Вы здесь

ЛЎХТАКҲО ДАР ФАРҲАНГИ СУННАТИИ ТОҶИКОН

Дар ин мақола анъанаҳои лухтаксозӣ ва лухтакбозиҳои халқи тоҷик баррасӣ карда шудааст. Лўхтак дар фарҳанги умумии тоҷикон, пеш аз ҳама, бо ҳаёти инсон мувофиқ кунонида мешавад. Лўхтак ҳамчун образи инсон дар маросимҳои дафн,  сур, урфу одатҳои тақвимӣ истифода мегардид ва ҳамчунин дар эътимодҳои мардум ва матнҳои фолклорӣ дида мешавад. Ҳамчунин муаллиф навъҳои анъанавии театрҳои лўхтаки тоҷикон – зочабозӣ ва чодархаёлро тавсиф намуда, зикр мекунад, ки ин анвои театр, асосан, байни сокинони шаҳрҳое чун Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Истрафвшан паҳн гардида буд.

Калидвожаҳо: фарҳанги суннатӣ, тоҷик, лўхтак, маросим, зочабозӣ, санъат, эътиқод.

Лўхтакҳо дар фарҳанги мардуми тоҷик, махсусан, дар байни кўдакон мавқеъ ва корбурди хос доранд. Дар назари аввал, чунин менамояд, ки лўхтакбозии хурдтаракон шуғле беш нест. Аммо агар бо такя ба иттилооти сарчашмаҳои таърихию этнографӣ ба лўхтакҳо таваҷҷуҳ ва мулоҳиза шавад, возеҳ мегардад, ки лўхтаку лўхтакбозӣ дар худ маълумоти зиёди таърихию асотирӣ, фарҳангию эътиқодӣ, тарбиявию ахлоқӣ ва иҷтимоиро нуҳуфта доранд.

Доир ба ин мавзўъ дар илми санъатшиносию мардумшиносӣ корҳои илмӣ камтар ба вуқуъ пайвастаанд. Аммо бояд заҳматҳои санъатшиноси маъруфи тоҷик Н.Нурҷонов ва этнографи рус Е. М. Пешереваро қайд намуд. Низом Нурҷонов дар монографияи «Театри суннатии тоҷикон» боби махсусеро ба санъати зочабозӣ ва дастаи мусиқинавозони он бахшидааст. Ў дар асоси маводи аз манотиқи гуногуни Тоҷикистон ва аз байни тоҷикони Ўзбекистон гирд овардааш роҷеъ ба театри халқии лўхтак, репертуари дастаҳои зочабозон ва мусиқинавозон, театри чодирхайёл ва мазмуни сюжети намоишҳо маълумоти мукаммал додааст.

Мардумшинос Елена Михайловна Пешерева бо такя ба маводи дар солҳои 1924-1935 гирдовардаи худ аз байни мардуми тоҷику ўзбек китоби «Бозичаҳо ва бозиҳои бачагонаи тоҷикону ўзбекон»-ро таълиф кардааст. Дар ин асар ў бозиҳо ва бозичаҳо, аз он ҷумла, лўхтакҳои сокинони Самарқанд, Тошканд, Ўротеппа (Истаравшан), саргаҳи дарёи Зарафшон, водии Қаротегин (Рашт), саргаҳи дарёи Ях-су, Ванҷ, Язғулом, Шуғнон ва Рўшонро аз нигоҳи мардумшиносӣ шарҳу тасвир намудааст.

Дар фарҳанги мардуми тоҷик лўхтакҳо навъҳои мухталиф дошта, дар контекстҳои гуногун мавриди корбурд қарор мегиранд. Анвои лўхтак, зоча, одамча, аъҷуба, хўса, ашаглон ва бозичаҳои дигар, қабл аз ҳама, ҷиҳати саргармӣ дар байни кўдакон, барои намоишҳои театри суннатии зочабозӣ ва чодирхаёл, корбурди лўхтакҳо дар маросимҳои мавсимӣ ва маишӣ-иҷтимоӣ истифода мешаванд.

Лўхтакҳои муқаррарӣ аз ҷониби модарону бибиён, апа ва янгаҳо барои духтаракон сохта мешаванд. Баъзан худи духтарон низ барои бозияшон лўхтакҳо месозанд. Тарзи сохтани он чунин аст: ду чўбчаи якеаш тақрибан 15-20 см ва дигарӣ – 8-10 см бударо гирифта, бо ришта ба шакли салиб мебанданд. Ду канори чўбчаи хурдӣ дар салиб дастҳои лўхтак ҳисоб мешавад. Сипас ба болои чўбчаи дарозтараш тугма, танга ё ягон чизи гирдро гузошта, бо риштаҳои ранга мепечонанд. Усули печонидан одӣ набуда, риштаҳо ба шакли салиб  баста мешавад ва дар натиҷа дар қисмати рўйи лўхтак якчанд ромби рангаи дарун ба дарун ба вуҷуд меояд. Дар баъзе ҷойҳо рўйи лўхтакҳоро аз сўфи сафед сохта, бо риштаи сиёҳ ба он чашму абрў, бинӣ ва бо риштаи сурх лабу даҳонашонро тасвир мекунанд. Ба лўхтак мувофиқ аз латтапораҳо куртаву пойҷомаву рўмол мебуранд ва мепўшонанд. Мўйи лўхтакро, одатан, аз риштаи сиёҳ, торҳои ёли асп ва пашми чорпоён тайёр мекунанд. Баъзан аз муҳраҳои муқаррарӣ шадда карда, ба гардани лўхтакҳо меовезанд.

Тавре ки Е.М. Пешерева қайд кардааст, “вобаста ба синну сол ва қисман шароити духтарак лўхтаки ў намуди содае дорад, ё баръакс лўхтакҳо чунон сохта ва либос пўшонида шудаанд, ки ҷузъиёти чеҳраи истиқоматкунандагони он маҳалро таҷассум намудаанд” [9, с. 46].

Лухтаки ҷинси мард низ аз ду чўби ба ҳам баста иборат буда, каллашро аз пораи матоъ месозанд. Гоҳе ба он аз латтапораи дарозтар салла сохта, мебанданд. Онҳо гардани дароз доранд, ки бо риштаҳои ранга печонида мешаванд. Дар чеҳраи лўхтакҳои мардина нақши салиб ё ромб хеле кам дида мешавад. Агар чунин нақшҳо бошанд ҳам, болои сари ў салла мебанданд, ё тоқӣ мегузоранд, то ки ҷинси мард будани ў намудор бошад. Инчунин қаду гардани ў дарозтар аз лўхтакҳои занона мешавад. Нишонаи фарқкунандаи дигаре, ки назар мерасад, аз матоъ ҷома бурида, ба лўхтакҳои мардина мепўшонанд ва камарашро бо латтапорае ҳамчун рўймоли миёнбанд мебанданд.

Лўхтакҳои нисбатан мураккаби бозингарро аз чўб, ресмон, матоъ месозанд, ки ду дасташ аз китф бо ресмон пайванд мебошад. Вақте ки лўхтакро ба даст гирифта, ресмонро кашанд, дастҳои он болову поён шуда, ба рақс медарояд.

Лўхтакҳои дастсозе, ки имрўз дар фурўшгоҳу бозорҳо мебинем ва он лўхтакҳое, ки то ба имрўз дар деҳаҳои ҷумҳурӣ месозанд, асосан, дар ду шакл сохта мешаванд. Якум лўхтакҳои дар рўяшон бо риштаҳо салиб ё ромб нақшёфта ва дувум, лўхтакҳои чашму абрў ва даҳону биниашон бо ришта ё қалам тасвиршуда мебошанд, ки ин падидаи начандон қадим аст. Дар асрҳои гузашта тасвир кардани рўйи инсон дар расму нақшҳо ва тандисҳо вобаста ба бовару эътиқод маъмул набуд. Махсусан, дар байни мардум ақидае роиҷ буд, ки худованд инсонро офаридааст ва ҷон додааст. Агар расми инсон ё пайкарчаи онро касе тасвир намояд ё созад, гўё, дар он дунё аз ў талаб мекардаанд, ки ҷонатро ба он расм деҳ. Ин ақида то ба имрўз омада расидааст ва ҳоло ҳам аз забони баъзеҳо шунидан мумкин аст. Аз ин ҷиҳат лўхтакҳои қадимӣ бидуни чеҳра буданд, дар рўйи онҳо бо риштаҳои ранга тасвири салиб ва ромбро нақш мекарданд.

Тавре ки ҳунарманди лўхтаксоз Н. Волошина қайд кардааст, дар рўйи лўхтакҳои тоҷикӣ  нақши салиб ва ромб маъноҳои асотирӣ ва эътиқодиро нуҳуфта карданд. Нақши салиб, ки дар мисоли лўхтакҳо аз пайвасти ду хатти ришта, ё ду чўби асосии бадани лўхтак ҳосил мешавад, ифодакунандаи пайвандӣ ва устувории марду зан, яъне асоси оила мебошад. Чўби дарози амудӣ тимсоли мард асту чўби кўтоҳи уфуқӣ – зан. Нақши ромбе, ки дар чеҳраи лўхтакҳо дида мешавад, рамзи зан будани он лўхтакро таҷассум мекунад. Барои ҳамин чунин ромбро, асосан, дар чеҳраи лўхтаки рўймолдор, арўсакҳо ва духтаракҳо тасвир мекунанд [1].

Лўхтакҳо дар гузашта якчанд вазифаро вобаста ба контексти иҷтимоӣ иҷро мекарданд. Дар баробари ин ки онҳо василаи саргармию бозии кўдакон буданд, вазифаҳои эътиқодиро низ доштаанд. Яке аз функсияҳои муҳимме, ки онҳо дар гузашта доштанд, ҳамчун ашёи нигаҳбон будани онҳо буд. Лўхтакро дар хонаҳо барои чашм нарасидан, барои нигаҳ доштан аз сеҳру ҷоду ва зиёни махлуқони фавқуттабиӣ мегузоштанд. Чашми бад ё сеҳре, ки ба аҳли хонавода равона мешуд, лўхтак ба худ мегирифт.

Шакли дигари лўхтакҳои дифоъкор аз гил сохта мешавад, ки онро аъҷуба низ меноманд. Аъҷуба дар луғатномаҳо дар шакли “уъҷуба” ба маънои чизе тааҷҷубовар, шигифтангез омадааст[2]. Аъҷубасозӣ як бахши ҳунари кулолӣ аст, ки ба сохтани бозичаҳои гилӣ ва сафолӣ марбут аст. Устоҳои аъҷубасоз аз гил аъҷубаҳои гуногун ба сурати аждаҳо, махлуқоти тахайюлии тарсангез, пайкарчаҳои ҷонварон, ҳуштак ва ғайра сохта дар ҷойи соя хушк мекунанд. Сипас дар танўри махсуси аъҷубапазӣ бозичаҳоро дар оташи паст дар давоми як шабонарўз мепазанд. Фардояш бозичаҳоро аз танўр берун оварда, сир медавониданд ва рангубору ороиш медоданд.

Тибқи маълумоти устои аъҷубасоз Эргашбой Ғафуров ва баъзе сокинони Истаравшан, аъҷубаро аз қадим дар хонаҳо мегузоштанд, ки ҳар гуна махлуқҳои зиёнрасон таъсир расонида натавонанд. Инчунин касе, ки бо нияти нопок ва чашми бад ба он хона ворид шавад, чашмаш ба аъҷубаи ваҳмангез бархўрда, бетаъсир мешудааст. Яъне аъҷуба чашми бадро мебурад ва сеҳру ҷодуро мегардонидааст. Воқеан, чеҳра ва бадани аъҷубаҳо ба ягон ҷонвар монанд набуда, вобаста ба тахайюли эҷодии усто шакли тарсовар мегирад. Он аслан бозичаи дасти бачаҳо нест. Чуноне ки Абдураҳмони Ҷомӣ ишора кардааст:

Зи ҷид гарчи ҳазор уъҷуба созӣ,
Нахандад табъи кўдак ҷуз ба бозӣ.

Яъне ба ҷидду ҷаҳд аъҷубае, ки созӣ, боиси хандаи кўдак намешавад, зеро чеҳраи аъҷуба ваҳмангез мебошад. Кўдак бештар ба бозӣ завқу майл дорад, на ба аъҷуба.

Лўхтак ба ҳайси намоди инсон аз даврони бостон дар маросимҳои мавсимию маишӣ ва ҷодуӣ мавқеи муҳим дошт. Он натанҳо дорои вазифаи дифоӣ буд, инчунин барои таъсир расонидан ба шахси дигар, бо мақсади талаби борон, даъвати хуршеду гармӣ ва баракату борварӣ низ истифода мешуд. Е.Пешерева қайд намудааст, ки “лўхтак дар байни тоҷикони кўҳистон рамзи борварӣ ва зоиш ба шумор мерафт, бино бар ин занҳои калонсол низ ба он таваҷҷуҳ доштанд. Дар водии Яхсу ҷавондухтарони арўсшуда ҳатман лўхтакҳояшонро бо хонаи домод мебурданд. Наварўс бо лўхтакҳояш бозӣ накунад ҳам, онҳоро намепартофт, балки дар сандуқ пинҳон карда, ба духтари нахустинаш медод”[9, с.46].

Лўхтак дар контексти расму ойинҳои ҷашни арўсии тоҷикон ҳамчун намоди тифл ва  рамзи фарзанддор шуданро ифода мекунад. Дар солҳои 1970-1980 дар маросими арўсбарон дар пеши мошини махсуси арўсу домод насб кардани лўхтаки пластмасӣ одат шуда буд. Чунин расм аз фарҳанги мардуми Аврупо тавассути русҳо ба ҷашни арўсии тоҷикон роҳ ёфта буд, ки рамзу маънии фарзанддор шуданро ифода мекард

Дар баробари ин амал метавон ба суннати дигаре ишора кард, ки айнан ҳамин маънии фарҳангиро фаро мегирад. Вақте ки арўсро бори аввал зери чодари арўсии хонаи домод ворид карданд ва дар паҳлўи домод гузоштанд, ба дасти арўс тифлеро, маъмулан, писарчаеро медиҳанд. Чунин рафтор бо орзуву умеди сарсабзу фарзанддор шудани ҷуфти навоила сурат мегирад. Дар маросими занонаи рўйбинон низ бо мақсади соҳиби фарзанд шудани арўсу домод бори нахуст бонуи серфарзанди якникоҳае кўдакеро дар даст гирифта, бо шохчаи тари ягон дарахти мевадор тўри арўсро боло мекунад. Сипас занҳои дигар бо арўс ошноӣ карда, ба ў ҳадяе медиҳанд.

Имрўзҳо гарчанде одати лўхтакгузорӣ дар пеши мошини арўсӣ дар фарҳанги мардуми тоҷик аз байн рафтааст, аммо расмҳои ба дасти арўс додани тифл  ва тавассути кўдак тўрбардорӣ аз сари арўс ҳанўз ҳам идома доранд.

Лўхтак дар контексти маросими дафн низ ба ҳайси намоди инсон мавриди истифода будааст. Назар ба иттилооти мардумшиноси тоҷик А. Мардонова дар деҳоти ноҳияи Файзобод, вақте ки аз як хонавода ду-се шахс дар муддати наздик вафот мекарданд, мардум барои он, ки дигар мурда нашавад, аз чўб як лўхтак сохта ҳамроҳи мурда дар тобут мехобониданд ва мегуфтанд, ки “Ҳамроҳат ҳамин, дигар касеро аз қафоят набар”   [5, с. 226].

М. С. Андреев дар байни тоҷикони водии Хуфи Тоҷикистон ба воситаи лўхтак табобат кардани беморро мушоҳида кардааст. Тибқи навиштаи ў, “аз ду чўб ба таври салиб лўхтаке сохта, онро латтапеч мекарданд. Сипас ин лўхтакро ягон хеши наздики шахси бемор се маротиба дар гирди сару синаи бемор давр занонида, зери лаб дуоеро мехонд. Субҳи рўзи дигар он шахс лўхтакро бурда, дар зери оби ҷўйи равон чунон мегузошт, ки чашми касе ба он наафтад ва худаш бо роҳи дигар ба хона меомад”[2, с. 75].

Маросимҳои талаби борон, одатан, бо истифода аз лўхтакҳои нисбатан калон, ки қадашон тақрибан 1-1,5 метр буд, дар айёме, ки ҳаво хушк меомад ва борон намеборид, занҳо онро ба таври гурўҳӣ иҷро мекарданд. Расму ойинҳои боронхоҳӣ дар замонҳои хеле қадим вобаста ба тасаввуроти анимистӣ (рўҳпарастӣ) ва фетишизм (ашёпарастӣ) ба вуҷуд омадаанд. Дар вилояти Хатлон ва водии Рашт маросими боронталабиро ашаглон меноманд. Занҳо лўхтак ё хўсаеро ба даст гирифта, хона ба хона мегаштанд. Аз хонаҳо соҳибхоназанҳо бо косаю дўлча об оварда, ба сари лўхтак рехта, онро тару сероб менамуданд. Дар айни иҷрои ин амалҳо онҳо таронаи ашаглонро хонда, аз осмон талаби борон мекарданд. Дар водиҳои Ҳисору Зарафшон ва минтақаи Хуҷанд ин маросимро сустхотун ё сўзхотун меномиданд. Дар Самарқанд ба ин монанд ойини боронхоҳие роиҷ буд, ки он ялконхотун ном дошт.  Дар Ҳисор онро бо истилоҳи чиллахотун низ ном мебурданд. Аз ҳамаи ин номгузориҳо маълум мешавад, ки ойини мазкур ба хотунҳо ё занҳо марбут будааст. Ба ин далел, ки онро занҳо иҷро мекунанд ва лўхтаки намодини онҳо низ аз ҷинси зан аст, тахмин кардан мумкин аст, ки  дар аҳди бостон дархости борон аз эзадбонуи обу борон – Аноҳита ба амал меомадааст.

М. С. Андреев ва А. А. Половтсов тақрибан сад сол қабл аз мардуми ноҳияҳои Ишкошим ва Вахони Тоҷикистон одати аз ҷорўб сохтани лўхтакро дар сари хирмани ғалла ба қайд гирифтаанд. Вақте ки ғалларо аз хирман ҷамъ карда мешуданд, соҳиби ғалла ҷорўберо, ки бо он хирманро рўфтааст, гирифта, бамиёнаи дастаи он чўберо салибвор баста, лўхтаке месохт. Шохҳои ҷорўб сари лўхтак ва дасти он пойи лўхтакро тасвир мекарданд. Сипас ҷомаи худро чаппа карда, яъне астарашро берун намуда, ба лўхтак мепўшонид ва онро ба пушташ бардошта, роҳи хонаро пеш мегирифт ва дар роҳ аз касе шарм намекард. Ин лўхтак кампирак ном дошт. Ҳангоми ба хона расидан кадбону ба пушти лўхтак каме орд мепошид, ки он рамзи эҳтиром ва ифтихор буд. Онро ба ҷойи махсусе менишонданд. Деҳқон мегуфт: “барои кампир хўроке омода кунед, ки дандонгузар бошад. Ў дар хирман хеле кор карда, хаста шудааст.  Ҳамин тавр, бо лўхтак шўхиҳо карда, пас аз хўроки нимрўзӣ ҷомаро аз тани лўхтак гирифта, ҷорўбро боз мекарданд ва истифодаи муқаррарӣ медоданд [1, с. 24-25].

Чунин одати шўхиомез дар байни тоҷикони водии Хуф низ маъмул буд, дар роҳ бачагон аз паси ин марди лўхтакдор бо шодию ханда равона мешуданд [2, с. 87]. Дар ин лаҳзаи театрикунонидашуда лўхтаки “кампир” ифодакунандаи рамзи баракату фаровонӣ буда, тахмин кардан мумкин аст, ки дар замони қадим он намоде аз олиҳаи баракатбахш ба шумор мерафтааст.

Лўхтакҳо дар гузашта инчунин дар анъанаҳои халқии зочабозӣ, хўсабозӣ ва театри чодирхаёл васеъ истифода мешуданд. Зочабозӣ яке аз намудҳои театри суннатии халқи тоҷик буда, аз давраҳои қадим дар байни мардуми Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Истаравшан, Ғончӣ, Панҷакент, Ҳисор ва ғайра маъмул буд. Ин намуди санъати халқиро дар байни мардум бо ишора ба дастаи навозандагони онҳо «сурнайчиҳо» ва «нағорачиҳо" низ мегуфтанд. Зочабозӣ  се навъ дошт: чодирхаёл, чодири дастӣ ва зочаи дастӣ. Дар ҳар кадом дастаи хурди зочабозон ҳадди ақал ду нафар ҳунарманд нақш меофариданд. Яке худи зочабоз буд, ки дар паси парда нишаста, бо дастонаш лўхтакҳоро ба бозӣ медаровард ва ба ҷойи онҳо сухан мегуфт. Ҳунарманди дуюм дойранавоз буда, баъзан бо лўхтакҳо гуфтугў мекард, гоҳе ба тамошокунандагон мазмун ва мавзўъро мефаҳмонд, барномаи бозиро роҳбарӣ мекард. Санъаткори дуюмро «корфармон» низ меномиданд. Дар баъзе дастаҳои зочабозон нақоранавоз ё сурнайнавозҳо низ иштирок мекарданд. Ба ғайр аз ин ба дастаҳои зочабозон масхарабоз, шербоз, аспакбоз ва ғайра ҳамроҳ мешуданд.

Навъи чодирхаёл намоиши васеътар дошт, дар он 3-4 нафар нақш иҷро мекарданд ва саҳнаву пардаи онҳо калонтар буд. Дар саҳначаи пардадор (баландиаш 60-65  вабараш 180 см) зочаҳои калонро ба воситаи ресмонҳои ба сару миён ва дасту пояшон басташуда ба ҳаракат медароварданд. Пардаи қафои саҳна аз матои сиёҳ сохта мешуд, зеро ресмонҳо дар пасманзари сиёҳ ба назари тамошогарон наменамуданд. Пардаи пеши саҳна аз матои гуногун, масалан, дар Самарқанд аз атлас, таҳия мешуд.

Персонажҳои ин навъи театр зочаҳо-лўхтакҳои рангоранги дар шаклҳои одам, ҷонварон ва баъзе махлуқҳо сохташудае буданд, ки санъаткорон ҳангоми ба ҳаракат овардани онҳо ба забони онҳо сухан мегуфтанд. Шумораи зочаҳо – персонажҳо хеле зиёд буданд. Чунончи, дар Самарқанду Бухоро то ба 200 адад мерасиданд. Дар байни онҳо зочаҳои сарбоз, раққос, усто, боғбон, танбал, бангӣ, бадмаст, хирсу хар ва ғайра алоҳида мавҷуд буданд. Зочаҳо аз лўхтакҳои дастӣ хеле фарқ мекарданд. Қади зочаҳо тақрибан ним метр буда,  каллаву тан ва дастҳои онҳо аз чўб сохта мешуданд. Дар танашон аз матоъҳои ранга либос доштанд.  Чеҳраву андоми ҳар яки онҳо вобаста ба нақши доштаашон рангу бор мешуд ва хусусиятҳои образро дар худ таҷассум менамуд. Масалан, чеҳраи зочаи бо номи «Бадмаст» тираву ифлос бо чашмони хуморолуд ва сари хамшудаи латтапеч тасвир шуда, дар дасташ шишаи май баста шуда буд [7, с. 509].

Дар Бухоро намоиши чодирхаёл дар ҷашни арўсӣ шабона дар болои бом барпо мешуд. Дар атрофи чодир шамъу чароғҳо гузошта саҳнаро равшан менамуданд. Тамошогарон дар замин ё дар болои суфа нишаста тамошо мекарданд. Аз машҳуртарин намоишҳои чодирхаёл «Саркардаҳо» ва «Подшоҳу вазир» буданд, ки дар солҳои 20-уми асри гузашта бо бисёр намоишҳои дигар аз байн рафтаанд.

Дар Хуҷанду Самарқанд дар сайрҳои наврўзӣ зочабозон ҷойи муайянеро дар роҳгузари серодам интихоб карда, хайма мезаданд. Даруни хайма барои нишастани тамошогарон харакҳо сохта, намоишҳоро пулакӣ ба роҳмонда буданд. Намоиш 30-40 дақиқа давом мекард. Агар мухлисон зиёд бошанд, санъаткорон то даҳ-дувоздаҳ маротиба як намоишро иҷро мекарданд. Баъд аз ҳар навбати намоиш ҳунармандон карнаю сурнай ва нақора навохта, мардумро ба тамошо тарғиб ва  даъват менамуданд.

Дар намуди дигари зочабозӣ – чодири дастӣ санъаткор дузону нишаста, домани васеъи либоси махсусашро ба сар кашида, бо ду даст ду зочаро дар аз паси доман бозӣ медоронд. Ҳайати санъаткорони ин навъи зочабозӣ аз 3-4 нафар, дар Бухоро то 6-7 нафар иборат буданд. Ба гурўҳи санъаткорон зочабоз, сурнайчӣ ё меҳтарнавоз, дойирадаст, нақорачӣ, қайроқбоз ва баъзан масхарабоз дохил мешуданд. Дар Хуҷанд табақбоз – раққосе, ки ҳар гунна нағмаву найрангҳо мекард, косаву пиёларо дар сари чўб тоб медод, ба ҳайати зочабозон ҳамроҳ мегашт. Ин навъи зочабозӣ ба муносибати таваллуди кўдак, ҷашну маросимҳои оилавӣ, хатнасур, гоҳҳо дар майдончаҳои бозорҳо, лаби ҳавз, баъзан дар боғ ва монанди инҳо намоиш дода мешуд.

Навъи дигари зочабозӣ зочаи бечодир буд, ки зочабоз дар болои суфа ё кат рўболо хобида, ҷомаро аз болояш кашида, зочаҳоро аз даруни остин ба ҳаракат меовард. Зочаи бечодир, асосан, дар Бухоро ва ноҳияи Ғиждувон маъмул  буд. Зочаҳо хурд буда, ба панҷаи зочабоз мувофиқ сохта шуда буданд. Зочабоз ангушти миёнаи худро ба ҷойи калла ва ангуштони якуму чорумро ба ҷойи дастон ба кор мебурд. Банди дасти зочабоз бо либоси зоча пўшида мешуд. Санъаткор ангуштонро ҷумбонида, зочаро ба ҳаракат меовард ва бо овозҳои гуногун нақш иҷро мекард. Ин намуди зочабозӣ бештар дар ҳавлиҳо, дар болои суфаҳо баргузор мешуд [7, с. 509].

Ба репертуари зочабозон намоишҳои «Полвонкачал», «Офтобхону Моҳтобхон», «Бекниёз», «Бойбангӣ» ва ғайра шомил буданд. Тавассути намоишҳо одамони ситампеша, фиребгар, ришватхўр, танбалу коргурез ва мардумозор ҳаҷву масхара мешуданд.

Имрўзҳо ҳам театри зочабозон идома дорад. Дар шаҳри Душанбе ва шаҳрҳои дигари ҷумҳуриамон театрҳои лўхтак фаъолият мекунанд, ки барои кўдакону наврасон барномаҳои рангину ҷолиб пешниҳод менамоянд.

Аз  ин баррасии иҷмолӣ ба чунин натиҷа мерасем, ки лўхтак яке аз намунаҳои фарҳанги суннатии тоҷикон ба шумор рафта, дар контекстҳои гуногун коркард ва рамзу маъниҳои гуногунро ифода мекунад. Чунончи, лўхтак ҳамчун асбоби бозӣ, лўхтакҳои мутаҳаррик, ки дасту по ва сарашонро меҷунбонанд, лўхтакҳои театрӣ ва зочаҳо, лўхтакҳои маросимӣ, аъҷўбаҳо, хўсаҳо ва ғайра.

Лўхтакҳои анъанавӣ, ки дар гузашта вазифаҳои муайянро иҷро мекарданд, дар шароити имрўза суннатҳои пештара ва корбурдҳои иҷтимоию фарҳангии худро аз даст дода, ба ҳайси як василаи бозӣ ва армуғон табдил ёфтаанд. Инчунин имрўзҳо ҳунармандон бо мақсади тиҷорат ва ҷалби сайёҳон лўхтак месозанд ва онҳоро хеле зебо офарида, бо либосҳои рангоранг оро медиҳанд, вале на ҳамаи онҳо аз тасвирҳои анъанавӣ бархўрдоранд.

Адабиёт

  1. Андреев М.С., Половцов А.А. Материалы по этнографии иранских племен Средней Азии (Ишкашим и Вахан). - Санкт-Петербург: Типография Императорской Академии наук, 1911.
  2. Андреев М.С. Таджики долины Хуф. Вып. II. – Сталинабад: Издательство Академии наук Таджикской ССР, 1958.
  3. Карелина А.  Страна грез Натальи Волошиной (Интервью с Н. Волошиной) // Вечерный Бишкек, 2014.- 29 августа.
  4. Миллер Е.А. Обереги предков. – Москва: РОСТ-книга, 2000.
  5. Мардонова А. Некоторые пережиточные суеверия и запреты, связанные с похоронной обрядностью таджиков Файзабада // Материалы по истории и истории культуры Таджикистана.- Душанбе, 1981.- С. 226-238.
  6. Муродов О. Дар пардаи сеҳру ҷоду. - Душанбе: Ирфон, 1990.
  7. Нурджанов Н. Традиционный театр таджиков. Т.2., Душанбе, 2002.
  8. Нурҷонов Н. Зочабозӣ // Энциклопедияи советии тоҷик. Ҷ. 2., -Душанбе, 1980.
  9. Пещерева Е.М. Игрушки и детские игры у таджиков и узбеков (по материалам 1924-1935). СМАЭ. т. XVII.- Москва –Ленинград, 1957.

Д. К. Рахимов

КУКЛА В ТРАДИЦОННОЙ КУЛЬТУРЕ ТАДЖИКОВ

В данной статье освещается история использования традиционных кукол и творчество исполнителей кукольников таджикского народа. В контексте общей культуры таджиков кукла ассоциируется, прежде всего, с человеческой жизнью. Кукла как образ человека используется в погребальных ритуалах, календарных и свадебных обрядах, а также часто встречается в народных поверьях и фольклорных текстах.  Далее автор описывает традиционные виды кукольного театра таджиков, так называемыезочабозии чодирхайёл. Кукольный театр зочабози и чодирхайёл были распространены в основном среди городского населения  Бухары, Самарканда, Худжанда, Ура-тюбе и др.

Ключевые слова: традиционная культура, таджики, кукла, обряд, кукольный театр, искусство, поверья.

D. K. Rahimov

DOLLS IN THE TRADITIONAL CULTURE OF TAJIKS

This article discusses the traditional dolls and puppets of the Tajik people. In the context of the general culture of Tajiks doll is associated primarily with human life. Doll as an image of a person is used in burial rituals, seasonal and wedding celebrations, as well as it is connected with folk beliefs. Author describes the traditional puppet theater of Tajiks, which is so-called zochabozi and chodirhayol. Puppetry zochabozi and chodirhayol were distributed mainly among the urban population, such as Bukhara, Samarkand, Khujand, Ura-Tube, and so on.

Keywords: Tajik, traditional culture, doll, ritual, puppet theater, arts, beliefs.

Читать другие статьи номера   http://pitfi.tj/sites/default/files/payomnomai_farhang/payomnoma_2016_no_1_33.pdf


[1] Ин мазмун аз суњбати худи Н.Волошина бо муаллифи ин маќола гирифта шуд.

[2]Муњаммади Ѓиёсуддин.Ѓиёс-ул-луѓот. Муаллифи пешгуфтор ва тањиягар А.Нуров. Љ.1. – Душанбе: Адиб, 1988. –С.74.

Theme by PiTfi