published by Jamshed on пн, 02/01/2021 - 13:31
Мақолаҳои илмие, ки барои чоп ба маҷалла пешниҳод мегарданд, аз ташхиси пешакӣ гузаронида мешаванд (ташхис аз ҷониби аъзои ҳайати таҳририя – мутахассисони соҳа анҷом дода мешавад) ва сипас дар доираи тартиботи ҷорӣ барои чоп қабул мегарданд. Талабот барои тартиб додани шакли ниҳоии матни мақола дар ҳар як шумораи маҷалла чоп карда мешавад.
published by admin on ср, 03/18/2020 - 22:38
Дар ин мақола доир ба оғози илмомўзӣ, давраи камолот, рушди таърихнигорӣ, фаъолияти китобшиносӣ ва китобдории академик А. А. Семёнов ба таври мухасар маълумот дода шудааст. Ҳамкории академик А.Семёнов бо Китобхонаи бунёдии донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна (1920-1946) ва Китобхонаи Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Узбекистон (1943-1950) ба таъсиси китобхонаи шахсии худи олим (соли 1954) асос гузоштанд.
published by admin on ср, 03/18/2020 - 22:31
Дар мақола оид ба заминаҳои пайдоиш, рушду такомул ва ҷанбаҳои фарҳангиву миллии ҳунари зардўзии тоҷикон маълумот дода шудааст. Ҳангоми таҳқиқот муайян гардид, ки зардўзӣ ҳунари қадима буда, дар асоси санъати гулдўзӣ ба вуҷуд омадааст. Барои асоснок намудани баррасии мавзўъ мо ба таҳқиқотҳои марбут ба ҳунари зардўзӣ, ки дар асри гузашта
published by admin on вс, 03/15/2020 - 15:27
Дар мақола маводи марбут ба фаъолияти эҷодӣ ва иҷрокунандагии асосгузори санъати хореографии тоҷик – Ғаффор Валаматзода мавриди таҳлил қарор гирифта, саҳми ў дар рушду такомули санъати хореографии тоҷик, созмондиҳии дастаҳои ҳунарӣ, эҷоду таҳияи асарҳои саҳнавӣ ва тарбияи истеъдодҳои ҷавон арзёбӣ шудааст.
Калидвожаҳо: Ғаффор Валаматзода, театр, филармония, ансамбл, хореография, рақс, балет, режиссёр, намоишнома, асари саҳнавӣ, истеъдод.
published by admin on сб, 03/14/2020 - 15:24
Дар ин мақола анъанаҳои лухтаксозӣ ва лухтакбозиҳои халқи тоҷик баррасӣ карда шудааст. Лўхтак дар фарҳанги умумии тоҷикон, пеш аз ҳама, бо ҳаёти инсон мувофиқ кунонида мешавад. Лўхтак ҳамчун образи инсон дар маросимҳои дафн, сур, урфу одатҳои тақвимӣ истифода мегардид ва ҳамчунин дар эътимодҳои мардум ва матнҳои фолклорӣ дида мешавад. Ҳамчунин муаллиф навъҳои анъанавии театрҳои лўхтаки тоҷикон – зочабозӣ ва чодархаёлро тавсиф намуда, зикр мекунад, ки ин анвои театр, асосан, байни сокинони шаҳрҳое чун Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Истрафвшан паҳн гардида буд.
Страницы