Дар мақолаи мазкур ҳунарҳои дастии занона ва нақши технологияи инноватсионӣ дар рушд ва эҳёи онҳо сухан рафтааст. Ҳунармандон дар ҳама давру замон, хусусан дар замони муосир ба анъанаҳои қадимӣ тағйирот медароранд. Ин навоварию тағйирот бори дигар нишон медиҳад, ки касбу ҳунар бояд ҳамоҳанги замон бошад. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти ҳунармандон дар замони муосир ин истифодаи технологияи инноватсионӣ мебошад, ки натиҷаи тахайюли онҳоро тавассути техникаву технологияи замонавӣ инъикос менамояд. Солҳои охир истеҳсоли чунин маҳсулотҳо аз тарафи ҳунармандони ҷавон бештар ба мушоҳида расида, талабот нисбати онҳо зиёд гардидааст.
Дарёфти мақола: Истифодаи технологияи инноватсионӣ дар рушди ҳунарҳои дастии бонувон
Theme by PiTfi