҳалли нашр, нашриёт, соли нашр, ҷилд ва ё шумора, теъдоди умумии саҳифаҳо ва ё саҳифаҳои мақола бояд риоя шавад. Иқтибосҳо дар матн бо ишораи қафсайни росткунща ба таври мисол [1] [1, 3] нишон дода шаванд. Пеш аз маҳалли нашр аломати нуқта тире (. -), байни маҳалли нашр ва нашриёт аломати баён (:), пеш аз соли нашр вергул (,) ва пеш аз саҳифаи умумӣ (. -) гузошта мешавад. Иқтибос аз корҳои интишорнаёфта иҷозат дода намешавад.

6. Мақолаҳои илмие, ки ба идораи нашрия ворид мешаванд, бояд хулосаи коршиносон ва ё тақризи мутахассисони соҳаро доир ба зарурати нашри он дошта бошанд;

7. Ҳайати таҳририя ҳуқуқ дорад, ки матни мақолаҳои илмиро таҳрир ва ихтисор кунад ва ё онро дар бойгонии худ нигоҳ дорад. Дар ҳолати ба муаллиф баргардонидани мақола барои такмил таърихи қабули он ва рузи пешниҳоди матни ниҳоии мақола муайян мегардад. Мақолаҳое, ки ба талаботи зикршуда мувофиқ нестанд, ҳайати таҳририя намепазирад;

8. Дар мавриди аз ҷониби ҳайати таҳририя ба муаллиф баргардонидани мақола, танҳо як нусхаи он дода шуда, нашрия зарур намедонад, ки доир ба сабабҳои баргардонидани он бо муаллиф баҳс намояд. Матни мақолаи фиристонидашуда бояд ислоҳи ниҳоӣ дошта, ҷиддан таҳия ва бо имзои муаллиф (-он) супорида шавад. Дар мақолаи муштарак бояд имзои ҳамаи муаллифон бошад.

Суроғаи мо: Душанбе, хиёбони Н. Қаробоев, 17 (ошёнаи 2), ПИТФИ, шуъбаи ахбори омма. Тел.: (+992 37) 233-84—58; email: murodi@mail.ru

Theme by PiTfi