Вы здесь

Хусусиятҳои миллии ҳунари зардўзии тоҷикон

Дар мақола оид ба заминаҳои пайдоиш, рушду такомул ва ҷанбаҳои фарҳангиву миллии ҳунари зардўзии тоҷикон маълумот дода шудааст. Ҳангоми таҳқиқот муайян гардид, ки зардўзӣ ҳунари қадима буда, дар асоси санъати гулдўзӣ ба вуҷуд омадааст. Барои асоснок намудани баррасии мавзўъ мо ба таҳқиқотҳои марбут ба ҳунари зардўзӣ, ки дар асри гузашта

ва солҳои аввали истиқлолият баанҷом расидаанд, такя намудем. Мақсади асосии баррасии ин мавзўъ дар он дониста мешавад, ки дар шароити имрўз барои тараққӣ ёфтани ҳунари зардўзӣ ва паҳлуҳои гуногуни он дар кишвар имконият ва шароитҳои мувофиқ фароҳам оварда шудааст. Маҳз анъана, урфу одат ва русуми аҷдодии тоҷикон буд, ки ҳунари зардўзӣ аз давраҳои қадим то ба имрўз омада расидааст. Дар ин асно маводҳои лозимаро ҷамъ оварда, чанд паҳлуи мавзўи фавқро мавриди таҳлил қарор додем.

Калидвожаҳо: фарҳанг, тоҷикон, ҳунар, санъати зардўзӣ, ҳунармандон, ҷашну маросим, бонувон, замони муосир.

Аз давраҳои қадим касбу пешаҳои халқӣ бо ҳаёт, анъана ва урфу одатҳои мардум робитаи зич дошт. Он як рукни фарҳанги миллии мардуми тоҷик буда, дар ҳаёти эшон нақши муҳим мебозад. Дар қатори қавму миллатҳои дигар тоҷикон ҳам нисбат ба ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Мардуми тоҷик аз замонҳои пеш ҳамчун соҳиби фарҳангу тамаддуни бою рангин мақоми хоссаро касб кардаанд, ки намунаҳои мухталифи касбу ҳунарҳои халқӣ бахше аз фарҳанги маънавии онҳост. Касбу пешаҳои гуногуни мардуми тоҷик бо тарзу услуб, қолаб, анъана ва сифати махсуси худ фарқ мекард. Ҳунармандони боистеъдод бо тарзу усулҳои бадеӣ, анъанот ва офаридани нафосату нозукиҳо ҳунарашонро ҳифз намуда ба шогирдон ва наслҳои оянда интиқол медоданд. Муҳит, мавқеи ҷойгиршавӣ, урфу одат ва анъанаҳои хоси бисёрасра боис гардидаанд, ки ҳунару ҳунармандӣ дар миқёси Тоҷикистон рушду такомул ёбад.

Зардўзӣ аз ҷумлаи ҳунарҳои халқӣ ва як навъи санъати ороиши матоъ аст, ки дар заминаи ҳунари гулдўзӣ ба вуҷуд омадааст. Асосан, ҳунарҳои гулдўзиву зардўзӣ қариб як чиз мебошанд ва тафовути онҳо танҳо дар тасвири нақш ва истифодаи ашёи хом аст. Чуноне ки гулдўзиро дар матоъ қаламкаш тасвир мекунад, дар зардўзӣ бошад, гулбур баъди дар қоѓаз нақшро тасвир намудан, бо қайчӣ қолаби онро бурида ба матоъ насб мекунад ва зардўз онро зардўзӣ мекунад. Фарқи дигараш дар он аст, ки дар гулдўзӣ риштаҳои рангаи абрешимӣ истифода мегардад, дар зардўзӣ риштаи нуқрагину заррин – бо рангҳои сафеду зард, инчунин бо муҳраву пулакчаҳо ба кор бурда мешавад. Тавассути ин пешаи қадимӣ зардўзони зиёде намудҳои гуногуни сару либос ва ѓайраро гулдўзӣ мекунанд.

Вобаста ба ҳунари зардўзӣ баъзе нуктаҳоро муҳаққиқону донишмандон қаблан қайд кардаанд. Мутобиқи маълумоти иддае аз мардумшиносони дохиливу хориҷӣ пешаи мазкур аз зумраи ҳунарҳои паҳншудатарин миёни мардуми тоҷик ба шумор рафта, барои зебу зинат додани ашёи рўзгор, сарулибос ва ѓайра корбаст мешавад. Масалан дар ин бора муҳаққиқи рус О. А. Сухарева чунин навиштааст: “зардўзӣ ҳунарест, ки тавассути он ашёи рўзгори бойҳоро ороиш медоданд. Аз сарулибос ҷомаи мардона ва ҷомаи занона – калтача, куртаи занона, тоқӣ, кулоҳ, камарбанди мардона, мўзаи дарбориён ва кафши занона бештар густариш ёфтааст” [13, с. 117].

Дар аксари фарҳангҳо зардўзиро ҳамчун ҳунари қадимиву анъанавӣ медонанд: “Зардўзӣ як соҳаи ҳунармандист, ки тавассути риштаҳои зари сафеду зард дар рўйи матоъ нақшҳои гуногун дўхта мешавад. Чунин тарзи дўхт бо нафосату шукўҳу бадеии худ фарқ мекунад. Асосан, дар рўйи махмал ва шоҳӣ зардўзӣ мекунанд. Барои зардўзӣ чи қадар матоъ ѓафсу мустаҳкам бошад, ҳамон қадар сифати маҳсулот босифат меояд.

Дар гузаштаи дур зардўзӣ дар рўйи чарм, карбос ва пашм низ маъмул будааст” [16, с. 390].

Албатта, дар самти пажўҳиш хидмати олимони хориҷию ватанӣ ҳам хеле калон аст. Онҳо дар омўхтани таърихи пайдоиш ва марҳилаҳои инкишофи ҳунари зардўзӣ дар қаламрави кишвар хидматҳои намоён кардаанд. Ақидаҳои аввалин оиди зардўзӣ ба давраҳои Рими қадим тааллуқ дошта, ин нуқтаро Лариса Левтеева низ дар пажўҳишҳои хеш ишора кардааст: “Он вақтҳо гулдўзӣ кардан бо риштаи зар мўди фавқулода буд. Дар аввали асри 17 дар таркиби риштаи зар фулузоти сунъӣ ворид карда шуд ва тадриҷан риштаҳои заррину нуқрагин ҷои зартоб ва сурхи мисинро гирифт” [17, с. 6]. Вобаста ба таърихи пайдоиш ва рушду такомули ҳунари зардўзии тоҷикон Сухарева О. А. чунин ишора кардааст: “Маркази зардузӣ, асосан, ин шаҳри Бухоро буд. Дар он ҷо корхонаҳои махсус таъсис дода, ҳунармандони беҳтаринро ҷалб карда буданд. Онҳо хизмати ашрофзодаҳои дарборӣ ва табақаи бойтарини ҷамъиятро ба ҷо меоварданд [12, с. 122].

Аввалҳо дар кори зардўзӣ, аслан, мардон ширкат меварзиданд. Машѓул будани мардон ба ҳунари зардўзӣ ин, пеш аз ҳама, амал кардани коргоҳҳои гуногун дар назди дарбори амирон буд, ки дар ин гуна корхонаҳо занон имконияти кор карданро надоштанд. Дадабоева М. Н. оид ба ин ҷиҳати зардўзӣ дар мақолаи хеш “Нақши анъанаҳои миллӣ дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ” ишора кардааст, ки “дар аморати Бухоро бисёртар одамони дарбор маҳсулоти зардўзиро фармоиш медоданд ва ин зарурати ташкили устохонаҳои зардўзиро дар назди дарбор ба миён овард” [4, с. 224].

Баъдтар ба монанди касбу ҳунарҳои дигар барои зардўзӣ кардан корхонаҳои хурди саноатӣ таъсис дода шуд, ки дар он ҳунармандони ботаҷриба ҷалб карда мешуданд. Дар натиҷа онҳо шогирдони зиёдеро тайёр мекарданд. Ба ин далел, занону духтарон ҳам дар корхонаву фабрикаҳо кор мекардагӣ шуданд ва ҳунари зардўзӣ низ ба дасти занон гузашт. Дар гузашта бонувон дар шароити хона ба дўхтани маҳсулоти гулдўзӣ сару кор доштанд. Маҳсули дасти зардўзон танҳо барои шоҳону ашрофзодагон ва мардуми табақаи доро таҳия мегардид. Чун доираи истифодаи маснуоти зардўзӣ васеътар шуд, занону духтарон ҳам ба ин пеша рў оварданд.

Аз давраҳои пеш то инҷониб дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон зардўзон бо офаридани маҳсулоти зардўзии гуногун сару кор доштанд. Дар омўзиши ҳунари зардўзӣ саҳми муҳаққиқ М. Е. Пещерева хеле калон аст. Ў натиҷаи тадқиқотҳояшро хулосабарорӣ намуда навиштааст: “Яҳё ном зардўз аз Бухоро ба Сталинобод омада, то охири умраш ҳунари зардўзиашро дар ин ҷо идома додааст” [8, с. 267].

Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар асри XIX дар қатори шаҳрҳои Самарқанду Бухоро дар Душанбе, Хуҷанду Конибодом, Исфара, Панҷакент, Истаравшан (Ўротеппа) Ҳисор ва ѓайра низ маҳалҳои махсуси зардўзон мавҷуд будаанд. Азбаски аввалин нишонаҳои ҳунари зардўзӣ дар ин шаҳрҳо ба вуҷуд омада буд, то ҳол дар ин ҷойҳо нисбат ба ноҳияҳои дигари кишвар гурўҳҳои алоҳидаи занону духтарон ба зардўзӣ машѓуланд. Аммо ин маънои онро надорад, ки имрўзҳо дар навоҳии дигари Тоҷикистон ҳунари зардўзӣ амал намекунад, баъакс зардўзоне, ки дар шароити хона ба таври ҷудогона фаъолият доранд кам нестанд. Аз солҳои 1960-ум сар карда, ҳунари зардўзӣ дар пойтахти ҷумҳурӣ рушд мекунад ва шаҳри Душанбе ба маркази асосии зардўзони кишвар табдил меёбад. Сехи зардўзии иттиҳодияи ҳунарҳои бадеии «Гулдаст» далели ин аст. Иттҳодияи мазкур бо пеш бурдани кори зардўзӣ дар тамоми ҷумҳурӣ маълуму машҳур гардида буд. Ҳатто дар он солҳо наварўсону духтарони зебоипараст онро “даргоҳи арўсон” ном мебурданд, ки ин бесабаб набуд, чунки зардўзони ин ҷо бо санъати баланду маҳсулоти пурарзиши худ ба дили мизоҷон роҳ ёфта буданд. Ба ин монанд коргоҳу гурўҳҳои зиёде фаъолият доштанд, ки барои рушду инкишофи ҳунари зардўзӣ нақши муаассир гузоштаанд.

Олот ва васоили зардўзӣ аз дукони зардўзӣ-кордчўб, ингакчўб, бозастар, тагвор (баъзан ҳунармандони навомўз аз қолабҳои даврашакл-пяльцы истифода менамоянд), сўзан, қалам, каҷкорд, қайчии махсус (қайчии уштургардан) ва ѓайра иборат мебошад. Агар аз ашёи номбурда яке набошад, раванди зардўзӣ сурат намегирад, чунки ҳар кадом вазифаи муайяни худро дорад. Ба ѓайр аз асбобҳои зарурӣ барои зардўзӣ кардан, ашёи хом, ба монанди қолабҳои коѓазӣ, матоъ, риштаҳои махсус, муҳраву пўлакчаҳо барои зебу зинат истифода карда мешаванд.

Чуноне ки аз номаш маълум аст, ашёи асосии зардўзиро риштаҳои заррину нуқрагин ташкил медиҳанд. Мутобиқи иттилои Шарипов Н. риштаи зардўзиро дар замонҳои пеш бо чунин усул тайёр мекардаанд: “риштаи зарро даври риштаи абрешимӣ ё қоѓазӣ ба андозае наздику зич мепечонанд, ки ин риштаи зар тамоман маълум намешавад. Дар тарзи дувум риштаи зарро даври риштаи абрешимӣ ё қоѓаз аз ҳам дур мепечонанд. Ҳар яке аз ин риштаҳо мавриди истифодаи худро дорад” [13, с. 390-391].

На фақат тоҷикон, балки халқиятҳои гуногуни дунё низ ба дўхтани маҳсулоти зардўзӣ сару кор доранд, ки инро аз намунаҳои сарулибоси онҳо мушоҳида кардан мумкин аст. Масалан миёни халқҳои Қафқоз низ санъати зардўзӣ хеле маъмул буда, барои ороиши либос, ҷиҳози хона ва маҳсулоти армуѓонӣ аз ин навъи ҳунар ба таври густурда истифода менамоянд. Ҳунари зардўзии мардуми Қафқоз ва истифодаи ашёи онро муҳаққиқ Кудаев М.Ч. чунин шарҳ додааст: “Намуди асосии зардўзӣ ороиш тавассути риштаҳои заррину нуқрагин мебошад [5, с. 16]. Ба мушоҳидаи Татьяна Равдоникас “Азбаски хусусияти асосии пайдоиш ва ҷиҳати миллии зардўзиро риштаҳои зару нуқрагин ифода мекунад, ин дар дўхтани он нақши асосӣ мебозад” [9. с, 211]. Аз навиштаҳои муҳаққиқон метавон хулоса кард, ки ҳамаи зардўзон риштаҳои гуногуни ресидашудаи зардор, тиллоӣ ва нуқрагиро истифода мебурдаанд.

Дар шароити кунунӣ ҳунармандони тоҷик барои зардўзӣ аз риштаҳои фабрикавӣ истифода менамоянд, ки то як андоза кори онҳоро осон кардааст. Ҳангоми таҳияи зардўзӣ риштаи онро хуб интихоб мекунанд, то раванди дўхтани маснуот осон ва босифат шавад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ҳунармандони моҳири замони мо низ ҳангоми зардўзӣ ба сифати ашёи хом диққати махсус медиҳанд, то маҳсулоташон босифату ҷозибанок барояд. Чунин ашёро зардўзон аз шаҳрҳои бостонӣ дастрас мекардаанд. Аз ҷумла зардўз Абдураҳмонова Мавлуда (сокини шаҳри Панҷакент) то ҳол барои зардўзӣ риштаро аз Самарқанд дастрас мекардааст.

Ҳамин тариқ дар кори зардўзӣ, пеш аз ҳама, риштаҳои симину заррин ва матои махсус, ки барои бо сифати баланд таҳия гардидани маҳсулоти зардўзӣ нақши муҳим мебозад, зарур аст. Дар бобати марҳилаи зардўзӣ мардумшиносони зиёде дар мақолаву китобҳояшон ишора кардаанд. Аз ҷумла, Пещерева М. Е. нигоштааст: “Асосан нақшу нигори зардўзиро дар матои махмали бунафшранг ва зардранг бо риштаи нуқрагӣ дўхта, дар дохилаш бо сангҳои сунъӣ ороиш медиҳанд. Сангҳои сунъӣ ва инчунин гулдўзии хол-холи абрешими рангаш сабзу сурхи сиёҳтоб мавҷуд аст” [8, с. 280]. Чунончи маълум гардид, барои зардўзӣ ва ороиши он аз риштаҳои симини гуногунранг ва муҳраву пўлакчаҳо васеъ истифода карда, ба зебу зинат диққати махсус медиҳанд, ки боиси зебову хушсифат шудани он мегардад.

Ҷараёни кори зардўзӣ хеле мушкил буда, ҳар як амал ва ҳаракати ҳунарманд нозуконаву дақиқназарона анҷом дода мешавад. Дар санъати зардўзӣ, пеш аз ҳама, гулбур нақши муҳим мебозад. Гулбур шахсест, ки барои зардўзон аз коѓаз қолабҳои нақшу нигори заруриро бурида тайёр мекунад. Вай, пеш аз ҳама, дар коѓаз (картон) барои зардўзӣ нақшро инъикос намуда, қолабашро мебурад ва гулдўзон онро дар матоъ насб карда, аз рўйи ҳамон қолаб зардўзӣ мекунанд. Дар замонҳои пеш ин амалро барои зардўзоне, ки нақшу нигорро тасвир карда наметавонистанд, наққошон иҷро мекарданд. Дар шароити кунунӣ аксари ҳунармандони зардўз то андозае аз уҳдаи қолаб тайёр кардан, яъне нақшофарӣ ба хубӣ мебароянд. Афзалияти дигараш дар он аст, ки гулбур барои ҳунармандони пешина аз қоѓазҳои сахт қолаби гулро бурида медод ва онҳо тавассути сўзан онро зардўзӣ мекарданд. Имрўзҳо ин ҷараён тариқи мошинаҳои махсус сурат мегирад. Ҳунарманд нақшро бо мошина зардўзӣ карда, танҳо барои ороишро пурра гардонидан бо сўзан муҳраву пўлакчаҳои гуногунро насб мекунад.

Технологияи зардўзии пешина аз намудҳои дигари гулдўзӣ бо бисёр ҷиҳат фарқ мекард, риштаи зарро аз даруни матоъ гузаронидан хеле мушкил буд, барои ҳамин зардўзонро лозим буд, ки риштаро дар болои матоъ ҳамвор печонанд. Ин ҷараён заҳмат ва вақти зиёдро талаб мекард. Барои ҳамин ҳам зардўзии дастӣ нисбати гулдўзии мошинӣ арзиши хеле баландро дорост [17, с. 6]. Аммо бо ин услуб миқдори ками зардўзон фаъолият доранд. Онҳо ба хотири ҷозибанок шудани гулҳои тасвиркарда аз усули заминдўзӣ истифода мекунанд ва ҳангоми заминдўзӣ аз тагаш ришта мемонанд. Риштаи зарро низ аз 16-18 то 30-32 қатор бо ҳам печида, онро дар чўбчаи росткунҷаи махсус, ки патила ном дорад, мепечонанд ва баъдан дар зардўзӣ истифода мебаранд. Дар ин чўб риштаи зарро дар як меъёри муайян мепечонанд, агар аз меъёр зиёд печида шавад, ришта ба ҳам омехта гардида, кори зардўзро мушкил менамояд.

Хусусияти дигари зардўзӣ, ки таҷассумгари фарҳанги миллии тоҷикон аст, нақшу нигори он мебошад. Азбаски нақшу нигори зардўзӣ аксар маврид вобаста ба муҳити зист, мавқеи ҷойгиршавии минтақа, тасаввуроти зардўз тасвир меёбад, он махсусияти миллӣ пайдо мекунад. Аксари зардўзон нақшҳое, ки ифодагари ҳаёту зиндагӣ ва орзую ормони мардум аст, бештар корбаст менамоянд. Тарзи гулбурӣ ва интихоби нақшу нигори он хеле гуногун буда, табиати бою рангин ва манзараҳои дилфиреби кишварро дар худ таҷассум мекунад. Ин тавассути нақши шохаву баргҳои гулу растанӣ, акси парандагон ва нақшҳои рангину хушнамуди геометрӣ тасвир меёбад. Ҳар як нақше, ки дар санъати зардўзӣ инъикос меёбад, маъниву рамзи махсусро ифода мекунад. Аз ин лиҳоз, ҳунари зардўзӣ низ инъикосгари таъриху фарҳанги куҳани мардуми тоҷик маҳсуб меёбад.

Зардўзӣ эҳтиёткориро меписандад, истифодаи нахи зар дар ин ё он нақш кори андак набуда, ҳар нақш зари махсуси худро мехоҳад. Мувофиқи ақидаи зардўзон агар ҷое, ки зари сурх зарур бошад, сабз ё баръакси он истифода шавад, ҳам нақш хуб дида намешаваду ҳам сифати маҳсулот паст мешавад. Агар зардўз миёни рангҳои истифодашаванда тафриқа нагузорад, хатои маҳз сар мезанад. Ба ин далел, ҳунарманд ҳамон вақт зардўзи моҳир мешавад, ки дар интихоби риштаи зар ба мушкилӣ роҳ надиҳад. Вобаста ба ин масъала Кузнетсова А. Я. чунин навиштааст: “Ҳар як нақш дар зардўзӣ вазифаи муайяни худро дорад. Ба ҳамин хотир он аз санъати гулдўзӣ баъзе фарқиятҳо дорад” [6, с. 128].

Тўли асрҳои зиёд санъати ороишӣ дар зардўзӣ аз навъҳои гуногуни нақшу нигор таркиб ёфтааст. Зардўзон дар замонҳои пеш низ тасвири ин ё он нақшро дар намунаи маҳсулоти дасташон инъикос менамуданд, ки ифодакунандаи маъниву рамзи муайяне буд. Роҷеъ ба ин мавзўъ дар мақолаи “Таърихи пайдоиши нақшу нигор” (“История возникновения орнамента”) чунин дарҷ гардидааст: “Нақш яке аз намудҳои тасвири қадимии фаъолияти одамон дар гузаштаи дур буда, он дар худ як навъ рамз ва мафҳуми ҷодуиро ифода карда, вазифаи семантикиро иҷро мекард” [14, с. 13-15].

Мутобиқи навиштаи Пешерева Е. М. “Нақши асосӣ аз шаклҳои салибмонанди амудӣ кашидашуда иборат мебошад, ки чор кунҷи он хамгашта аст. “Замина”-и он аз риштаи заррин ё бо нақши хурд (маҳин) ё бо шакли рахи морпечи параллелӣ ё бо як қисми сергул дўхта шудааст. Ҳамаи қисмҳои замина бо риштаи заррин ва танҳо атрофи он бо риштаи нуқрагӣ дўхта шудааст. Тибқи мушоҳидаҳо дар байни зардўзиҳое, ки қисмҳои махмалин доранд, нақши нозуки аз зар ҳамчун хати каҷшудаи мунтазам аз ду тарафи он бо пўпаки ҷингиламонанд дўхта мешавад. Атрофи бар, доман ва охири остини ҷома бо тасмаи ҳаррангаи абрешимӣ духта шудааст” [8, с. 265-282].

Асосан ҷомаҳои мардуми Бухоро бо тамоми заминаш зардўзӣ карда мешуд. Зардўзони тоҷик дар асл танҳо пеш, ду бари доман ва лаби остини ҷомаро зардўзӣ мекунанд. Ҳастанд зардўзоне, ки тамоми матои онро заминдўзӣ намоянд, вале хеле кам. Масалан Мукаррама Қаюмова (сокини шаҳри Душанбе) ин услубро хеле зиёд истифода мекунад, ки ҳар кадом нақши тасвирнамудаи ў мавқеъ ва ҷойи муайяни махсус дорад. Аз ҷумла, ў бо тасвири паранда ва ё шохаҳои гулу дарахте маҳсулоташро зебу зинат медиҳад, ки дар маҷмўъ як асари комилро мемонад. Мувофиқи андешаҳо ин яке аз қадимтарин ва маъмултарин нақшу нигор миёни тоҷикон ба ҳисоб меравад. Ин қабил нақшу нигор шабеҳи парандаҳоеанд, ки аз ҷониби ҳунарманд дар маҳсулоти зардўзии муосир ба мушоҳида мерасад.

Тасвири нақшу нигор дар зардўзӣ ва ё ҳунарҳои дар зиндагии мардум ҳамчун унсури фарҳангӣ мавқеи муайянро касб кардааст. Масалан куртаи занона қисмати асосии сару либоси бонувон ба шумор рафта, зебу зинат додани он ба завқу салиқаи аксари занону духтарон мувофиқ аст. Куртаҳои зардўзӣ аз давраҳои пеш, асосан, барои занони бойҳо ва наварўсон гулдўзӣ карда мешуд. Азбаски тоҷикон низ ҳангоми ҷашни арўсӣ аз он истифода мекарданд, ин намуди маҳсулоти зардўзӣ миёни мардум то ҳол боқӣ мондааст. Ин нуқтаро муҳаққиқ Пешерева Е. М. низ дар асараш зикр намудааст: “одатан бо ин усул танҳо зеҳи куртаи занонаро зардўзӣ мекарданд. Тамоми зеҳро зоҳиран бо риштаи осмонӣ зардўзӣ менамуданд” [8, с. 266]. Зардўзони муосири тоҷик бисёртар пеш ва остини куртаи занонаро зардўзӣ менамоянд, ки аз ҷиҳати шакл ва услуб низ аз куртаҳои зардўзии пешина фарқ дорад. Аммо дар тоқиҳои зардўзӣ ҳоло ҳам тарзи заминдўзӣ бештар мушоҳида мегардад.

Либос нисбати унсурҳои дигари фарҳанги моддӣ хусусиятҳои миллии халқро зиёдтар инъикос намуда, бо нишонаҳои этникӣ алоқамандии зич дорад, зеро дар он анъана, таърих, муносибатҳои иҷтимоӣ ва унсурҳои ѓоявӣ, тимсоли зебоӣ, эътиқод ва ѓайра таҷассум меёбад. Аз давраҳои қадим бо ин усул ҷомаву камзўлча, кулоҳи мардонаву кўдакона, салла (дастор), тоқии занона, камарбанд, пешонабанд, болишт, мўзаҳои мардона, пойафзоли занона ва дигар ашёро медўхтанд. Омода намудани ашёи зарурӣ барои зардўзӣ низ хусусиятҳои фарқкунанда дорад. Масалан дар вақти дўхтани тоқиву куртаи зардўзии занона бисёртар риштаҳои заррину симин бо иловаи пўлакча ва муҳраҳои гуногунҳаҷм ба кор бурда мешаванд. Ин усул асрҳои гузашта дар пойафзоли занона – барои наварўсон ва занони табақаи доро ва мўзаҳои мардона (асосан онро шоҳону ашрофзодагон мепўшиданд) таҳия мешуд, ки хеле зиёд ба мушоҳида мерасад. Дар ин маврид Ҳамидҷонова М. низ ишора мекунад, ки: “миёни мардуми Кўҳистони Мастчоҳ оилаҳои доро барои арўс пойафзолро гоҳо зардўзӣ мекарданд” [15, с. 143].

Маълум аст, ки зардўзӣ дар асоси ҳунари гулдўзӣ ба вуҷуд омадааст, зеро миёни тоҷикон аз замонҳои қадим гулдўзӣ кардани матоъ роиҷ буд ва ин барои рушди зардўзӣ бетаъсир намонд. Барои ҳамин ҳам беҳтарин намунаи санъати зардўзиро занону духтарони тоҷик рўйи кор овардаанд. Нақшу нигоре, ки дар ҷома, курта, камзўлча, тоқӣ, болишт, шерозаю чойхалта ва чойникпўшак, гаҳворапўшакҳои зардўзӣ ва ѓайра ҷой дода шудааст, ҳар кадом ба худ номҳои мувофиқ доранд. Онҳо махсусияти миллиро нигоҳ дошта, имрўзҳо зеби ҳар хонадон гардидаанд.

Масалан ҷома, ки аз сарулибоси асосии мардуми тоҷик ба шумор рафта, бо тарзу намудҳои гуногун дўхта мешавад. Ҷомаи зардўзӣ нисбати ҷомаҳои дигар маъмул буда, ҳам барои занон ва ҳам барои мардон омода карда мешавад. Ин намуди ҷомаро замонҳои пеш бештар одамони табақаи доро мепўшиданд. Баъдтар мавриди истифодаи он васеъ гардид ва мардуми одӣ низ дар тўю маъракаҳояшон аз он истифода мекардагӣ шуданд. Куртаи занона ҳам ҷузъи сарулибос ба шумор рафта, ороиш додани он тавассути санъати зардўзӣ хеле маъмул аст. Куртаҳои арўсии тоҷикон, ки бисёр вақт аз матои атлас иборат буд, бо риштаҳои зару нуқрагӣ зебу зинат дода мешуд.

 Ѓайр аз куртаву ҷома ва пойафзол дар шароити кунунӣ зардўзӣ кардани тоқии занона низ аз шуѓлҳои асосии зардўзон мебошад. Чунки назар ба навъҳои дигари зардўзӣ ба тоқӣ талаботи мардум зиёдтар буда, дар мавридҳои гуногун аз он истифода менамоянд. “Тоқиҳои зардўзии занонаи Хуҷанд, асосан, шакли доираву чоркунҷа дошт. Онро баъди зардўзӣ кардан бо ҳар гуна пулкачаҳо низ оро медиҳанд. Дар Бухоро бошад, тоқии зардўзӣ аввал шакли мудаввар дошт ва баъдтар қолаби чоркунҷаро гирифт” [2, с. 469].

Зардеворӣ ё бардеворӣ низ яке аз маснуоти гулдўзишуда буда, барои оро додани атрофи хона истифода мешавад. Зардевориро, асосан, дар девори хона ва ё қисмати болои сўзанӣ меовезанд. Аксари зардевориҳо бо баргу шохаҳои хурди гулу растанӣ ва навиштаҷот ороиш ёфтаанд. Кам аст зардеворие, ки навиштае надошта бошад, чунки асоси навиштаҷоти онро риштаи зар ташкил дода, ороиши он дар як зардеворӣ мавқеи махсусро касб мекунад. Аз рўйи нақшу нигор зардевориҳо ба кўрпачаву болишт ва куртаҳои зардўзии имрўза хеле шабеҳанд, чунки ин қабил маснуот бо омезиш додани риштаҳои зару абрешимӣ ба вуҷуд омадааст. Натиҷаи таҳқиқоти як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар нишон дод, ки дар ҳамаи зардевориҳо рубоиву дубайтиҳо дар мавзўи бахту саодат (хушбахтӣ), ишқу ошиқӣ, оиладорӣ, ҳатто дубайтиҳое, ки аз кадом гулдўз будани маҳсулотро муайян мекунад, тавассути риштаҳои заррину нуқрагӣ сабт гардидаанд. Ба монанди:

Навиштам ман дар ин девори хона,
Бимонад аз мани мискин нишона.

Ҳар мисрае, ки дар зардевориҳои тоҷикӣ сабт гардидааст, албатта, ҳарфҳои он дар шакли нақшу нигори печида ва услуби гуногун буда, ҳар як ҳарф, гўё, як нақши мукаммалро ифода мекунад.

Тўли даҳсолаи охир ин навъи зардўзӣ қариб таҳия намегардид ва ҳунармандон бар он назар буданд, ки ба зардеворӣ дигар эҳтиёҷе намондааст, вале таҳқиқоти солҳои охир таҳия гардидани зардевориро рўи кор овард. Дар қатори намудҳои гуногуни ҷиҳози зардўзӣ он дубора ба роҳ монда шуд. Хусусан, аз ҷониби шогирдони Мукаррама Қаюмова намунаҳои беҳтарини чодар бо нақшу нигори зардўзӣ (қисмати болои чодар) хеле зиёд ба назар мерасад.

Чуноне ки зикр гардид, дар санъати зардўзии имрўзаи тоҷик бештар намунаи тоқӣ, курта, ҷома, ҳар навъ ҷиҳози рўзгор ва ашёи гуногун барои ороишу армуѓон маъмул буда, онро барои истифода дар ҷашну маросимҳо ва ҳаёти рўзмарраи мардум таҳия менамоянд. Зеро сарулибос аз унсурҳои муҳимми фарҳанги миллӣ буда, моҳияти миллӣ буданро зоҳир менамояд.

Ҳар маҳсулоте, ки аз ҷониби ҳунарманд таҳия карда мешавад, албатта, мавриди истифодаи умум қарор мегирад. Корбурд намудани маҳсули дасти зардўзони тоҷик аз ҷониби табақаҳои гуногуни истифодабарандагон аз мухсусияти миллӣ доштани ҳунари зардўзӣ шаҳодат медиҳад. Дар баробари ҷараёни дўхтан, нақшу нигор ва ѓайра боз хусусиятҳои миллие мавҷуданд, ки пешаи мазкур аз ҳунари зардўзии халқҳои дигар фарқ мекунад. Масалан фарҳанг ва мавқеи истифодаи маснуоти зардўзӣ дар ҷашну маросим ва урфу одатҳои мардумӣ мебошад. Хусусияти миллии зардўзии тоҷикон, пеш аз ҳама, дар урфу одат ва анъаноти онҳо таҷассум гардидааст. Намунаҳои мухталифи маҳсулоти зардўзӣ ва василаи истифодаи он миёни аҳолии маҳаллии Тоҷикистон низ хусусиятҳои хос дорад. Дар ҷашну маросимҳои хурсандии тоҷикон сарулибоси зардўзӣ афзалияти бештар дорад, чунки тоҷикон онро либоси идона ва рамзи шодию нишот мепиндоранд. Мувофиқи иттилои бахше аз муҳаққиқон заминаи пайдоиши он Бухоро бошад ҳам, дар байни тоҷикони минтақаҳои дигари кишвар маҳсулоти зардўзиро истифода мекунанд, ки аз махсусияти миллӣ доштани он дарак медиҳад.

Мардуми тоҷик вобаста ба расму оин анвои сарулибоси зардўзишударо дар ҷашну маъракаҳои хурсандиашон ба кор мебаранд. Либоси маъмулии зардўзии тоҷикон ҷома, камзўлча, курта, тоқиву пешонабанд, пойафзол (мўза, кафш) ва амсоли инҳо мебошад, ки дар аксар лаҳзаҳои шодию нишот онро ба бар мекунанд. Тоқиву куртаро бисёртар занону духтарон ва ҷомаро мардону писарбачаҳо истифода менамоянд. Чи тавре ки дар боло зикр гардид, дар замонҳои гузашта маҳсулоти зардўзӣ танҳо ба одамони доро дастрас буд, зеро арзиши он хеле гарон буд ва мардуми одӣ тавони харидани онро надоштанд. Ба таъбири Сухарева О. А. “Азбаски матоъ ва риштаи барои зардўзӣ сарф мешуда арзиши баланд дошт, на ҳамаи ҳунармандон аз он захира доштанд ва аксар вақт маҳсулоти асосии зардўз бо фармоиши дарбор таҳия карда мешуд” [10, с. 117-119].

Ба ҳамин сабаб ин тоифаи одамон зиёдтар сарулибоси гулдўзишударо мепўшиданд. Оҳиста-оҳиста санъати зардўзиро дар либоси арўсу домод ва дигар тоифаи одамон истифода мекардагӣ шуданд. Ҳоло ҳам дар байни тоҷикон чунин расм аст, ки дар ҷашни арўсӣ, тўйи суннатӣ ва рўзҳои дигари хурсандӣ арўсу домод, писарбачаи тўйшаванда, машшоқону ҳофизон ва раққосаҳо ҳангоми намоишҳои консертӣ бештар либоси бо усули зардўзӣ ороишёфтаро ба бар мекунанд. Масалан дар шаҳрҳои Ҳисор, Хуҷанду Панҷакент, Истаравшан, Мастчоҳ ва қисман ноҳияҳои дигар навхонадорон сару либоси зардўзиро истифода мекунанд. Дар маросими хатнатўй низ якчанд сарулибоси зардўзӣ корбаст карда мешавад. Масалан рўзи тўй ба писарбачаи соҳибтўй тоқӣ ё кулоҳ ва ҷомаи зардўзӣ мепўшонанд, ки аз дигарон фарқ кунад. Дар ин рўз писарбача бо чунин сарулибос худро хеле хурсанд эҳсос менамояд.

Ѓайр аз ин мардуми шаҳру навоҳии зиёди Тоҷикистон дар тўю сурашон сарулибосҳои зардўзишударо напўшанд ҳам, аз болишт, чодар, гаҳворапўшак, чойникпўшак ва анвои дигари зардўзӣ васеъ истифода менамоянд. Мувофиқи навиштаи Андреев М. С. дар ноҳияҳои минтақаи Бадахшон низ занону духтарон маҳсулоти зардўзиро таҳия мекардаанд [1, с. 413]. Натиҷаи тадқиқоти кормандони илмии ПИТФИ, ки солҳои охир ба шаҳру навоҳии Бадахшон сурат гирифт, нишон дод, ки имрўз ҳам бонувони ин минтақа ба дўхтани камарбанду болиштҳои зардўзӣ машѓуланд.

Маъмулан, пўшидани маснуоти зардўзӣ дар ҷашну маросимҳои шодиовар бо мақсади дар амал татбиқ намудани ҷанбаҳои фарҳангиву миллӣ истифода мешавад. Маҳз чунин расму одат ва анъанаҳои миллии мардуми тоҷик боис гаштааст, ки унсурҳои фарҳангии он ҳамчун мероси гаронбаҳо боқӣ монад.

Дар шароити кунунӣ зардўзон баробари нозукиҳои ҳунари зардўзиро аз худ кардан, боз шаклу намудҳои гуногуни нақшу нигори онро офаридаанд, ки нисбати зардўзиҳои пешина мураккабтар аст. Анъанаи зардўзӣ ҳамчун як ҳунари барҷаста дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бисёртар рушд карда, имрўзҳо низ ҳунармандони зиёде дар таҳия ва ташаккули ин ё он маҳсулоти зардўзӣ саҳм мегузоранд. Масалан дар бунёди байналмилалии “Ҳафт пайкар” бо сарварии ҳунарманд Мукаррама Қаюмова ва корхонаи “Суман”, ки дар заминаи сехи зардўзии “Гулдаст” таъсис ёфтааст, таҳти роҳбарии Файзимо Иброҳимова занону духтарон дар қатори касбу ҳунарҳои дигар ба зардўзӣ низ машѓул буда, намунаҳои беҳтарини онро омода мекунанд. Аз ҷумла ҳунари зардўзии М. Қаюмова тарзу усул ва махсусияти хоси худро дошта, аз маҳсулоти дигарон ба куллӣ фарқ мекунад. Ў ҳангоми зардўзӣ кардани либос ҳамеша аз роҳу воситаҳои анъанавӣ истифода мекунад. Аз ҷониби ин зардўзи моҳир ҷомаҳое таҳия мегарданд, ки дар он нақшҳои миллӣ ва образҳои мухталифи асотирии ниёгон бештар ба мушоҳида мерасад.

Гуфтан ба маврид аст, ки худи М. Қаюмова аз зумраи зардўзони соҳибистеъдоде мебошад, ки дар дўхтани либосҳои зардўзӣ ҳамто надорад. Ҳунари зардўзии ў аз дигарон фарқ дошта, дар кораш бисёртар нақшу тасвирҳои қадимиро, ки аз гузаштаи дур ва фарҳанги ѓании тоҷикон дарак медиҳанд, истифода менамояд. М. Абдураҳмонова (сокини шаҳри Панҷакент) низ анвои гуногуни сарулибоси тоҷикӣ, ҳар гуна лавҳаҳо бо навиштаҷот ва ѓайраро бо нақшу нигори рангини зардўзӣ меофарад. Дар қатори ҳунармандони номбурда боз садҳо зардўзони дигар дар шаҳру навоҳии мухталифи Тоҷикистон кору фаъолият намуда, намунаҳои беҳтарини санъати зардўзиро эҷод менамоянд.

Зардўзони моҳир имрўзҳо дар шаҳру ноҳияҳои мухталифи Тоҷикистон намудҳои гуногуни маҳсулоти зардўзиро аз қабили ҷома, тоқӣ, кулоҳ, курта, пойҷома, болишт, гаҳворапўшак, чойникпўшак ва ѓайра бо нақшу нигори рангин таҳия карда, ба истеъмолгарон пешниҳод менамоянд. Дар санъати муосири зардўзии тоҷик баробари эҷод намудани нақшу нигори нисбатан нав доираи васеи нақшҳои анъанавиро низ дар бар гирифтааст, ки бо гуногунрангӣ ва сифати ороиш каме тафовут дорад. Ѓайр аз ин миёни ҳунармандони ҳозира услуби попуридўзӣ (йирмадўзӣ)-ро низ дучор омадан мумкин аст, ки тавассути риштаҳои заррину нуқрагин ба амал омадааст. Ҳоло ин навъи гулдўзӣ хеле маъмул буда, аз ҷиҳат нақшу нигор ва маҳсулоти истифодашуда ба зардўзӣ шабоҳат дорад. Аммо метавон қайд кард, ки бо вуҷуди вусъат ёфтани усули попурии шаклан зардўзӣ ба рушду нумўъ ва мавқеи ҳунари зардўзӣ таъсири ҷиддӣ расонида наметавонад. Вазифаи зардўзони имрўза истифодаву нигоҳ доштани санъати бою рангини ниёгон ва дар заминаи он офаридани образҳои мухталиф аст, ки ифодагари фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик мебошад.

Таҳлилу баррасиҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир ҳунари зардўзӣ рўз то рўз рушд мекунад. Ҳунармандони халқӣ аз соли 2003 инҷониб ҳамасола ду маротиба дар ярмаркаи ҳунармандон, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ширкат меварзанд. Боиси зикр аст, ки дар намоишу чорабиниҳо дар қатори маҳсулоти ҳунармандии дигар намунаи либосҳои зардўзӣ хеле зиёд ба назар мерасад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ҳошияи эълон гардидани соли 2018 ҳамчун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” зардўзӣ боз мавқеи худро пайдо кардааст. Ин моро бовар мекунонад, ки занону духтарони тоҷик ҳунари зардўзиро боз ҳам беҳтару хубтар густариш дода, ба наслҳои оянда мерос мегузоранд.

Хулоса ҳунари зардўзӣ, на фақат барои зебу зинат додани сару либос ва ашёи гуногуни рўзгор ба кор бурда мешавад, балки он ҳамчун ҷанбаи фарҳангӣ дар зиндагии мардум нақши муайян мебозад. Ҳар як анвои зардўзие, ки мардуми тоҷик истифода мекунанд, аҳаммияти махсуси таърихӣ ва фарҳангиро соҳиб аст, зеро намунаҳои санъати зардўзии тоҷикон бо ҳаёт, урфу одат ва ҷашну маросимҳояшон робитаи ногусастанӣ дорад. Дар замони имрўза, ки илму техника босуръат пеш рафтааст, ҳифзу эҳёи анъанаҳои гузаштагон ва ба наслҳои оянда мерос гузоштани он кори саҳл набуда, диққати махсусро талаб менамояд. Ҳамин тариқ, зардўзӣ аз муҳимтарин ҳунарҳои аҷдодии тоҷикон буда, тайи солҳои охир бо мурури замон эҳё мегардад. Хушбахтона, бахше аз расму ойин ва анъанаҳои фарҳангие мавҷуданд, ки барои нигоҳдорӣ ва инкишофи ҳунари зардўзӣ мусоидат менамоянд.

Адабиёт

  1. Андреев, М. С. Таджики долины Хуф. Вып. 2. – Сталинабад, 1958. – 524 с.
  2. Бободжанова, Н.И. Традиционный покрой и инновации в женской одежде таджиков (XIX – XX вв.) // Очерки истории и теории культуры таджикского народа. – Душанбе, 2006. – 524 с.
  3. Бободжанова, Н., Хакимова, Н. Традиционный костюм и покрой одежды Худжанда XIX-XX веков. – Худжанд: Меркурий Дизайн и Принт, 2012. – 106 с.
  4. Дадабоева, М. Н. Нақши анъанаҳои миллӣ дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ // Номаи Донишгоҳ. – 2017. – №2 (51) – С. 222-227.
  5. Кудаев, М. Ч. Карачаево-балкарская этнохореография и символика. – Нальчик, 2003. – 108 с.
  6. Кузнецова, А. Я. Народное искусство карачаевцев и балкарцев. –Нальчик, 1982. – 176 с.
  7. Майтдинова, Г. М. История таджикского костюма: Генезис костюма таджиков: древность и раннее средневековье. Т. 1. – Душанбе, 2004. – 280 с.
  8. Пещерева, М. Е. Золотое шитье // Сборник музея антропологии и этнографии. Том. 16. – Ленинград: Наука, 1955. – С. 265-282.
  9. Равдоникас, Т. Д.
  10. Сухарева, О. А. История среднеазиатского костюма Самарканд (2-я половина 19-начало 20 в). – М.: Наука, 1982. – 144 с.
  11. Сухарева, О. А. Вопросы изучения костюма народов Средней Азии // Костюм народов Средней Азии (историко-этнографические очерки). – М.: Наука, 1979. – 240 с.
  12. Сухарева, О. А. Познефеодальный город Бухара конца XIX - начала XX века. – Ташкент, 1962. – 194 с.
  13. Сухарева, О. А. Кварталная община позднефеодального города Бухары (в связи с историей кварталов). – М., 1976. – 366 с.
  14. Тибенько, Т. И., Кашенова, Н. С. История возникновения орнамента // Юный ученый. – 2016. – №2. – С. 13-15.
  15. Хамиджанова, М. Материальная культура Матчинцев // До и после переселения на вновь орошенные земли. – Душанбе: Дониш, 1974. – 180 с.
  16. Шарипов, Н. Зардўзӣ // Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик / Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди 1. – Душанбе, 2015. – 668 с.

Носирова Л.

Theme by PiTfi