Вы здесь

ОЁ «БИБЛИОГРАФИЯИ МОНОГРАФӢ» ГУФТАН ДУРУСТ АСТ?

Библиография

(Тақриз ба китобномаи шарҳиҳолии Раҷабов, Ҷ. Осорномаи профессор Сафар Сулаймонӣ: Библиографияи монографӣ (?) / Зери назари академик Ф. Шарифзода; муҳаррир: Б. Холов. – Душанбе, 2016. – 284 с.).
«Осорномаи профессор Сафар Сулаймонӣ» ба муносибати 65-солагии доктори илмҳои педагогӣ, профессор, академики Академияи байналмилалии иттилоотсозии СММ, узви Бунёди эроншиносии Ҷумҳурии исломии Эрон Сафар Сулаймонӣ аз ҷониби Ҷўрабой Раҷабов, ки яке аз китобдорони собиқадори ҷумҳурӣ мебошад, мураттаб гардида, соли 2016 рўйи чоп омадааст.
Дар мақолае, ки таҳти унвони «Дар паҳнои илму фарҳанг» ба забони тоҷикӣ ва «В недрах науки и культуры» ба забони русӣ дар аввали китоб ҷойгир гардидааст, дар бораи фаъолияти Сафар Сулаймонӣ иттилоъ дода шудааст. Дар мақола омадааст, ки «осорнома барои муаррифии шахсият ва равшанӣ андохтан ба паҳлуҳои фаъолияти илмии профессор ва мушаххассозии ҷойгоҳ ва мавқеи ў дар ҷодаи илму фарҳанги кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард».
Қайд бояд намуд, ки «Осорнома»-и мазкур дастури библиографии нахустин набуда, дар асоси осорномаҳои қаблан интишорёфта, таҳия шудааст. Масалан, соли 1996 китобномаи шарҳиҳолии «Сафар Сулаймонӣ» (мураттиб Ш.Тошев), соли 2001 «Дар оғуши китобҳо: Маҷмўаи мақолот ва китобномаи Сафар Сулаймонӣ (мураттиб Б. Холов), соли 2008 «Китобшиносии осори Сафар Сулаймонӣ» (мураттибон Ҷ. Раҷабов ва С. Камолзода) ва соли 2011 «Китобшиносии осори Сафар Сулаймонӣ» (мураттиб С. Камолзода) ба табъ расидаанд. «Осорнома» и нав бошад, аз китобномаҳои қаблан интишорёфта айнан рўйбардор карда шуда, ба он нашрҳои минбаъда рўйи чопомада ворид гардидаанд, яъне нашри такрорӣ мебошад. Маъмулан, дар мавриди такроран
чоп намудани китоб, ба шумораи нашри он ишора карда мешавад. Аз
ин лиҳоз дар варақаи унвонӣ ва сарсухани дастури мазкур қайд мебо-
ист кард, ки «Осорномаи профессор Сафар Сулаймонӣ» нашри 5-ум
буда, бо ворид намудани иловаҳо пурра карда шудааст.

Theme by PiTfi