Вы здесь

НАҚШИ ЮНЕСКО ДАР МАЪРУФИЯТИ КИТОБ ВА МУТОЛИАИ ОН

Дар мақола масоили созмондиҳиву баргузории чорабиниҳои марбут ба умури китоб мавриди баррасӣ қарор гирифта, нақши ЮНЕСКО ҳамчун ташкилоти ташаббускор чиҳати роҳандозии озмуну ҷашнвораҳои байналмилалӣ дар самти рушду тавсеаи китобу мутолии он дар саросари ҷаҳон арзёбӣ шудааст.

Калидвожаҳо: ЮНЕСКО, озмун, китоб, умури китоб, хониш, пойтахти ҷаҳонии китоб, ҳуқуқи муаллиф, барнома.

Ташкилоти байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) 23 апрели соли 1995 «Рўзи умумиҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллиф»-ро ҳамчун ҷашн эълон намуд ва ба ин муносибат ҳамасола дар беш аз сад давлати ҷаҳон дар муассисаву ташкилотҳо, ассотсиатсияву созмонҳо, мактабу китобхонаҳо бо иштироки аҳли ҷомеа чорабиниҳо дар самти рушду тавсеаи китобу мутолиа баргузор мегарданд. Дар тўли фаъолияти хеш «Рўзи умумиҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллиф» барои ҷалби ҳарчи беҳтару бештари аҳолии сайёра ба китобхониву донишандўзӣ, ҳамгироиву ҳамкории мутақобили муассисаҳои интишоротӣ, тақвияти ҳифзи ҳуқуқҳои муаллиф ва густариши фаъолияти ноширону паҳнкунандагони китоб, китобдорону китобдўстон корҳои назаррасро ба анҷом расонид. Ин иқдомҳои наҷиб имкон доданд, ки нақшу мақоми китоб ҳамчун сарчашмаи дониш, нигоҳдорандаи мероси ғайримоддӣ, баёнгари таърихи гузаштаву навин ва таҷассумгари симои фарҳанги миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ҷилвагар гардад ва барои пайдоиши ташаббусҳои нав замина гузорад. Аз ҷумла, шурўъ аз соли 2000 бо ибтикори се ташкилоти байналмилалии касбӣ дар соҳаи умури китоб: Иттиҳоди байналмилалии ноширон (IPA), Федератсияи байналмилалии китобфурўшон (IFB), Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳо ва муассисаҳои китобдорӣ (IFLA) ҷиҳати ҳамасола эълон намудани пойтахти яке аз давлатҳои ҷаҳон ба ҳайси ғолиби озмуни «Пойтахти ҷаҳонии китоб» аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамаҷониба дастгирӣ мегардад. Ин чорабинӣ чун анъана 23 апрел дар «Рўзи умумиҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллиф» оғоз ёфта, пас аз як сол дар ҳамон рўз ҷамъбаст мегардад. Тибқи талаботи Кумитаи машваратии озмуни «Пойтахти ҷаҳонии китоб» таҳти сарпарастии ЮНЕСКО ҳамасола пойтахти давлатҳои ҷаҳон ба ҳайси номзад пешниҳод мегарданд ва яке аз онҳо баъд аз таҳлилу баррасии ҳуҷҷатҳои ба озмун пешниҳодшуда аз ҷониби Кумитаи машваратӣ ҳамчун ғолиби озмун тасдиқ мегардад. Шаҳри ғолибомада вазифадор мешавад, ки тўли як сол чорабиниҳои марбут ба умури китобро дар доираи барномаи тасдиқшуда амалӣ гардонад ва бо ҳамин васила дар раванди ҷаҳонишавии хониши китоб, тарғиби илму дониш ва фарҳангу иттилоот дар саросари ҷаҳон саҳм гирад. Барои соҳиб шудан ба чунин шарафи бузург шаҳри пешниҳодшаванда бояд қаблан тибқи муқаррароти мавҷуда барномаи мукаммали амалро барои як сол таҳия намояд. Дар барнома ба инобат гирифтани чунин маҳакҳо шарт аст:

            - таҳия ва пешниҳоди Лоиҳаи фаъолиятҳо барои як сол, ки татбиқи онҳо барои шаҳри ҳамчун «Пойтахти ҷаҳонии китоб» интихобшуда ва ҷомеа муддати дароз судманд бошанд;

            - нақшаи умумии хароҷоти пешбинишуда ва стратегияи таъсиси фонд;

            - саҳм ва дараҷаи вобастагии ташкилотҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ, инчунин иштироки созмонҳои касбиву ғайриҳукуматӣ дар татбиқи чорабиниҳои банақшагирифташаванда;

            - миқдор ва сифати чорабиниҳои марбут ба умури китоб, ки шаҳри номзад бо ташкилотҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ баргузор намудааст;

            - миқдор ва сифати лоиҳаҳои дигари пурсамар барои рушду тавсеаи китобу мутолиа;

            - мувофиқат бо усулҳои озодии баён, озодии нашр ва пахши ахборот, чи тавре ки дар Конститутсияи ЮНЕСКО, моддаҳои 19 ва 27-и Декларатсияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи башар ва Аҳднома дар бораи ворид намудани маводи таълимӣ, илмӣ ва фарҳангӣ (Аҳдномаи Флоренс) дарҷ гардидааст.

Ҳамзамон зарур аст, ки ҳангоми тарҳрезии барномаи амал тамоми талабу дархост, таклифу пешниҳоди созмону анҷуманҳои миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалии касбии марбут ба умури китоб, ки ифодагари афкору андешаҳои муаллифон, ноширон, китобфурўшон, китобдорон ва аҳли илму адаб мебошанд, ба инобат гирифта шавад.

Бори нахуст, соли 2001 унвони «Пойтахти ҷаҳонии китоб»-ро шаҳри Мадриди Испания соҳиб шудааст. Баъдан, соли 2002 шаҳри Александрияи Миср, соли 2003 Ню - Делҳии Ҳиндустон, соли 2004 Антверпени Белгия, соли 2005 Монреали Канада, соли 2006 Турини Италия, соли 2007 Баготаи Колумбия, соли 2008 Амстердами Нидерландия, соли 2009 Бейрути Лубнон, соли 2010 Люблянаи Словения, соли 2011 Буэнос-Айреси Аргентина, соли 2012 Еревани Арманистон, соли 2013 Бангкоки Тайланд, соли 2014 Порт-Харкорти Нигерия, соли 2015 Инчхони Ҷумҳурии Куриё, соли 2016 Вротслави Лаҳистон ин унвонро соҳиб шуданд. Имсол «Пойтахти ҷаҳонии китоб» шаҳри Конакри Ҷумҳурии Гвинея интихоб шудааст. Соли оянда ин ташаббус бар души шаҳри Афинаи Юнон вогузор карда мешавад.

Аҳамияти чорабинии мазкур, қабл аз ҳама, аз он иборат аст, ки тавассути ташкил ва баргузории он бештари масоили марбут ба умури китоб дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди арзёбӣ қарор мегиранд. Ин ташаббусҳои наҷиб ба раванди ҷаҳонишавии хониши китоб, ташаккули навъу шаклҳои муосири интишору тарғиби манобеи чопиву электронӣ, рушду нумўи соҳаи китобшиносиву китобдорӣ мусоидат карда, имкон медиҳад, ки ҳарчи беҳтару бештар таваҷҷуҳи хосса, дастаҷамъона ба истифодаи бамавриди китоб ҳамчун воситаи азхудкунӣ ва такмили дониш доир ба ҳамаи соҳаҳои илму истеҳсолот, роҳандозӣ карда шавад.

Тоҷикистон дар ташкил ва баргузории чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии марбут ба умури китоб низ таҷрибаи кофӣ дорад ва ҳамасола дар ин самт силсилаи чорабиниҳои илмиву маърифатӣ ва фарҳангиву иттилоотӣ дар саросари кишвар баргузор мешаванд. Аз ҷумла, ҳамасола дар ҷумҳурӣ 4 сентябр – Рўзи китоб ҷашн гирифта шуда, фестивал озмунҳои ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китобҳои кўдакону наврасон», «Китоб ва мусиқӣ барои кўдакону наврасони Тоҷикистон», «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ», озмуни ҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол», намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегарданд. Ҳамзамон ташкил ва баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии кори китобхонаҳои мамлакат таҳти унвонҳои «Чароғи ҳидоят», «Дониш талабу бузургӣ омўз», «Китобхонаи намунавӣ» шаҳодат медиҳанд, ки коршиносони соҳа дар ин самт таҷриба афрўхта, комёб шудаанд. Бинобар ин, Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор ва соҳибтаҷриба метавонад номзадии шаҳри Душанберо барои соҳиб шудан ба унвони «Пойтахти ҷаҳонии китоб» ба Кумитаи машваратии озмун пешниҳод намояд. Барои ин иқдом шароитҳои зарурӣ фароҳаманд. Аз ҷумла, дар пойтахти мамлакат Китобхонаи миллӣ фаъолият дорад, ки аз нигоҳи масоҳат, ғунҷоиши фонди китоб, роҳандозии хадамоти китобдориву иттилоотӣ ва ташкилу баргузории чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ беназир аст. Дар шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ низ китобхонаҳои наву замонавӣ сохта ба истифода дода шудаанд. Имрўз сатҳу сифати табъу нашри китоб низ рў ба инкишоф ниҳода, муассисаҳои интишорӣ бо технологияи муосир муҷаҳҳаз гардидаанд.

Ҳамин тавр, баргузории силсилаи чорабиниҳо дар доираи барномаи «Пойтахти ҷаҳонии китоб», аз қабили конфронсу форумҳо, фестивалу озмунҳо, намоишу вохўриҳо, маҳфилу руйнамоиҳо, ҳамоишҳои илмиву мизҳои гирд ва дигар иқдомҳои марбут ба ҷамъовариву туҳфа, интишору тақсимоти китоб, дастгириву тавсеаи шароитҳои хониш, дар маҷмўъ барои тавлиди донишҳои нав оид ба нақш ва мақоми китоб дар ҳаёти маънавии ҷомеа, ҷаҳонишавии хониш, тақвияти ҳамкориҳои мутақобили намояндагони муассисаҳои табъу нашр, тавсеаи китоб, китобдорӣ, мубодилаи афкори коршиносони ҳифзи ҳуқуқи муаллиф, аҳли илму адаб ва кулли китобдўстон шароит муҳайё сохта, дар густариши робитаҳои илмиву фарҳангии ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

Комилзода Ш

Theme by PiTfi