Дар ин мақола доир ба оғози илмомўзӣ, давраи камолот, рушди таърихнигорӣ, фаъолияти китобшиносӣ ва китобдории академик А. А. Семёнов ба таври мухасар маълумот дода шудааст. Ҳамкории академик А.Семёнов бо Китобхонаи бунёдии донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна (1920-1946) ва Китобхонаи Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Узбекистон (1943-1950) ба таъсиси китобхонаи шахсии худи олим (соли 1954) асос гузоштанд. Ў ҳамчун китобшиноси касбӣ аз соли 1918 то охири умр ба мураттаб намудани дастурҳои библиографӣ машғул гардида, дар тартиб додадани 4 ҷилди аввали китобномаи бунёдии «Феҳристи дастхатҳои шарқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Узбекистон» саҳми калон гузоштааст.
Академик А. Семенов 17 ноябри соли 1958 аз олам чашм пўшид ва бо Қарори Шўрои Вазирони РСС Тоҷикистон № 411 аз 24 ноябри соли 1958 бо мақсади пос доштани хотираи неки ў дар назди Институти таърих, бос-тоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон китобхона (хона-музей)-и ў таъсис дода шуд. То кунун дар захираи китобхонаи академик А. Семёнов 8611 нусха китоб нигоҳ дошта мешавад, ки аз ин миқдор 396 нусха китобҳои форсӣ ва арабӣ, 112 дастнавис ва 284 чопи сангӣ (литография), 417 нусха китобҳо бо забонҳои англисӣ, франсузӣ ва немисӣ мебошанд.
Қисми асосии захираи китобхонаро зиёда аз 3570 нусха китобҳои нодири асрҳои асрҳои XVIII – XIX ташкил медиҳанд, ки худи академик А. Семёнов онҳоро ҷамъоварӣ намудааст. Инчунин дар захираи китобхона маълумотномаҳо дар шакли энсиклопедияҳои унверсалию соҳавӣ, луғатҳо, солонаҳо, солномаҳо, ҳисоботҳо ва амсоли ин маҳфузанд. Ба ғайр аз ин дар китобхонаи мазкур фотокопияҳо, диофилмҳо, ҳуҷҷатҳои шахсии академик А. Семенов ва шакли дафтари кори ў (мизи корӣ, диван, роҳаткурсӣ (кресло), курсӣ, трюмо, мошинкаи чопкунӣ, маводҳои хатнависии рўйимизӣ) то 15 сентябри соли 2018 нигоҳ дошта мешуданд.
А. Семёнов дар китобхонаи шахсии худ асарҳои зиёди сайёҳону муҳаққиқони тоинқилобӣ ва давраи шўравиро ҷамъ овардааст, ки дар байни онҳо асарҳои шарқшиносон М. С. Андреев, Г. Арандаренко, П. А. Баранов, А. Е. Бертелс, Е. К. Бетгер, А. А. Бобринский, А. Вамбер, Гордон, Б. Л. Громбачевский, К. Г. Залеман, И. И. Зарубин, Д. Л. Иванов, А. А. Иванов, П. Лукницский, И. Минаев, И. В. Мушкетов, Н. В. Николский, В. Ф. Ошанин, Т. Н. Пахалина, Д. В. Путята, В. С. Соколова, А. Шишов, Б. И. Искандаров ва дигарон қимати бузурги илмӣ доранд.
Калидвожаҳо: илм, китоб, кормандони илмӣ, академик, таҳқиқот, мардумшиносӣ, манбаъшиносӣ, кишваршиносӣ, катибашиносӣ, китобдорӣ, китобшиносӣ, дастури библиографӣ.
А. А. Семёнов академики Академияи илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои Ўзбекистон (1943), Ходими хизматнишондодаи илми Ўзбекистон (1945) ва Тоҷикистон (1946), доктори илми таърих (1942), профессор, аввалин директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон буда, дар ташаккули таърихнигорӣ, мардумшиносӣ, манбаъшиносӣ, кишваршиносӣ, катибашиносӣ, китобдорӣ ва китобшиносии тоҷик саҳми калон гузоштааст.
Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон бо Қарори Шўрои Олӣ ва Шўрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон 15 апрели соли 1951 таъсис ёфт. Ба ин муносибат аз 14 то 17 апрели соли 1951 дар толори Театри давлатии опера ва балет Иҷлосияи якуми Академияи Фанҳои (минбаъд илмҳо) Тоҷикистон баргузор гардида, Филиали Тоҷикистонии АФ собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ба Академияи илмҳои Тоҷикистон табдил дода шуд. С. Айнӣ нахустин Президенти Академияи илмҳо, А. А. Семёнов, А. Ю. Якубовский аъзоёни фахрӣ (академик) ва И. С. Брагинский аъзои вобастаи он интихоб гардиданд [1, с. 33]. Роҳбарияти Академия аз 4 июни соли 1951 дар бораи директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш таъин намудани академик А. А. Семенов фармон баровард ва ў бо ташаббуси Б. Ғафуров аз Тошкент ба Душанбе омада, аз 29 августи соли 1951 то 17-уми ноябри соли 1958 сарварии Институти таърихро ба дўш дошт.
А. А. Семёнов 17 ё 30-юми сентябри соли 1873 [2, с. 49] дар деҳаи Полном Конобееви губернияи Тамбов ба дунё омадааст. Падараш дар дарбори Қосимовҳо хизмат намуда, баъди ба тасарруфи русҳо даромадани сарзамини Тамбов дини православиро қабул намуд. Чун ў баъд аз чил рўзи вафоти падараш ба дунё омад, ба эҳтироми падараш – Александ ном ниҳоданд. Модараш ўро аз хурдсолӣ ба хонаи падараш оварда, дар оилаи деҳқон ба воя расонд. Александр дар хўрдсолӣ дар назди модараш забони арабиро ёд гирифт ва баъди хатми мактаб ба Омўзишгоҳи 2-солаи муаллимтайёркунии Донишкадаи Екатрини Вазорати маорифи халқи шаҳри Тамбов дохил гардид. Пас аз хатми ин омўзишгоҳ, соли 1886 ба факултаи забонҳои арабӣ-форсӣ ва туркии Донишкадаи забонҳои Лазерови шаҳри Москва дохил гардид. Дар Донишкада бо шавқу рағбат таҳсил намуда, онро соли 1890 бо медали тилоии ҷамъияти ҳаваскорони табитшинос ва дипломи дараҷаи 1-уми Донишкада хатм намудааст [3, с. 3]. А. А. Семёнов шарқшинос ва муаррихи барҷастаи рус буда, бо 7 забон: ангилисӣ, русӣ, форсӣ, тоҷикӣ, туркӣ, тоторӣ ва ўзбекӣ озодона ҳарф мезад ва бо забонҳои арабӣ, франсузӣ, лотинӣ ва украинӣ низ маълумоти кофӣ доштааст [4, с. 2].
А. А. Семенов яке аз аъзоёни фаъоли Ҷамъияти ҳаваскорони табиатшинос, антропология ва мардумшиносии шуъбаи Императории Москва буда, соли 1898 бо мақсади омўхтани урфу одат ва тарзи зиндагии мардуми Осиёи Марказӣ ҳамроҳи экспедитсияи шарқшиносони намоёни рус граф А. А. Бобринский ва Н. В. Богоявленский ба Осиёи Миёна сафар кард. Онҳо дар зарфи қариб чор моҳ дар кўҳистони Зарафшон, Қаротегин, Дарвоз ва Бухоро таҳқиқот бурда, маводҳои фаровонро дастрас намуданд. Натиҷаи тадқиқотҳо ва мушоҳидаҳои экспедисияро солҳои 1900-1901 дар ду қисм бо унвони «Материалҳо оид ба омўхтани шеваи тоҷикони Осиёи Миёна» [5, с.75] дар шаҳри Москва нашр намуданд.
Қисми якуми китоб соли 1900 таҳти унвони «Баъзе хусусиятҳои фонетика ва грамматикаи шеваи тоҷикони кўҳистон» аз нашр баромад, ки он аз 13 қисса ё афсона иборат буда, 5 қисса ба сокинони Қаротегин, 8 қисса ба мардуми Дарвоз (водии Оби Хингов) тааллуқ дошт. Инчунин 9 расми сокинони Қаротегин ва Дарвоз дар китоб ҷой дода шудааст.
Қисми дуюми он соли 1901 нашр гардид, ки аз 17 қисса (Обсана), 4 расм ва луғати шеваи тоҷикони кўҳистони Осиёи Марказӣ иборат мебошад. Аз онҳо 13 қисса ба сокинони Дарвоз ва 4 қисса ба мардуми Яхсу мансуб аст.
А. А. Семёнов соли 1903 дар асоси маводҳои гирдовардаи экспедитсияи соли 1898 асари пурарзиши илмиро таҳти унвони «Очеркҳои этнографии кўҳистони Зарафшон, Қаротегин ва Дарвоз» [17, с. 112] дар Москва нашр намуда, пойдевори илми мардумшиносии тоҷикро гузошт.
Ў дар нитиҷаи сафарҳои хизматӣ ва омўзиши сарчашмаҳои гуногуни хаттӣ дар бораи таъриху маданияти Осиёи Миёна, урфу одати халқи тоҷик ва дину мазҳаби онҳо маводҳои фаровонро гирд овардааст. Ба қавли академик В. В. Бартолд ў яке аз барҷастатарин исломшиносони Осиёи Миёна, собиқ Иттиҳоди шўравӣ ва тамоми Ғарб ба шумор мерафт.
А. А. Семёнов инчунин яке аз забоншиносони барҷастаи замони хеш буда, дар тарҷума ва баргардон намудани китобҳои қаламӣ истеъдоди фавқулода доштааст. Мавсуф дар баробари омўзиши таърихномаҳои гуногун роҷеъ ба таъриху маданият маводҳои зиёдро гирд оварда, як қисми онҳоро аз хати арабию форсӣ ба забони русӣ баргардон намудааст, ки «Таърихи Шуғнон» (1916); «Кишвари ҷамшедиҳо» (1923); «Катаған ва Бадахшон»-и Бурҳониддини Кушкекӣ (1926); «Маҷмўаи солномаҳои Рашиддин» (1952); «Таърихи Муқимхонӣ»-и Муҳаммад Юусуфи Муншӣ (1956); «Убайдуллонома»-и Мирмуҳаммад (1957); «Рўзномаи тохтутози Темур ба Ҳиндустон»-и Ғиёсиддини Алӣ (1958), «Би ҳидоят ал мўъминин ат талибин» (Таърихи исмоилия)-и Фидоӣ (1959); «Таърихи Абулфайзхон»-и Абдураҳмони Толеъ (1959) аз ҷумлаи онҳост. Ў ба ҳар як китоби тарҷума ё баргардоннамудааш, сарсухани пурмазмун навишта, тавзеҳоти комил, нишондиҳандаҳои номию ҷуғрофӣ ва луғоти мукамалро ҷой додааст.
Фаъолияти А. А. Семёнов аз соли 1900 чун котиби идораи ҳарбии вилоятии Закаспий оғоз гардида, солҳои 1906-1908 ба сифати ёрдамчии коргузори мудири шуъбаи омори генерал-губернатори Туркистон, соли 1916-1917 ёрдамчии губернияи Самарқанд ва солҳои 1917-1918 мушовири намояндаи Россия дар Бухоро фаъолият намудааст. Солҳои 1918-1920 дар арафаи Инқилоби Октябр ва Инқилоби Бухоро ба шаҳрҳои Москва ва Петроград (Сант-Петербург) сафари хизматӣ намуда, як муддат ба сифати ходими илмӣ дар бойгонии Институти таърихи маданияти Академияи илмҳои Россия фаъолият намудааст.
А. Семёнов баъди кушодашавии Дошнишгоҳи давлатии Осиёи Миёна (САГУ) соли 1920 ба сифати профессори ифтихорӣ барои зиндагии доимӣ ба Тошкент омада, ба корҳои илмию омўзгорӣ машғул гардид. Ў аз соли 1920 то соли 1946 вазифаи мудири кафедраи таърихи халқҳои Осиёи Миёнаро ба уҳда дошт. Мавсуф ҳамчунин ба сифати китобшинос дар китобхонаи Донишгоҳи Осиёи Миёна (Фундаментальной библиотека САГУ) ва Китобхонаи давлатии оммавии Узбекистон фаъолият намудааст. Аз таърихи китобдорӣ ва китобшиносии Осиёи Миёна ва халқи тоҷик хуб воқиф будааст. Соли 1938 дар рўзномаи «Пионери Шарқ» мақолааш таҳти унвони «Китобхонаҳои қадим» чоп шудааст, ки доир ба китобхонаҳо аз замони Сомониён то аҳди Темуриён маълумоти мухтасар медиҳад [8].
А. А. Семёнов солҳои зиёд ба омўзиши сарчашмаҳои нодири хаттӣ ва маводҳои чопӣ машғул шуда, зиёда аз 250 мақолаи илмӣ нашр намудааст. Дар байни китобҳо ва маводи чопии ў 22 номгўй феҳристномаҳо ва дастурҳои библиографӣ мавҷуданд, ки аксарияти онҳо доир ба таърихи мазҳаби исмоилия ва китобдории тоҷик маълумот медиҳанд.
Аввалин дастури библиографӣ, ки соли 1918 А. Семёнов мураттаб намудаст, «Тасвири дастхатҳои исмоилӣ» ном дорад, ки доир ба таърихи ислом ва мазҳаби исмоилия маълумоти пуразишро фаро мегирад [8, с. 169]. Соли 1919 А. А. Семёнов дастури навбатиро бо номи «Дастхатҳои Шарқ дар китобхонаи марҳум В. В. Веляминова - Зернова» мураттаб намуд, ки бо муқаддимаи академик В. В. Бартолд нашр гардид. Ин дастур дар асоси сарчашмаҳои нодир дар бораи 42 номгўйи дастхатҳои Шарқ маълумот медиҳад, ки аз онҳо 14 дастхат ба забони туркию тотарӣ, 25 дастхат ба забони форсӣ ва боқимонда ба забони арабӣ навишта шудаанд. А. А. Семёнов таърихи таълифи ҳар як асарро муайян намуда, дар бораи онҳо шарҳи мухтасар додааст [5, с. 17]. Соли 1925 ду дастури муҳимми библиографиро таҳти унвони «Нишондиҳандаи библиографӣ доир ба газвори гилемҳои Осиё» («Библиографический указатель по ковровым тканям Азии») ва «Феҳристи дастхатҳои шуъбаи таърихи китобхонаи марказии Бухоро» мураттаб намуда, нахустин маротиба доир ба асарҳои таърихии китобхонаи марказии Бухоро маълумоти аниқ додааст [9, с. 32].
А. А. Семёнов соли 1926 дастури библиографиро таҳти унвони «Нишондиҳандаи адабиёти форс доир ба таърихи узбекони Осиёи Миёна» (Указатель персидской литературы по истории узбеков в Средней Азии // Труды Библиогр. Комиссии, бывшей при СНК ТаджССР. – Ташкент.– 1926.– Вып. 3. – 31 с.) мураттаб намудааст, вале, мутаассифона, ин дастурро мо аз китобхонаҳо дастрас карда натавонистам.
Соли 1935 А. А. Семёнов, ки дар вазифа директори Китобхонаи бунёдии донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна фаъолият дошт, дастури библиографии «Феҳристи дастхаҳои форсӣ, арабӣ ва туркиро дар китобхонаи Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна (САГУ)» мураттаб намуд. Ў дар пешгуфтори дастур дуруст қайд кардааст, ки мураттаб намудани дастури шарҳиҳолию библиографӣ вазифа ва қарзи ҳамаи муассисаҳои илмию таълимӣ мебошад. Дастури мазкур дар асоси дастури библиографии Е. Кал (соли 1889) ва дигарон мураттаб гардида, мураттиб дар сарсухани он дар бораи захираи китобхона маълумот дода, аз ҷумла қайд кардааст, ки захираи китобхона аз ду қисм иборат буд. Қисми якум дастхатҳои ҷамъовардаи солҳои 1920-1930 ва қисми дигари маводҳои китобхона ба собиқ генерали Шаҳрисабз Ҷўрабек мансуб мебошанд. Ин дастур доир ба 140 дастхат маълумот медиҳад, ки аз онҳо 75 дастхат ба забони форсӣ, 34 дастхат ба забони арабӣ ва 30 дастхат ба забони туркӣ мебошанд [13, с. 88]. Дастур аз нишондиҳандаи умумии номгўйи асарҳо ва номи алифбоии муаллифон иборат аст. Ин яке аз аввалин дастурҳои мукаммали библиографӣ мебошад, ки оид ба захираи дастхатҳои китобхонаи Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна маълумот дода, хонандаро бо мазмуни асар, соли нашр, андоза, муқова ва сохти қоғаз шинос менамояд. Мувофиқи маълумоти А.Семёнов аксари хаттотон ва устодон дар болои муқова муҳр ва ё нишони хешро мегузоштанд, ки онҳоро аз рўйи ҷилди китоб муайн кардан мункин аст.
Баъди 20 сол ин дастурро А. А. Семёнов такмил дода, соли 1956 маротибаи дуюм онро таҳти унвони «Феҳристи дастхаҳои форсӣ, арабӣ ва туркӣ дар китобхонаи Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна ба номи В. И. Ленин» аз номи Китобхонаи бунёдии донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна нашр намуд. Дастури мазкур доир ба 199 китоби қаламӣ маълумот медиҳад, ки аз он 102 дастхат ба забони форсӣ-тоҷикӣ, 66 дастхат арабӣ ва 31 дастхат туркӣ мебошад. Дастур ба тамоми талаботи библиографӣ ҷавогў буда, дорои кўмакфеҳрист ё нишондиҳандаи номгўйи асарҳо ва феҳристи алибоии муаллифон аст [15, с. 86].
Соли 1940 аз тарафи Китобхонаи бунёдии донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна «Маводҳои нишондиҳандаи библиографияи асарҳои чопии Алишери Навоӣ ва адабиёт дар бораи ў» нашр гардид, ки онро академик А.А. Семёнов ба ифтихори 500-солагии зодрўзи ин шоири бузурги узбек мураттаб намудааст. Дар пешгуфтори дастур А. А. Семёнов қайд намудааст, ки бо заҳмати зиёд 28 ноябри соли 1938 онро ба нашр омода намуд. Дастур доир ба 134 номгўй мавод маълумот медиҳад, ки аз онҳо 45 асару маводи нашршудаи А. Навоӣ дар солҳои 1841-1938 ва 89 асари дигар дар бораи ў маълумот медиҳанд. Чорчўбаи хронологии дастур маводҳои нашршударо аз соли 1487 то соли 1926 дар бар мегирад [10, с. 38]. Дастур дорои нишондиҳандаи алифбоии асрҳои нашршудаи А. Навоӣ ва нишондиҳандаи алифбоии муаллифон мебошад.
Инчунин соли 1940 академик А. А. Семёнов «Тасвири асарҳои дастхати Навоӣ дар китобхонаи давлатии оммавии Узбекистон»-ро мураттаб намудааст. Дастури мазкур 91 номгўи адабиётро дар бар мегирад, ки дар бораи вақти чоп, макони нашр, мазмун ва андозаи асарҳо маълумот медиҳад [14, с. 44].
А. А. Семёнов омўзиши таърихи китоб ва китобдории Шарқро идома дода, соли 1945 доир ба «Захираи дастхатҳои Шарқ дар китобхонаи давлатии оммавии ҶШС Узбекистон» мақолаи илмӣ менависад [6]. Мақолаи илмии олим дар байни шарқшиносон ва муҳақиқон барқвор паҳн гардида, доир ба арзиши илмии он дар шаҳри Тошкент 25 июл рўзномаи «Ҳақиқати Шарқ» тақризи муфасалро нашр намуд.
А. А. Семёнов ба таърихи китобдорию китобсозии кишарҳои Шарқ, Осиёи Миёна ва гузаштагони халқи тоҷик машғул гардида, соли 1951 дар ҷилди 29 Осори Филиали тоҷикистонии Академияи илмҳои ИҶШС бо номи «Усулҳои зинату ороиш додани дастхатҳои қадимаи Шарқ” мақолаи илмӣ нашр намуд, ки доир ба усулҳои ороиш додани саҳифаи дастнависҳо, рассомону наққошон ба таври муфассал маълумот медиҳад. Ў доир ба рисолаи номаълуму бемуаллифе, ки ба асри XVII дар байни Бухоро ва ё Балх навишта шудааст, маълумот дода, онро ба забони русӣ тарҷума намудааст. Дар он ҷо дар бораи тайёр намудани сиёҳӣ, таркиби рангу қоғаз ва ороиши дастнавис маълумот додааст [16].
Яке аз нахустин китобномаҳои бунёдӣ «Феҳристи дастхатҳои шарқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Узбекистон» мебошад, ки аз ҷониби Институти шарқшиносии АИ ҶШС Узбекистон солҳои 1952-1957 дар 5 ҷилд мураттаб гардидааст. Китобхонаи институти Шарқшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Узбекистон дар асоси Китобхонаи оммавии Тошкент (соли 1870) ва Китобхонаи давлатии оммавии ҶШС Узбекистон (соли 1918) баъди таъсисёбии АИ ҶШС Узбекистон аз 3 ноябри соли 1943 таъсис ёфта, захираи он зиёда аз 13 ҳазор дастхатро (манускрипт) бо забонҳои арабӣ, форсӣ, тоҷикӣ ва туркӣ дар бар мегирад. Бо вуҷуди мушкилиҳои давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1944-1945 шарқшиносони бузург А. А. Семёнов, И. Адилов, В. И. Беляев, Е. К. Бетгер, А. Е. Шмидт, Д. Г. Вороновский ва дигарон ба мураттаб намудани феҳристи дастхатҳо оғоз намуданд, ки ҷилди якуми он соли 1952 бо таҳрири академик А.Семёнов нашр гардид. Ҷилди мазкур дар бораи 743 дастхат маълумот медиҳад, ки онҳоро аз рўйи мазмун ба шуъбаи таърих (285 дастхат), матншиносӣ, илмҳои дақиқ, тиб, ҷуғрофия, хоҷагии қишлоқ ва санъат ҷудо намуда, дар охири ҳар як асар нишондиҳандаи номи дастхат ва номи муаллифон аз рўйи забон омода карда шудааст [18, с. 440].
Ҷилди дуюми он соли 1953 ба ифтихори 10-солагии таъсисёбии Академияи илмҳои Узбекистон бо пешгуфтори академик А. А. Семёнов аз чоп баромад. Ҷилди мазкур дар бораи 1025 дастхат оид ба адабиётшиносӣ, назмшиносӣ ва фолклор аз рўйи забон, давраи барориш аз асри Х то асри ХХ дар бар гирифтааст. Академик А. А. Семёнов дар пешгуфтори он қайд кардааст, ки аз камбудиҳои ҷилди якум хулоса бароварда, дар ҷилди дуюм нишондиҳандаи асарҳо аз рўйи забон, номгўйи асарҳо, номи муаллифон аз рўйи алифбо ва нишондиҳандаи хронологии асарҳою муаллифонро мураттаб намудааст [18, с. 590].
Ҷилди сеюм низ бо пешгуфтори академик А. Семёнов соли 1955 нашр карда шуда, 222 асари фалсафа, мантиқ, сотсиология ва сиёсатро дар бар мегирад. Ин асар аз нишондиҳандаҳои библиографии забонӣ, номӣ ва хронологӣ бархўрдор мебошад [20, с. 590].
Ҷилди 4-ум соли 1957 низ зери таҳрир ва пешгуфтори академик А. Семёнов нашр гардида, 661 дастхатро доир ба таърихи пайдоиши дини Ислом, зиндагии Пайғамбар, китоби Қуръон, ҳадис, фиқҳ ва зарурияти намоз дар бар мегирад. Дастхатҳо аз рўйи хронология (солшуморӣ) мураттаб гардида, расму сурати муқова, ҷилд ва баъзе саҳифаҳои лозимӣ дар он нишон дода шудааст. Асари мазкур низ дорои нишондиҳандаҳои библиографӣ ва қимати баланди илмӣ буда, дар охир ба тариқи ҷадвал солшумории ҳиҷрию милодӣ нишон дода шудааст [21, с. 554].
Азбаски А. Семёнов аз соли 1920 то охири умр бо китоб ва кори китобхона алоқаи зич ва ногусистанӣ дошт, якчанд маротиба барои ҷамъоварии китобу маводҳои зарурӣ барои китобхонаҳои Ўзбекистон ба Сант-Петербург ва Москва сафар намудааст. Дар натиҷаи сафарҳои хизматӣ нодиртарин сарчашмаҳои қаламӣ ва беҳтарин китобҳои чопиро ба китобхонаи шахсии хеш интиқол додааст. Дар байни китобҳои қаламии китобхонаи А.Семёнов маводҳои нодир ва камёфт хеле зиёд мебошанд.
А. Семенов 17-уми ноябри соли 1958 аз олам чашм пўшид ва бо Қарори Шўрои Вазирони РСС Тоҷикистон № 411 аз 24 ноябри соли 1958 бо мақсади пос доштани хотираи неки ў дар назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон китобхона (хона-музей) таъсис дода шуд. Мувофиқи васиятномаи академик А. Семёнов аз 14 июни соли 1954 тамоми чизу чора ва китобхонаю маводҳои бойгониро ба духтаронаш Олга Семёнова, Лариса Семёнова ва наберааш Татяна Семёнова мерос мондааст, ки онҳо дар ҳавлии 14-уми кўчаи Ширшоваи шаҳри Тошкент зиндагӣ мекарданд. Маблағи умумии нархи маводҳои китобхона, бойгонӣ ва тамоми чизу чора 15 ҳазор сўми соли 1954-ро ташкил медод. Ба қавли академик Аҳрор Мухторов бо чунин маблағи калон экспонатҳои хона-музей ва захираи китобхона харидорӣ гардида, китобхона (хона-музей)-и академик А. Семёнов дар кўчаи Ворошилов 4 (ҳоло Истаравшан 18) хонаи 16 кушода шуд.
То кунун дар захираи китобхонаи академик А. Семёнов 8611 нусха китоб нигоҳ дошта мешавад, ки аз он 396 нусха китобҳои форсӣ ва арабӣ, 112 дастнавис ва 284 чопи сангӣ (литография), 417 нусха китоб бо забонҳои англисӣ, франсузӣ ва немисӣ мебошанд.
Қисми асосии захираи китобхонаро зиёда аз 3570 нусха китобҳои нодири асрҳои асрҳои XVIII – XIX ташкил медиҳанд, ки онҳоро худи олим ҷамъоварӣ намудааст. Инчунин дар захираи китобхона маълумотномаҳо дар шакли энсиклопедияҳои унверсалию соҳавӣ, луғатҳо, солонаҳо, солномаҳо, ҳисоботҳо ва ғайраҳо маҳфуз мебошанд. Ба ғайр аз захираи китобҳо дар китобхонаи мазкур фотокопияҳо, диофилмҳо, ҳуҷатҳои шахсии академик А. Семенов ва шакли дафтари кори ў (мизи корӣ, диван, роҳаткурсӣ (кресло), курсӣ, трюмо, мошинкаи чопкунӣ, маводҳои хатнависии рўйимизӣ) то 15 сентябри соли 2018 нигоҳ дошта мешуданд.
Китобхонаи академик А. А. Семёнови Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 июни соли 1954 бо қарори Шўрои илмии Институти таърих дар асоси китобхонаи шахсии яке аз бостоншиносиони намоён собиқ Иттиҳоди Шўравӣ Якубовский Александр Юревич (1886 – 1953) ташкил ёфтааст. Якубовский А. аз соли 1945 то охири умр роҳбари Экспедитсияи бостоншиносии Тоҷикистон буда, солҳои 1948-1949 сардори ковиши илмии санъати наққошии Панҷакенти қадим буда, дар барқарор намудани онҳо саҳми калон гузоштааст.
Китобхона дар як ҳуҷраи хонаи истиқоматии (се ҳуҷрага) А. А. Семёнов ташкил ёфта, дар он ҷо рафҳои китобмонӣ насб гардиданд. Маълумотномаи мудири китобхона В. Денисова ва дафтари инвентарии рақами якуми китобхонаи мазкур ин гуфтаҳоро тасдиқ менамоянд [7].
Мувофиқи нақшаи генералии шаҳр дар кўчаи Истаравшан 18 сохтмони бинои нав оғоз гардида, китобхона муваққатан ба кўчаи Ҳусейнзода кўчонида шуд. Баъди ба бинои нав кўчонидани китобхона як қисми асбобу анҷоми (рахти хоб (диван), мизи калони кории дорои ду ҷевон, 2 адад роҳаткурсии калон, 4 адад курсии мулоим, роҳаткурсии майда ва оинаи калон) ба Институти таърих интиқол дода шуданд.
Зиёда аз 8 000 зихираи китобхона, 10 адад ҷевони калони китобмонӣ ва маводҳои дигар аз 14 сентябр то 20 октябр барои нигоҳдории муваққатӣ ба бинои иҷоравии кўчонида шуданд.
Аз соли 1952 А. Семёнов дар баробари корҳои илмӣ ба тарбияти ҷавонон машғул гардида дар ДДТ (ҳоло ДМТ) ва Донишкадаи омўзгорӣ (ҳоло Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ) ба донишҷўён аз фанҳои «Таърихнигории таърихи Осиёи Миёна», «Солшумории Шарқ» ва «Китобсозии Шарқ» дарс медод. Бо дастгирии ў олимони ҷавон А. Маҷлисов, А. Мухторов, З. Баҳромов, Н. Латипов ва дигарон ба шоҳроҳи илм ворид гардида, рисолаҳои хешро дифоъ намуданд.
А. Семёнов ба омўхтани таърихи Бадахшон ва мазҳаби исмоилия диққати махсус дода, дар сафари нахустини худ соли 1910 дар бораи Бадахшон ва бадахшониён чунин навиштааст: «Ин одамони камбағал ва хоксор, ки зоҳиран ба деҳқонони оддӣ шабоҳат доранд, масъалаҳои мушкилтарини фалсафаро озодона муҳокима мекунанд ва ба онҳо таваҷҷуҳи хоса доранд» (Из области религиозных верований шугнанских исмаилитов.– Мир ислам.– Т.1.– 1912.– №4.– С.523).
А. Семёнов дар китобхонаи шахсии худ асарҳои зиёди сайёҳону муҳаққиқони тоинқилобӣ ва давраи шўравиро ҷамъ овардааст, ки дар байни онҳо асарҳои шарқшиносон М. С. Андреев, Г. Арандаренко, П. А. Баранов, А. Е. Бертелс, Е. К. Бетгер, А. А. Бобринский, А. Вамбер, Гордон, Б. Л. Громбачевский, К. Г. Залеман, И. И. Зарубин, Д. Л. Иванов, А. А. Иванов, П. Лукницский, И. Минаев, И. В. Мушкетов, Н. В. Николский, В. Ф. Ошанин, Т. Н. Пахалина, Д. В. Путята, Северцов, Скворцов, В. С. Соколова, Ягелло, А. Шишов, Эдельман, Б. И. Искандаров қимати бузурги илмӣ доранд.
Дастури библиографии Е. К. Бетгер «Адабиёти таърихӣ ва мардумшиносӣ дар бораи Тоҷикистон» («Указатель историко-этнографической литературы о Таджикистане») нодиртарин нишондиҳандаи библиографӣ мебошад, ки соли 1940 дар шаҳри Тошкент мураттаб гардидааст. Як нусхаи ин дастхати нодир (чопи мошинӣ) дар китобхонаи академик А. Семёнов мавҷуд аст. Он аз сарсухан, қисми библиография, феҳристи номҳо ва феҳристи номҳои ҷуғрофӣ иборат буда, 385 номгўйи он ба таърих, тарзи зиндагӣ ва урфу одати мардуми Бадахшон бахшида шудааст.
Фаъолияти илмии академик Александр Семёнов хеле серпаҳлу ва доманадор буда, таҳқиқоти алоҳидаи илмиро тақазо менамояд.
Адабиёт
1. Архиви Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ ҶТ. Фонд А.А. Семенов, оп. 2, д. 40, л.33 – (Қарори Шўрои Вазирони РСС Тоҷикистон № 222 аз 14. 04. 1951).
2. Архиви Институти таърих. Фонд А.А. Семенов, оп 2, д. 40, л. 1, 49. – (Варақаи шахсӣ аз 06. 05. 1945 ва 14. 08. 1951).
3. Архиви Институти таърих. Фонд А.Семенов. оп. 2, св. 40, л. 3-4. (Тарҷумаиҳол).
4. Архиви Институти таърих. Фонд А.А. Семенов, оп 2, д. 40, л. 2, 50. – (Варақаи шахсӣ)
5. Восточные рукописи в библиотеке покойного В. В. Вельяминова -Зернова // Известия Российской Академии наук. – Пг., 1919. – Сер. 6. – Т. 12. – (С. 855 – 872) - 17 с
6. Государственная публичная библиотека УзССР и фонды Восточных рукописей Узбекистана // Литературный Ташкент. – Т. I. – 1945.
7. Денисова В. В библиотеке // Гулистон. – 1962. – С.128.
8. Древние библиотеки // Пионер Востока. – Ташкент. – 1938. – (№ 43) 12 май.
9. Каталог рукописей исторического отдела Бухарской центральной библиотеки // Труды Библиогр. Комиссии, бывшей при СНК ТаджССР. – Вып. 2. – Ташкент. – 1925. – 32 с.
10. Материалы к библиографическому указателю печатных произведений Алишера Навои и литературы о нем. – Ташкент, 1940. – 38 с.
11. Материалы для изучения наречия горных таджиков Центральной Азии. – М., 1900. – Ч.1. – 56 с.; Ч. 2. – 1991. – 75 с.
12. Описание исмаилитских рукописей, собранных А. А. Семеновым // Известия Российской Академии наук. – Сер. 6. – Т. 12. – 1918. – № 87. – 169 с.
13. Описание персидских, арабских и турецких рукописей Фундаментальной библиотеки Среднеазиатского государственного университета // Труды Средне- Азиатского Государственного Университета. – Сер. 2. – Вып. 4. – Ташкент, 1935. – 88 с.
14. Описание рукописей произведений Навои, хранящихся в Государственной публичной библиотеке УзССР. – Ташкент, 1940. – 45 с.
15. Описание таджикских, персидских, арабских и тюркских рукописей Фундаментальной библиотека Среднеазиатского государственного университета им. В. И. Ленина. – Вып. 2. – Ташкент. – 1956. – 88 с.
16. Рецепты оформления старинных восточных рукописей // Труды Таджикского Филиала АН СССР. – 1951. – Т. 29. – С. 89 - 98.
17. Семенов А. Этнографические очерки Зарфшанских гор, Каратегин и Дарвоза. – М.,1903. –112 с.
18 Собрание восточных рукописей Академии наук Узбекской ССР: Каталог. – Т. I (1-743) / Под ред. и при участии А. А. Семенова. – Ташкент, 1952. – 443 с. +121 табл.
19. Собрание восточных рукописей Академии наук Узбекской ССР. – Т. 2 (744 -1878) / Под ред. и при участии А. А. Семенова. – Ташкент, 1954. – 590 с.
20. Собрание восточных рукописей Академии наук Узбекской ССР. Каталог. – Т. 3 (1879 - 2800) / Под ред. и при участии А. А. Семенова. – Ташкент, 1955. – 555 с.
21. Собрание восточных рукописей Академии наук Узбекской ССР. Каталог. – Т. 4 (2801 - 3462) / Под ред. и при участии А. А. Семенова. – Ташкент, 1957. – 554 с.
Гуломшоев С.,
Сулаймонбекзаде С.
Theme by PiTfi