Вы здесь

ТАДҚИҚИ ЗАБОНИ МАТБУОТИ МИЛЛӢ ДАР КОНСЕПСИЯИ ИЛМИ ЗАБОНШИНОСИИ МУОСИР

Дар мақола роҷеъ ба тадқиқи забони матбуоти миллӣ аз давраи пайдоиши матбуот то имрўз сухан меравад. Дар бораи нахустин андешаҳо доир ба забони матбуоти тоҷик, ки ба қалами донишмандон устод Айнӣ ва Т. Зеҳнӣ тааллуқ доранд, изҳори андеша карда мешавад. Ба андешаи муаллиф ба таҳқиқи забони матбуоти тоҷик дар солҳои 50–уму 60–уми асри гузашта замина гузошта шуда бошад ҳам, дар ин самт корҳои бунёдӣ маҳз баъди солҳои 80–уми асри ХХ ва махсусан дар замони истиқлолият ба вуҷуд омадааст. Маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ барои таҳқиқи забони матбуоти тоҷик заминаи мусоид фароҳам омад ва дар ин самт аз тарафи олимону муҳаққиқон асарҳои бунёдӣ таълиф гардиданд. Муаллиф ба хулосае меояд, ки вазъи имрўзаи забони адабии тоҷик ва бисёр масъалаҳои вобаста ба рушду инкишофи ояндаи онро аз забони матбуот муайян кардан мумкин аст. Аз ин рў зарур аст, ки дар баробари таҳқиқи масъалаҳои назарии пайдоиш, инкишоф ва таҳаввули матбуот дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ ба вазъи забони он низ дар давраҳои муайян таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад.

Калидвожа: забон, матбуот, калима, истилоҳ, рўзнома, тадқиқот, муҳаққиқ, мақола, иқтибос, ҷамъият, мубодилаи афкор, журналистика, иттилоъ.

1. Назаре ба таърихи таҳқиқи забони матбуот

Забон ҳамчун ҳодисаи ҷамъиятӣ доимо дар ташаккул ва таҳаввул мебошад, яъне он баробари ҷамъият пеш меравад, тараққӣ мекунад, ривоҷу равнақ меёбад. Агар забон баробари ҷамъият инкишоф наёбад, вазифаи ҷамъиятии худ – муносибати афкори байни одамонро иҷро карда наметавонад. Забони тоҷикӣ низ асрҳо боз чунин вазифаи ҷамъиятиашро иҷро карда меояд. Дар муддати мавҷудияти худ ин забон марҳилаҳои гуногунро аз сар гузаронида, борҳо аз санҷишу имтиҳони таърихӣ гузашта, ташаккулу таҳаввул ёфтааст. Маҳз заҳмату ҷонфидоиҳои бедареғу корнамоиҳои бемонанди соҳибзабонон буд, ки он роҳи ниҳоят пурфоҷеаи таърихиро паси сар карда, бо захираи бою рангини луғавӣ, таъбироти зебою дилнишин ва сохтори пуриқтидори синтаксисӣ ба мо мерос монда, то ба имрўз вазифаи ҷамъиятиашро иҷро менамояд. Бо ин забон осори безаволи илмиву адабӣ таълиф гардидааст.

Забони тоҷикӣ, махсусан, пас аз мақоми давлатӣ гирифтанаш дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, ба марҳилаи нави рушду такомул ворид гардид. Маҳз ба туфайли соҳибистиқлолӣ ба масъалаҳои тозагии забони тоҷикӣ, такомул бахшидан ба неруи истилоҳсозии он таваҷҷуҳ дучанд гардид. Ин давра ба пайдоиш ва доман паҳн кардани воситаҳои ахбори омма, ба хусус матбуот, шароити мусоиде ба миён овард. Аз ибтидои солҳои 90–уми асри ХХ дар майдони журналистика якбора рўзномаҳои зиёде пайдо шуданд, аз солҳои 2000–ум бошад, теъдоди онҳо чандин баробари дигар афзуд. Ҳоло теъдоди умумии рўзномаҳои умумиҷумҳуриявию минтақавӣ – вилоятиву ноҳивӣ дар кишвар ба бештар аз 500 адад мерасад ва ҳамаи онҳо хоҳ бавосита ва хоҳ бевосита тарғибгари забони адабии тоҷик ҳастанд. Ҳамин аст, ки ба омўзиши ҳамешагии забони матбуот нигоҳ накарда, таваҷҷуҳ ба он маҳз дар солҳои охир хеле афзудааст.

Дар муддати зиёда аз сад соли охир, ки матбуоти тоҷик арзи вуҷуд дорад, забони матбуот низ ҷузъи муҳими забони адабӣ гардидааст. Ба таъбири профессор Б. Камолиддинов “рўзноманигорӣ дар маҷрои инкишофи забони адабии тоҷик равияи тозаест, ки дар ибтидои қарни гузашта ба миён омада, такмил ёфтааст ва чун як ҷанбаи хосаи услубиёти забон тадриҷан шакл мегирад” [7, с.6].

Ҳарчанд дар солҳои охир забони матбуот дар байни олимони забоншинос баҳсҳои зиёд ба вуҷуд овардааст, матбуот ҳамчун шакли классикии васоити ахбори омма дар тарғиби забони миллӣ нақши муҳим дорад. Аз замони пайдоиши нахустин рўзномаи тоҷикӣ дар қаламрави Осиёи Марказӣ – “Бухорои Шариф” то имрўз умдатарин проблемаҳои забон маҳз дар саҳифаҳои матбуот мавриди баррасӣ қарор мегиранд: “Дар саҳифаҳои рўзномаи “Бухорои Шариф” пайваста дар боби худогоҳию хештаншиносӣ, ба вижа дар мавриди тозагиву содагии забон, мақолоти пурмўҳтавои публисистӣ ба нашр мерасиданд. Ба ибораи дигар, эҳёи забони софу беолоиши тоҷикӣ ва тарвиҷи он яке аз аслитарин меҳварҳои асосии нашрия ба шумор меомад” [5, с. 5]. Аз тарафи дигар, журналистика бе забон вуҷуд дошта наметавонад, зеро дар шароити авҷи тараққиёти техникаю технология ҳам ҷузъитарин иттилоъро бе забон ба аудитория расондан имконнопазир аст. Матбуот, барҳақ, аслиҳаи тавонои муборизаи идеологии ҷамъият ба шумор рафта, дар тарғиби ғояҳои ҳукумат ва ҳизбҳои сиёсӣ нақши калон мебозад, дар баробари ин, дар баланд гардидани донишу маърифат ва завқу салиқаи сухандониву сухангустарии мардум хизмати шоёне анҷом дода метавонад [7, с. 8].

Дар байни аҳли эҷод, махсусан журналистон, таъбири маҷозие мавҷуд аст, ки “қалам”–ро силоҳи худ меҳисобанд, аммо дар асл силоҳи журналист сухан, яъне забон аст, зеро ҳар шахси эҷодкор маҳз ба воситаи сухани созанда, ба воситаи забони поку беолоиш ва буррову оташин ба дили хонанда роҳ меёбад. Забони матбуоти тоҷик баёнгари ҳолати имрўза ва тамоюли инкишофи минбаъдаи забони адабӣ мебошад [7, с. 8].

Дар бораи забони матбуот як зумра тадқиқоти ҷолибро метавон ном бурд. Нахустин мақолаҳо дар бораи матбуот ва забони он ба қалами устод Садриддин Айнӣ тааллуқ дорад. Агар дар мақолаи “Қавми тоҷик ва рўзнома”–и [1] устод Айнӣ, ки 25 августи соли 1924 дар рўзномаи “Овози тоҷик” ба табъ расидаааст, дар бораи зарур будани рўзнома ба ҳар қавму миллат, нақши калон доштани матбуот дар ҳалли проблемаҳои мавҷудаи ҷомеа сухан равад, дар мақолаи “Матбуоти тоҷик” [2], ки баъд аз ду сол – 6–уми сентябри соли 1926 дар “Овози тоҷик” рўйи чоп омадааст, баъзе проблемаҳои забони матбуот ба миён гузошта шудаанд.

Мақолаи донишманди тоҷик Т. Зеҳнӣ «Забони “Овози тоҷик”» [6] шояд аз нахустин мақолаҳои илмие бошад, ки бевосита ба забони рўзномаи “Овози тоҷик” бахшида шудааст. Мақолаи мазкур ба дусолагии таъсиси рўзномаи “Овози тоҷик” бахшида шуда, дар он вазъи забони рўзнома арзёбӣ мешавад [ниг.: 6]. Дар мақола инчунин дар бораи ба вуҷуд овардани истилоҳоти илмию адабии ба завқи хонандаи замон созгор ва як забони ҳамафаҳми форсӣ ақида пешниҳод мегардад: “Акнун баъд аз ин дар ташкил намудани як забони ширин ва истилоҳи илмӣ ва адабии имрўзӣ, ки фикри насли навро ифода намояд ва бо завқи коргару деҳқон нишинад, бояд кўшиш ба кор бурд ва бояд як забони сабуки адабии форсии авомфаҳм дар Шарқ ба вуҷуд овард” [6, с. 97]. Муаллиф ҳамчунин бори аввал масъалаи “озодии забон”–ро ба миён гузошта менависад: “Бояд акнун забони мо як қалам аз бандагии забонҳои бегона озод бошад. Ҳамчунон ки озодем, забонамон ҳам озод бошад” [6, с. 97]. Албатта, дар он замон, ки бархе аз бадхоҳону бадсиголон мавҷудияти забон ва миллати тоҷикро инкор менамуданд, бо чунин суханон дар матбуот баромад кардани як нафар зиёии тоҷик баробари як қаҳрамонӣ буд.

Баъд аз ду сол устод Т. Зеҳнӣ дар бораи забони “Овози тоҷик” мақолаи нисбатан мукаммале менависад, ки “Забони “Овози тоҷик” (ё ки давраҳои сегонаи ў нисбат ба забон)” ном дорад.

2. Заминаҳои таҳқиқи забони матбуоти миллӣ

Пас аз солҳои 50–уму 60–уми асри гузашта ба масъалаи забони матбуот таваҷҷуҳи бештар зоҳир шудааст. Хизматҳои забоншиносон Н. Маъсумӣ ва М. Шакурӣ дар баррасӣ ва таҳлили забони матбуот хеле назаррас аст. Н. Маъсумӣ дар мақолаҳояш «Масъалаҳои муҳими меъёри забони адабии ҳозираи тоҷик» [11, С. 330 – 337], «Доир ба маданияти сухан» [11, С. 337 – 346], «Чуноне ё чунон ки» [11, С. 347 – 349] асосан, ба масъалаҳои меъёри луғавӣ, грамматикӣ, услубии забони адабии тоҷикӣ диққат дода бошад ҳам, мақсудаш ҳушдор додани қаламкашон – нависандагону рўзноманигорон будааст. Дар мақолаҳои номбурда дар баробари масъалаҳои гуногуни грамматикаи забони тоҷикӣ ба истеъмоли дурусти калима, истилоҳот ва варваризмҳо аҳамият дода шудааст.

Аввалин тадқиқоти монографӣ дар мавриди забони матбуоти тоҷик ба қалами муҳаққиқ Т. Бердиева мансуб аст. Соли 1969 муҳаққиқ бо номи “Иқтибосоти арабӣ дар забони тоҷикӣ (дар асоси материалҳои матбуоти солҳои 20–ум)” тадқиқоти мукаммалеро ба анҷом расонидааст, ки баъдан он дар шакли монографияҳо ба табъ расидааст. Аз ҷумла, дар китоби «Лексические и грамматические элементы арабского языка в таджикском» [3, с. 12] тадқиқоти оморӣ ва басомадиро дар забони матбуоти солҳои 20–ум анҷом дода, дар асоси муқоиса бо калимаҳои иқтибосии арабӣ дар забони матбуоти солҳои 60–ум ба хулосае меояд, ки аксари калимаҳои маъмули арабии матбуоти солҳои 20–ум дар ин давра аллакай аз истеъмол баромадаанд. Соли 1991 монографияи дуюми Т. Бердиева доир ба иқтибосоти арабӣ бо номи «Назарияи иқтибос» [4] ба табъ расид, ки дар он бештар ба масъалаи назариявии иқтибосот таваҷҷуҳ карда мешавад.

Муҳаққиқ М. Шакурӣ қариб ним аср бо нуқсонҳои забони матбуот мубориза бурдааст. Аввалин мақолаҳои муаллиф ибтидои солҳои 50–уми асри ХХ ба табъ расида буданд [18]. Соли 1965 силсилаи мақолаҳои ў таҳти унвони умумии «Сухан аз забон ва тарзи баёни аҳли матбуот» дар маҷаллаи «Садои шарқ» ба табъ расид [17 с. 90] ва бо иловаи андешаҳои нав соли 1968 китоби «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад» (бо иловаҳо солҳои 1985 ва 2005 нашр гардидааст) ба майдон омад. Агар дар тадқиқоту баррасиҳои устод С. Айнӣ ва Н. Маъсумӣ умуман навиштаҳои аҳли қалам – шоирону нависандагон, рўзноманигорон ва тамоми соҳибзабонон дар мадди назар бошанд, дар нигоштаҳои М. Шакурӣ маҳз забони аҳли матбуот таҳлил карда мешаванд [18, с. 24]. Ин муҳаққиқ ба истеъмоли дурусти калима, маънои луғавии он, тобишҳои услубии калима, такрори маъно, ғалатҳо дар калимасозӣ, истеъмоли воситаҳои грамматикӣ, аломатҳои китобат ва ба дигар масъалаҳои муҳими тозагии забони воситаҳои ахбори омма мутаваҷҷеҳ шудааст.

3. Истиқлолият ва таҳқиқи забони матбуоти миллӣ

Пас аз мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ ва соҳибистиқлол гаштани ҷумҳуриамон забони тоҷикӣ давраи нави такомулро аз сар гузаронд. Дар фазои иттилоотии Тоҷикистон рўзномаву ҳафтаномаҳои гуногун тадриҷан падид омаданд. Маълум аст, ки дар саҳфаҳои онҳо доираи густурдаи ашхоси сатҳи забондонию забоншиносиашон гуногун қалам меронанд. Навиштори аксари муаллифони мақолаҳо аз ғалатҳою печидагиҳои забонӣ орӣ набуд. Агарчи ин ҳолати ноҷур, аз як тараф, забоншиносонро бештар ба ташвиш оварда бошад, аз тарафи дигар, боиси ба миён омадани як қатор асарҳо доир ба забони васоити ахбор, бахусус матбуот гардид. Ба ибораи дигар, дар замони соҳибистиқлол барои таҳқиқи забони матбуоти тоҷик заминаи мусоид фароҳам омад ва дар ин самт аз тарафи олимону муҳаққиқон асарҳои бунёдӣ таълиф гардиданд. Дар баробари ин соли 1992 дар заминаи шуъбаи журналистикаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон факултети журналистика таъсис дода шуд. Пас аз як соли таъсиси факултети журналистика дар ҳамин факултет кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ таъсис ёфт, ки яке аз самтҳои тадқиқоти илмии ин кафедра забони матбуот ва дигар ВАО мебошад. Дар давоми беш аз 20 соли фаъолияти ин кафедра доир ба паҳлуҳои мухталифи забони матбуот якчанд рисолаи номзадӣ ҳимоя карда шуд. Рисолаҳои номзадии М. Ғозиев Корбасти вожаҳои арабӣ дар матбуоти тоҷикӣ, Ҳ. Сафаров “Хусусиятҳои луғавию грамматикии сарлавҳа дар рўзнома (дар асоси маводи матбуоти солҳои 2000 – 2013) аз ин ҷумла мебошанд. Дар ин кафедра як замра тадқиқотҳо ба миён омаданд.

Асарҳои ба сифати дастури таълимӣ батабърасондаи профессор Б. Камолиддинов “Сухан аз баҳри дигарон гўянд” [7] ва “Меъёри забони адабӣ ва забони матбуот” [9] аз ҳамин қабил мебошанд. Ин ду асарро метавон давоми мантиқии асари “Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад”–и академик М. Шакурӣ номид ва худи устод М. Шакурӣ ҳам зимни як вохўрӣ бо устодону донишҷўёни факултети журналистика ба ин нукта таъкид карда буданд. Аммо, ба андешаи мо, ҳарчанд асарҳои Б. Камолиддинов – “Сухан аз баҳри дигарон гўянд” ва “Меъёри забони адабӣ ва забони матбуот”–ро давоми мантиқии асари “Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад”–и М. Шакурӣ ҳисобидан мумкин аст, дар ин асарҳо ду фарқи ҷиддӣ ба назар мерасад: аввалан, дар асари М. Шакурӣ “Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад” ҷанбаи назарӣ бар амалия бартарӣ дорад. Дар китобҳои “Сухан аз баҳри дигарон гўянд” ва “Меъёри забони адабӣ ва забони матбуот” бошад, баръакси инро мушоҳида кардан мумкин аст. Яъне устод Б. Камолиддинов ҳангоми таълифи асарҳои ба забони матбуот бахшидаи худ бештар ба ҷанбаи амалии масъала таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд. Сониян, дар асари устод М. Шакурӣ мисолҳо ба таври умумӣ ва бидуни овардани сарчашма зикр шудаанд. Дар асарҳои профессор Б. Камолиддинов ҳар як мисол бо сарчашмаи мушаххас, яъне бо нишон додани нашрияи мушаххас, шумора, рўз, моҳ ва соли нашри он оварда мешавад.

Асарҳои “Сухан аз баҳри дигарон гўянд” ва “Меъёри забони адабӣ ва забони матбуот” аз пурарзиштарин асарҳои дар самти тадқиқоти забони ВАО ба ҳисоб мераванд, ки дар онҳо нуқсонҳои забони рўзномаҳо ва роҳҳои ислоҳи онҳо бо далелҳои асоснок нишон дода шудаанд.

Аз ин рў гуфтан мумкин аст, ки ин ду асар дорои арзиши баланди илмию амалӣ буда, дар самти тадқиқи забони ВАО асарҳои бунёдӣ ба ҳисоб мераванд. Онҳо на танҳо барои рўзноманигорон, балки барои тамоми соҳибони забон, пеш аз ҳама барои устодону донишҷўёни факултету шўъбаҳои филогияву журналистика, ки бо сухан сари кор доранд, ниҳоят муҳим мебошанд.

Дар маҷмўаи «Сухандонон сухан санҷида гўянд» [15] мақолаҳои илмии дар бораи забони матбуот таълифнамудаи профессор Б. Камолиддинов ҷой дода шудаанд. Фаслҳои «Забони матбуот ва ҳусни баён» ва «Сухан санҷида гўянд»–и ин маҷмўа ба ғалатҳои калимасозиву ҷумлабандӣ бахшида шудаанд.

Соли 2000–ум Ў. Холиқназар таҳти унвони Ғалат менависем фарҳанги калимаҳои душвори забони тоҷикиро ба табъ расонид. Худи муаллиф дар сарсухани китоб зикр мекунад, ки «Ва каминаро ба ин кор ғалатҳо, иштибоҳҳое, ки дар китобҳо, рўзномаву ҳафтанома ва моҳномаву фаслномаҳо ба назар мерасанд ва аз Садо ва Симо садо медиҳанд, корбасти нодурусти вожаҳо, таркибҳо ва таъбирҳо аз ҷониби нависандагон, инчунин хатоҳое, ки аз ҷониби бархе аз баргардонандагони осори гузаштагон содир шуданд, водоштанд» [16, с. 5]. Дар ин рисола тарзи корбасти имрўза ва шакли саҳеҳи калима дар такя ба луғатҳои пешиниён оварда мешаванд. Бояд гуфт, ки дар ин луғатнома асосан, калимаҳои арабӣ шарҳ ёфтаанд. Луғати мазкур ба сифати роҳнамо арзиши баланд дорад.

Профессор М. Н. Қосимова низ дар китоби ба нуқсонҳои забони матбуот, радио ва телевизион бахшидааш ғалатҳои калимасозӣ, услубӣ ва луғавии васоити ахбори оммаро зикр намуда, аз бемавқеву ғайримақсаднок истеъмол гардидани иқтибосоти арабӣ дар забони ВАО изҳори ташвиш мекунад [10].

Дар баробари ин як силсила мақолаҳо ба мисли «Дар бораи баъзе нуқсонҳои забони матбуоти тоҷик»–и Б. Камолиддинов [8], «Матбуот ва забони он»–и С. Мирзоев [12], «Нақши матбуот ва тарҷума дар ташаккули истилоҳоти забони тоҷикӣ»–и С. Назарзода [14], «Баъзе нуқсонҳои тарҷума дар матбуот»–и М.Ҷ. Мирзоева [13] ба вуҷуд омада, аз паҳлуҳои гуногуни луғавӣ, услубии забони матбуот баҳсҳои созандае кардаанд. Бо вуҷуди ин паҳлуҳои мухталифи забони матбуот ҳанўз мавриди тадқиқи амиқ қарор нагирифтаанд. Вазъи имрўзаи забони адабии тоҷик ва бисёр масъалаҳои вобаста ба рушду инкишофи ояндаи онро аз забони матбуот муайян кардан мумкин аст. Аз ин рў зарур аст, ки дар баробари таҳқиқи масъалаҳои назарии пайдоиш, инкишоф ва таҳаввули матбуот дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ ба вазъи забони он низ дар давраҳои муайян таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад.

Адабиёт

  • 1. Айнӣ, С. Қавми тоҷик ва рўзнома // Куллиёт / С. Айнӣ. – Душанбе: Ирфон, 1969. – Ҷ. 9. – С. 196 – 198.
  • 2. Айнӣ, С. Матбуоти тоҷик // Ахгари инқилоб / С. Айнӣ. – Душанбе: Ирфон, 1974. – С. 94 – 98.
  • 3. Бердиева, Т. Лексические и грамматические элементы арабского языка в таджикском: (По материалам прессы 20–х годов) / Т. Бердиева. – Душанбе: Дониш, 1968. – С. 12.
  • 4. Бердиева, Т. Назарияи иқтибос / Т. Бердиева. – Душанбе, 1991. – 128 с.
  • 5. Ғозиев, М. Корбасти вожаҳои арабӣ дар матбуоти тоҷикӣ / М. Ғозиев. – Душанбе: Бебок, 2012. – 188 с.
  • 6. Зеҳнӣ, Т. Забони “Овози тоҷик” / Т. Зеҳнӣ / Забони тоҷикӣ дар мабнои мубоҳисаҳо. – Душанбе: Ирфон, 2007. – С. 96 – 99.
  • 7. Камолиддинов, Б. Сухан аз баҳри дигарон гўянд / Б. Камолиддинов. – Душанбе: Интернюс, 2001. – 171 с.
  • 8. Камолиддинов, Б. Дар бораи баъзе нуқсонҳои забони матбуоти тоҷик / Б. Камолиддинов // Оинаи забон. – Душанбе, 2003. – С. 14 – 31.
  • 9. Камолиддинов Б. Меъёри забони адабӣ ва забони матбуот / Б. Камолиддинов. – Душанбе, 2007. – 52 с.
  • 10. Қосимова, М. Н. Сухан бояд ба дониш дарҷ кардан / М.Н. Қосимова. – Душанбе, 2005. – 135 с.
  • 11. Маъсумӣ, Н. Асарҳои мунтахаб / Н. Маъсумӣ. – Душанбе: Ирфон, 1980. – Ҷ.2. – 341 с.
  • 12. Мирзоев, С. Матбуот ва забони он / С. Мирзоев // Оинаи забон. – Душанбе, 2003. – С. 54 – 59.
  • 13. Мирзоева, М. Ҷ. Баъзе нуқсонҳои тарҷума дар матбуот / М. Ҷ. Мирзоева // Оинаи забон. – Душанбе, 2003. – С. 41 – 45.
  • 14. Назарзода, С. Нақши матбуот ва тарҷума дар ташаккули истилоҳоти забони тоҷикӣ / С. Назарзода // Оинаи забон. – Душанбе, 2003. 
  • 15. Сухандонон сухан санҷида гўянд. – Душанбе: Эҷод, 2005. – 276 с.
  • 16. Холиқназар, Ў. Ғалат менависем / Ў. Холиқназар. – Душанбе, 2001. – 135 с.
  • 17. Шакурӣ, М. Сухан аз забон ва тарзи баёни аҳли матбуот / М. Шакурӣ // Садои Шарқ. – 1965. – № 10.
  • 18. Шакурӣ, М. Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад / М. Шакурӣ. – Душанбе, 2005. – 432 с.

Ҷумъаев М. О.

Theme by PiTfi