Вы здесь

ИНЪИКОСИ ТАЪРИХИ СИЁСИИ МОВАРОУННАҲР, ХУРОСОН ВА ЭРОНИ НИМАИ АВВАЛИ САДАИ XVI ДАР «ҶАҲОНКУШОИ ХОҚОН»

«Ҷаҳонкушои хоқон» ё «Таърихи шоҳ Исмоил»  маҳсули қалами муаллифи номаълуми нимаи аввали асри XVI, аз минтақаи шимолу шарқии Эрон мебошад.  Муаллиф худ шоҳиди бевоситаи ҳодисаҳои тасвирнамудааш аст, ки асари хешро дар миёни солҳои 948-955 ҳ.қ./ 1541 - 1548 иншо намудааст.

Арзиши таърихии ин рисола дар он аст, ки муаллиф вақоёи таърихии нимаи аввали садаи XVI-ро, ки дар Мовароуннаҳру Хуросон ва Эрон  рух додаанд, чун шоҳиди воқеӣ баён мекунад. «Ҷаҳонкушои хоқон» фарогири шавоҳиди мушаххаси таърихиест, ки тасдиқи онҳоро дар дигар манобеи ин аҳд ва баъди он меёбем.

«Ҷаҳонкушои хоқон» боз аз он ҷиҳат арзишманд аст, ки  дар он на танҳо воқеаҳои таърихии даври муайян инъикос шудааст, балки муаллиф чун муаррихи донишманд ҳодисаҳо ва далелҳои таърихиро баррасӣ намуда, хулосаҳои ҷолиб мебарорад. 

Ин асар бо вуҷуди баъзе навоқис аз нигоҳи муҳимият ва сиҳати ахбор маъхази дасти аввал маҳсуб мешавад, зеро ки ҳамзамон бо рўйдод офарида шудааст ва дар омўзиши таърихи сиёсии Эрон, Хуросон ва Мовароуннаҳри нимаи аввали садаи XVI ҷойгоҳи шоистае миёни дигар манобеи таърихии ин давр дорад.

Калидвожаҳо: «Ҷаҳонкушои хоқон», Исмоили Сафавӣ, Эрон, Мовароуннаҳр, Хуросон, «Ҳабибу-с-сияр», Хондамир, Сафиуддин Исҳоқи Ардабилӣ, Садриддини Мусо, Шайбонихон, Марв, Сорӣ, Мозандарон, Заҳириддин Бобур, Самарқанд, Сафавиён, Амударё, Шайбониён, Ҳусайн Бойқаро, Насаф, қатли ом, Муҳақиқи Каракӣ.

«Ҷаҳонкушои хоқон» ё «Таърихи шоҳ Исмоил» аз сарчашмаҳои боарзиши таърихии нимаи аввали садаи XVI мебошад, ки ҳодисаҳои муҳими сиёсии Мовароуннаҳру Хуросон ва Эрони ин замонро фаро мегирад. Муаллифи ин рисола шахси номаълум буда, худ шоҳиди бевоситаи ҳодисаҳои тасвирнамудааш аст, ки асари хешро дар миёни солҳои 948-955 ҳ.қ./ 1541 - 1548 иншо намудааст [7].

«Ҷаҳонкушои хоқон» дарбаргири таърихи муфассали ба қудрат расидани Исмоили Сафавӣ (907-930 ҳ.қ. /1501-1524) буда, шарҳи ҳоли мухтасари аҷдод ва  муосирини ўро дар бар мегирад. То кунун танҳо ду нусхаи хаттӣ аз ин китоб шинохта шудааст, ки яке аз онҳо дар китобхонаи донишгоҳи Кембриҷ бо шумораи AR200 ва дигаре дар осорхонаи Британияи Лондон ба шумораи AR 3248 нигаҳдорӣ мешавад.

Муҳаққиқи покистонӣ Аллоҳ Дито Музтар соли 1986 нашри факсимилии ин китобро тавассути маркази таҳқиқоти форсии Эрон ва Покистон дар Исломобод анҷом дод.

Доираҳои илми таърих то соли 1986 аз ин китоб иттилое надоштанд ва табиист, ки аз он истифода накарданд. Баъди нашри факсимилии ин рисола матолиби он ба таври густурда аз ҷониби пажўҳандагони таърихи нимаи аввали садаи шонздаҳи Эрон, Мовароуннаҳр ва Хуросони истифода нашудааст.

Садаи XVI замони пурошўбе барои таърихи Мовароуннаҳр, Хуросону Эрон ба ҳисоб меравад. Баъд аз суқути давлати Темуриён дар ин қаламрав Сафавиён дар Эрон ва Шайбониёни узбак дар Мовароуннаҳр ба қудрати сиёсӣ расиданд. Сарзамини Хуросон дар тўли як сада ба арсаи муборизаи Сафавиён ва Шайбониён мубаддал гашт. Дар Эрон мазҳаби ташайюъ чун мазҳаби расмӣ эълон кардид, аммо Шайбониёни узбак аз мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоати роиҷбуда дар Мовароуннаҳр ҷонибдорӣ карданд. Дар ибтидои садаи XVI марзбандиҳои сиёсӣ миёни Эрон ва Мовароуннаҳр бар мабнои мазҳаб сурат гирифт ва рўдхонаи Амударё чун марз миёни ин ду сарзамини як замон воҳид муқаррар гардид [3] .

Қобили зикр аст, ки рисолаҳои таърихӣ баъди садаи XVI дар Мовароуннаҳр, Эрон ва Хуросон бештар аз дидгоҳи мазҳаби роиҷ дар ин сарзаминҳо иншо шудаанд. Аз ин рў, дар баёни ҳодисаи таърихӣ, ки ба муносиботи сиёсии Мовароуннаҳр, Эрон ва Хуросон иртибот мегиранд, муаллифони осори таърихӣ бетараф набуданд ва танҳо бар мабнои баррасиҳои татбиқӣ метавон дурустӣ ва ё нодурустии ахбори онҳоро собит кард. Дар зимн «Ҷаҳонкушои хоқон» низ аз он истисно нест, зеро муаллифи он як шиаи мутаассиб аст ва мусалламан ҳодисаҳоро аз зери айнаки замон сабт кардааст.

Муаллифи «Ҷаҳонкушои хоқон» зикре аз китобҳои пешин, ки ў дар таълифи рисолаи хеш истифода кардааст, намекунад. Аммо  дар натиҷаи муқоисаи матолиби ин китоб бо «Ҳабибу-с-сияр»-и Хондамир маълум мешавад, ки дар баёни ҳаводиси зиёде аз матолиби «Ҳабибу-с-сияр» дар «Ҷаҳонкушои хоқон» истифода шудааст [6].

 «Ҷаҳонкушои хоқон» матолиби ироанамудаи «Ҳабибу-с-сияр»-ро пиромуни ҳаводиси чаҳоряки аввали садаи XVI рухдода дар Эрон, Хуросон ва Мовароуннаҳр  такмил менамояд ва шарҳи воқеаҳои давраи салтанати шоҳ Исмоилро муфассал баён мекунад.

Писари Хондамир Амир Маҳмуди Хондамир, муаллифи рисолаи «Таърихи шоҳ Исмоил ва шоҳ Тахмоспи Сафавӣ», ки бо номи  «Зайли Ҳабибу-с-сияр» низ маъруф аст, дар тасвири баъзе воқеаҳои ин давр  аз рисолаи «Ҷаҳонкушои хоқон» истифода кардааст. Амир Маҳмуд таълифи китоби худро ба соли 953 ҳ.қ. /1546-47 оғоз намуда, соли 957 ҳ.қ. / 1550 ба поён расонида аст [1].

Дар рисолаи «Ҷаҳонкушои хоқон» ҳамвора тартиби замонӣ дақиқан дар назар гирифта шуда, муаллифи он рўзу соли воқеаҳои муҳимро ҳама ҷо зикр карда, ҳар гоҳ лозим будааст аз ҳошияҳо низ истифода кардааст, ки он арзиши таърихии баёни воқеаро бештар мекунад.

Матолиби ироашуда дар «Ҷаҳонкушои хоқон»-ро метавон шартан ба 31 боб табақабандӣ кард, ки аз баёни муҷмали савонеҳи ҳоли гузаштагони Исмоили Сафавӣ, мисли Фирўзшоҳи Зарринкулоҳ, Зоҳиди Гелонӣ, Сафиуддин Исҳоқи Ардабилӣ, Садриддини Мусо, султон Алии Сиёҳпўш, Шайх Ҷунайд ва Шайх Ҳайдар оғоз шуда, то муборизаҳои ба қудрат расидани Исмоили Сафавӣ, замони салтанати ў дар Эрон (1501-1524)-ро муфассал дар бар мегирад [7, С. 3-612].

Арзиши таърихии ин рисола пеш аз ҳама дар он хулоса мешавад, ки муаллифи он вақоёи таърихии нимаи аввали садаи XVI-ро, ки дар Эрон рух додаанд, чун шоҳиди воқеӣ баён мекунад ва дар зимн аз муносиботи сиёсии Эрону Мовароуннаҳр матолиби ҷолиб ироа медорад, ки назири онҳоро дар дигар осори таърихии ин давр пайдо намекунем. Ҳамчунин «Ҷаҳонкушои хоқон» фарогири шавоҳиди мушаххаси таърихиест, ки тасдиқи онҳоро дар дигар манобеи ин аҳд ва баъди он меёбем.

«Ҷаҳонкушои хоқон» боз аз он ҷиҳат арзишманд аст, ки муаллифи он на танҳо тасвир ва тавсифи воқеаҳоро мекунад, балки чун муаррихи донишманд ҳодисаҳо ва далелҳои таърихиро баррасӣ намуда, хулосаҳои ҷолиб мебарорад.

Муҳимтарин матолиб аз таърихи муносиботи сиёсии Мовароуннаҳру Эрон дар замони ҳукумати Исмоили Сафавӣ ва Шайбонихон ин набарди Марв дар моҳи ноябр-декабри соли 1510 мебошад, ки он аз ҷониби муаллифи «Ҷаҳонкушои хоқон» муфассал зикр шудааст. Аз ҷумла дар ин рисола омадааст, ки Шайбонихон пас аз ақибнишинии Исмоили Сафавӣ дар ҳаволии Марв тасаввур кард, ки дар баъзе нуқоти Эрон, аз ҷумла дар Озарбойҷон нооромӣ рух додаст ва фикр кард, ки Исмоили Сафавӣ ба он ҷониб хоҳад рафт. Аммо аз рўи эҳтиёт як ду рўз аз қалъа берун наомад ва бо амиронаш ба машварат пардохт. Аз амирони Шайбонихон Қанбарбий пешниҳод кард, ки то омадани Убайдуллоҳ султон (писари бародари Шайбонихон) ва Муҳаммад Темур султон (писари Шайбонихон) ва дигар султонҳои Шайбонӣ аз Мовароуннаҳр аз берун рафтан аз қалъа худдорӣ кунанд, зеро ақибнишинии лашкари Исмоили Сафавӣ аз рўи фиреб аст. Дар ин миён зани Шайбонихон – Муғулхонум, ки дар ин машваратҳо ширкат мекард, ба Шайбонихон муроҷиат карда, гуфт: «Шумо мукаррар китобати таъаррўз  омез ба шоҳ Исмоил навишта ирсол доштед ва вайро ба ҷанг талаб фармудед ва он ҳазрат бинобар ваъдаи Шумо бо сипоҳ аз роҳи дур ба Марв омад ва шумо аз роҳи беғайратӣ хоки беномусӣ ба сари худ пошида, аз шаҳр берун нарафтед. Ҳолиё ки эшон аз ин ҷо қарор бар фирор доранд, салоҳ дар он аст, ки раъбу ҳарос ба хотир роҳ надода, ба майдони муҳориба шитобед…» [7, 373].  Баъд аз ин суханон рўзи ҷумъаи моҳи шаъбони 913 ҳ.қ аз дарвозаи Марв барои ҷанг Шайбонихон бо лашкари худ берун омад ва чун ба қарияи Маҳмудӣ расид, Амирбеки Мавсулу мувофиқи дастури Исмоили Сафавӣ рў ба водии фирор ниҳод ва Шайбониён фикр карданд, ки воқеан лашкари Исмоили Сафавӣ аз рўи заъф ақибнишинӣ мекунад ва бинобар ин боҷуръатона узбакон аз дарёчаи Сияҳоб гузаштанд, ки ин замон сарбозони дар камин нишастаи Исмоили Сафавӣ пулро хароб карданд. Шайбонихон баъд аз мушоҳидаи сипоҳи шоҳ Исмоил мутааҷҷиб шуд ва ба ваҳшат афтод. Амиронаш Ҷонвафо мирзо ва Қанбарбийро тарғиб ба ҷанг намуд ва он ду нороҳат шуда, Шайбонихонро ба хотири гўш накардани насоеҳи онҳо дашном доданд. Онҳо изҳор доштанд, ки бо амали хеш худро ва моро дар маърази ҳалок овардӣ ва аёлу атфоли узбакро ба асирии қизилбош мубтало сохтӣ. Шайбонихон аз ҳангоми тулўи офтоб то ба ҳангоми зуҳр пойдорӣ кард, аммо осори пирўзии шоҳ Исмоил намоён мешуд. Билохира узбакон рўй ба фирор ниҳоданд. Теъдоди зиёде аз онҳо дар ҳоли фирор ба Сияҳоб расиданд то онро убур кунанд ва дар он ғарқ шуданд. Шайбонихон бо панҷсад нафар аз мулозимони худ ба миёни чаҳордеворе расид, ки роҳи бурунрафт надошт ва бо тиру шамшери сипоҳи Исмоили Сафавӣ кушта мешуданд. Ба фармони шоҳ Исмоил Шайбонихонро дар миёни кушташудагон ҷустуҷў карданд ва ҷасади ўро зери ҷасади дигар кушташудагони сипоҳи узбак дарёфтанд [7, 373-380].

Шахсе бо номи Азизоқо ки бо Одибаҳодур маъруф буд, сари Шайбонихонро бурида, пеши пойи аспи Исмоил Сафавӣ андохт. «Подшоҳи кинахоҳ (Исмоили Сафавӣ) се зарбат аз шамшер… бар шикамаш заданд ва ду дасти ўро қатъ намуданд, ба лутфи гуҳарбор адо фармуданд, ки ҳар ки сари маро дўст дорад, аз гўшти душмани ман тумъа созад ва саҳҳеҳулқавл, хусусан Хоҷа Маҳмуди Соғарчӣ нақл карданд, ки ба муҷарради истеъмои ин фармон кўшиши издиҳом ҷиҳати акли гўшти майитаи Шайбакхон ба мартаба расид, ки сўфиён туғён кашида, қасди якдигар намуданд ва гўшти бо хоку хун оғуштаи ўро аз якдигар рабуда, тағзия менамуданд» [7, 380-381].

Муаллифи «Ҷаҳонкушои хоқон» менависад, ки Исмоили Сафавӣ дастур дод то «то дасти рости ўро (Шайбонихонро) бардошта, назди Рустами Рўзафзун, волии Сорӣ ва Алиободи Мозандарон бурданд ва накуҳид, ки қабл аз ин пайғом дода будӣ, ки дасти ман асту домани Шайбакхон. Чун дасти ту ба домани ў нарасид, мо дасти ўро аз барои ту фиристодем, ки ба доманат расад ва …дасти чапи ўро…назди Заҳириддин Бобур ирсол намуданд, ки агар Шайбакхон дасти туро аз Самарқанд кутоҳ кард, мо…дасти ўро аз дунё кутоҳ карда, ба ҷиҳати ту фиристодем» [7, 381].

 Баъд аз шикасти Шайбонихон, дигар намояндагони ин хонадон мисли Суюнҷхоҷахон, Кучкунчихон, Убайдуллоҳхон, Муҳаммад Темур султон ва ғайра яқин карданд, ки Сафавиён Амударёро убур мекунанд ва ба хоки Мовароуннаҳр сарозер мешаванд, бинобар ин ба ҷониби ватанашон - Дашти Қипчоқ паноҳ бурданд. Исмоили Сафавӣ то Майманаю Фороб, ки дар соҳили Амударё воқеанд, расид, ки ин замон аз ҷониби Шайбониён расулон бо туҳафи фаровон омаданд ва тобеияти худро эълон карданд [4, 10] ва  чун нооромиҳо дар ғарби Эрон оғоз шуд, бинобар ин Исмоили Сафавӣ аз рафтан ба ҷониби Мовароуннаҳр иҷтиноб варзид.

Воқеоти ин замони Хуросон низ аз диди муаллифи «Ҷаҳонкушои хоқон» ба дур намондаанд. Дар бобҳои 14, 15 ва 16 муаллиф аз ихтилофоти ҳокими Хуросон - Ҳусайн Бойқаро бо писаронаш, тақсим шудани қудрати сиёсии Хуросон миёни писарони Ҳусайн Бойқаро – Бадеъуззамон ва Музаффар мирзо баъд аз вафоти Ҳусайн Бойқаро (5 майи соли 1506), ки боиси тазъифи қудрати сиёсӣ дар Хуросон гардид,  муборизаи писарони Ҳусайн Бойқаро бо Шайбонихон ва шикасти онҳо дар моҳи майи соли 1507, ба қудрати сиёсӣ расидани Шайбонихон дар Ҳирот иттилои комил медиҳад.

Бо вуҷуди ин ҳама арзишҳои таърихӣ, ки рисолаи «Ҷаҳонкушои хоқон» дорад, мусалламан аз навоқис орӣ нест. Ба назар мерасад, ки муаллифи ин рисола аз иродатмандони сарсупурдаи тариқати сафавия будааст. Бинобар ин дар рисолаи хеш ба худ иҷозат додаст, ки сифатҳои худовандиро, ки ба як инсони заминӣ хос нест, аз рўи ихлосу иродат ба Исмоили Сафавӣ лоиқ донад, ки ин мўҷиби зидду нақизгўиҳо дар рисола шудааст. Масалан, буридани дасту пой, забону гўшу бинӣ, пора кардани шикам, равғани тофта ба сар андохтан, ҷома аз борут пўшонидан ва сипас мунфаҷир кардани он, нил кашидан дар чашм, гаҷ гирифтани тамоми бадан, сурби доғ рехтан дар ҳалқ, ба сих кашидан, зинда пўст кандан, пўст ба коҳ андохтан, сарнагун овехтан, пеши сагони одамхўр андохтан ва ғайра шеваи маъмулии шиканҷа дар давлати Сафавиён буд, ки аз он муаалифи «Ҷаҳонкушои хоқон» борҳо ба ҳангоми шиканҷаи мухолифони Сафавиён зикр кардааст. Дар миёни  сарбозони Исмоили Сафавӣ гурўҳе буданд, ки ҳатто дар маҷлиси қабул ҳар гоҳ ин шоҳ фармон медод, маҳкумони тирарўзро зинда-зинда ба дандон медариданду гўшти ононро хом  хом мехўрданд, ҳамчуноне ки баъди ҷанги Марв ба ҷасади Шайбонихон карданд ва зикрашро дар боло намудем.

Дар лашкаркашиҳои сипаҳсолорони Исмоили Сафавӣ ба Насаф (Қаршӣ) чун фармони қатли ом содир шуд, анқариб 15 000 кас аз пиру ҷавон ба қатл омаданд, содоти он вилоят бо аёлу атфол паноҳ ба масҷиди ҷомеъ бурданд ва дархост карданд, ки ба эҳтироми нисбати онон ба Алӣ аз қатли аёлу атфолашон сарфи назар шавад. Вале сарлашкари шоҳ Исмоил, Наҷми Сонӣ  посух дод: ҷангҷўён мулкеро, ки ба ҷанг мегиранд хурду бузург, гуноҳкору бегуноҳ ҳама дар паи якдигар кушта мешаванд. Ва мулоҳиза ва ташхиси саиду ғайри саид ва шиаву суннӣ намекунанд ва пас сарбозони сафавӣ ба масҷид даромаданд ва маҷмўи он содотро ба қатл оварданд [7, 430; 3, 528; 6, 40].

Наҷми Сонӣ ҳангоми фатҳи қалъаи Қарашӣ ҳатто фармон дод сагҳо ва гурбаҳоро ба қатл оварда, он ҷойро ба хок яксон карданд ва он гоҳ изҳори хушҳолӣ кард, ки дар куштор аз Чингизу Темурланг  камтар нест.

Шоҳ Исмоил ҳадяеро, ки султон Ҳусейни Бойқаро – ҳокими Хуросон барои вай фириста буд, муносиби шаъни худ надонист ва ба ин иллат ба шаҳри Табас ҳамла карда, ҳар касро дар он сарзамин ёфтанд, ба теғи бедареғ гузарониданд ва ғанимати бениҳоят гирифтанд. Ғазаби Исмоили Сафавӣ вақте таскин пазируфт, ки наздики 7000 ба қатл расиданд.

Чун шоҳ Исмоил Муҳаммад Карахи Абаркўҳиро шикаст дод, вайро дар банд карда, дар қафасе гирифт ва дастур дод бадани ўро бо асал оғўшта намоянд ва дар маърази ҳуҷуми занбўрон қарор диҳанд, то аз неши онҳо осеби бисёре бар ў расид. Ўро бо ҳамин вазъ  ҳамроҳи  лашкар бурданд то дар Исфаҳон ва бо ҳафт тани дигар бо қафас дар оташ афканданд ва сўхтанд. Чунон ки Киё Ҳусейни  Чаловиро низ шоҳ пас аз қатли 10 000 нафар дар қафасе маҳбус кард ва пас аз он ки ба вазъи бисёр дилхарош ҷон супурд, ҷасади ўро дар қафас ҳамроҳи лашкар бурданд, то дар Исфаҳон ба ҷои хок кардан ба оташ супурданд.

Муҳаққиқи Каракӣ, ки аз уламои Ҷабали Омул буд, ба азми тарвиҷи мазҳаби шиа ба Эрон муҳоҷират кард ва бисёре аз амалкардҳои Сафавиёнро нописанд медонист. Чун Муҳаққиқи Каракӣ ба Ҳирот омад ва аз қатли шайхулислом Аҳмади Тафтозонии суннӣ ба дастури шоҳ Исмоил огоҳӣ ёфт,  басе андўҳгин шуд ва гуфт: Агар ў кушта намешуд, мумкин буд дар  масоили мавриди ихтилоф бо ў гуфтугў кунем.  Ба ҳар ҳол Муҳаққиқи Каракӣ то зинда буд аз кушта шудани ин олими бузург бисёр таассуф мехўрд.

Гурўҳе аз амирони Сафавӣ, ки бо Муҳаққиқи Каракӣ душман буданд, суиқасде бар зиддаш созмон доданд ва қарор гузоштанд, ки Маҳмудбек ном  вайро бо шамшер бикушад, вале вай ҷон ба дар бурд. Бархе мегўянд, ки Муҳаққиқи Каракӣ ба шаҳодат аз дунё рафт ва бархе низ марги вайро бар асари заҳре донистанд, ки амирони давлати шоҳ Таҳмосп ба вай хўронида буданд. Писари Муҳаққиқи Каракӣ, шайх Абдулолӣ, ки марди муҳаддис,  мутакаллимим, обид, соҳиби таълифот ва пешвои шиа пас аз падараш буд, чун дархости шоҳи Сафавиро напазируфт, ба дарди сари бисёр дучор гардид. Зеро пас аз марги шоҳ Таҳмосп вақте шоҳ Исмоили дувум мехост ба тахт бинишинад, шайх Абдулолиро бо акобиру афозил талбида, бар забон овард, ки ин салтанат ҳақиқатан тааллуқ ба ҳазрати имоми замон (Алӣ) дорад ва шумо ноиби он ҳазрат ва аз ҷониби он ҳазрат ҳастед. Бояд ба ривоҷи аҳкоми исломӣ ва шариат қолинчаи маро шумо биндозед ва маро шумо бар ин маснад биншонед. Шайх зери лаб гуфт, ки падари ман фарроши касе набуд ва ин суханро подшоҳ шунид ва ҳеҷ нагуфт. Аз он пас илтифот ба ин табақа уламои дин  кам шуд ва ҳато Исмоили дуюм бар он шуд, ки мазҳаби шиаро аз расмият биндозад ва пешвоёни онро аз майдон бадар карда, тасмим гирифт шайх Абдулолӣ ва низ Сайидҳусейни Каракӣ маъруф ба  Муҷтаҳидро заҳр бихўронад ва шайх ногузир аз пойтахти Қазвин ба  Ҳамадон  гурехт [1, якум-сиюшашум].

Ин табаҳкориҳо ва дарандахўиҳо ба баҳонаи густариши мазҳаби шиа ва тарвиҷи мазҳаби аҳли байт анҷом мегирифт, аммо тазоди бунёдии онро бо  қавонин ва арзишҳои мавриди қабул дар мактаби шиа, тафовути миёни  шиа ва суннӣ, сайид ва ғайри сайид, хурду бузург, гунаҳкору бегуноҳ набояд ниҳод ва ин собит мекунад, ки ҳадафи аслӣ таскини бемории дарандахўӣ ва расидан ба мақому сарват ба  ҳар василае буд.

Бо оғози  фишорҳои Сафавиҳо бар аҳли суннат ва тавҳинҳое, ки ба муқаддасоти онон карданд, Усмониён ва узбакони Шайбонӣ низ дар манотиқи таҳти тасалути худ ситам ва бедодро нисбат ба шиаён афзоиш доданд. То ҷое, ки дар рўзгори султон Салими Усмонӣ 40 000 нафарро ба ҷурми шиагарӣ куштанд ва теъдоди зиёдеро доғ бар пешонӣ ниҳоданд. Ин хунрезиҳо ҳамчунон идома ёфт ва муфтиёни суннӣ низ дар тайиди он кўшидан, ҳукм ба куфри  шиаён,  қатли онон ва барда сохтани занону фарзандонашон содир карданд. Дар замина ба фатвои Фазлуллоҳ Рўзбеҳони Хунҷӣ, донишманди аҳли суннат, ки аз Исфаҳон баъди таъқиби Исмоили Сафавӣ ба дарбори Шайбонихон паноҳ бурд, иктифо мекунем, ки гуфта буд: «…фатҳи тоифаи қизилбурук (қизилбош, яъне Сафавиён) ва душманӣ бо эшон ва муқотила бо мардуми савби эшон бисёр фозилтар аз ғазо бо куффори Афранҷ, ки ҳеҷ тараддуд дар куфри эшон нест, чи ҷои қаззоқ, ки  калимаи шаҳодате дуруст дар миёни эшон ҳаст ва иттифоқи уламои Рум ва Ҳарамайн аст бо ин фақир дар он ки фатво додам, ки тоифаи кулоҳсурх бадтар аз куффори афранҷанд ва муқотила бо эшон афзал аз муҷоҳада бо куффори авранҷ…» [5, 44-45].

Зулми  Усмониён ва узбакони Шайбонӣ низ ҳаргиз ба баҳонаи муқобила бо Сафавиён қобили тавҷеҳ нест ва ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон ононро дар он ҳама сиёҳкорӣ бароат дод. Бо ин ҳол шак нест, ки дар авҷ  гирифтани хушунатҳо ва зиёд шудани кинаҳо алайҳи шиаён амалкардҳои норавои Сафавиён нақши асосӣ доштааст.

Дар нимаи аввали салтанати Сафавиён забону адаби форсӣ ба инҳитот гароид. Чун сарони лашкари Сафавия, ки бо номи қизилбош (кулоҳсурхон) маъруф буданд ва ҳамчунин Сафавиён форсиро забони модариашон намешумурданд, бинобар ин алоқае ба он надоштанд. Кўшише ҳам дар пешрафти он нанамуданд ва дар натиҷа фарҳангу адаби форсӣ роҳи инҳитот паймуд ва он чи дар ин аср бетаваҷҷуҳиҳоро ҷуброн кард, алоқамандии салотини Бобуриёни Ҳинд, хулафои Усмонӣ ва амирони Мовароуннаҳр ба фарҳангу адаби форсӣ буд. Гар чи онон аз табори эронӣ набуданд, аммо чун бо забон ва фарҳанги форсӣ бештар ошноӣ ва ба он дилбастагӣ доштанд, дар ҳимоят аз он саҳми тамом гузошта, касонеро, ки ба он шеър мегуфтанду китоб менавиштанд, ташвиқ мекарданд. Ҳатто баъзан худ осори ба ин забон падид оварданд чунон ки султон Салими Усмонӣ, ки худро аз табори Фаридун, подшоҳи устуравии Эрон мешумурд, девони шеъре ба форсӣ ба ҷой гузошт. Дар муқобил Исмоили Сафавӣ девоне ба туркӣ навишт.

Шоҳони Сафавӣ аз роҳҳои мухталиф мекўшиданд худро дорои мартабаи воло аз тақаддус қаламдод кунанд ва бо вобастагии устувор бо  ислому шиа хешро муршиди комил мешумурданд. Ба унвони меросӣ аз Сафиаддини Ардабидӣ пешвоии тариқати тасаввуф ва динро аз они худ дониста, хешро мураввиҷ ва ҳомии мазҳаби ҳақ мепиндоштанд. Ҳатто барои он ки пайвандашон бо паёмбарон ва имомон маҳкамтар шавад, худро вориси хунӣ ва насабии онон ба ҳисоб меоварданд. Бо ин ки Сафавиён иддаои саёдат, алавӣ ва ҳусейнӣ ва мусавӣ будан доштанд (зоҳиран аслашон ба курдҳо бармегашт), аммо дар қаламрави давлати онҳо шаробхўрӣ ривоҷ дошт. Бо ин авсоф шигифтовар аст, ки дар аксари солҳои ҳокимияти онон муборизаи ҷиддӣ бо майхорагӣ намешуд, балки дар давраи ҳукуматашон бодагусорӣ ривоҷ дошт ва камтар асре аз асрҳои таърихи Эронро метавон аз ин лиҳоз ҳамсанги он донист. Дар он аҳд ҳазорон тан ба унвони қизилбош ва сўфӣ хумҳои шаробро ба сари чорсўй ниҳода, сар мекашиданд. Чунон ки дар ҳамин китоби «Ҷаҳонкушои хоқон» сафаҳоти 302- 396-398-399, 627 ва ғайра гузоришҳое аз майхорагии рўирости шоҳ Исмоил ва атрофиёни ў омада аст. Танҳо дар  як маврид дар саҳифаи 393 маълум нест ба чӣ маслиҳате дар боби амри маъруф ва наҳйи мункар баъзе аъёнро, ки муртакиби шурби шароб шуда буданд, сарнагун овехтаанд.

Дар замони салтанатии шоҳ Таҳмосб нўшидани шарбати кукнор ё оби кукнор, ки аз ҳашишу банг дуруст мешуд. шурўъ шуд ва гурўҳе аз аъёну дарбориён ба он муътод буданд. Дар  рўзгори шоҳ Аббоси дувум дар Исфаҳон чандин марказ барои фурўш ва нўшидани он фаъолият мекард.

Аммо бо вуҷуди ин ҳама навоқис рисолаи «Ҷаҳонкушои хоқон» аз нигоҳи муҳимият ва сиҳати ахбор маъхази дасти аввал маҳсуб мешавад, зеро ки ҳамзамон бо рўйдод офарида шудааст ва дар омўзиши таърихи сиёсии Эрон, Хуросон ва Мовароуннаҳри нимаи аввали садаи XVI ҷойгоҳи шоистае миёни дигар манобеи таърихии ин давр дорад.

Адабиёт:

  1. Амир Маҳмуди Хондамир. Таърихи шоҳ Исмоил ва шоҳ Таҳмоспи Сафавӣ (Зайли Ҳабибу-с-сияр). Пешгуфтор ва тавзеҳот аз М.Ҷароҳӣ. Теҳрон, 1370. ҳ.ш.
  2. Искандарбеки Туркмон. Таърихи Оламорои Аббасӣ. Пешгуфтори Эраҷи Афшор. Китоби якум ва дуюм, нашри 4. Теҳрон, 1387 ҳ.ш.
  3. Камол Х. История вторжения кочевых племен Дашт-и Кипчака в Мавераннахр и Хорасан (XVI в.). Душанбе, 2012. 408 с.
  4. Соммирзои Сафавӣ. Тазкираи туҳфаи Сомӣ. Ба эҳтимоми Рукниддини Ҳумоюнфаррух. Теҳрон, 1347 ҳ.ш.
  5. Фазлуллоҳ ибни Рўзбеҳони Хунҷӣ. Меҳмонномаи Бухоро. Бо эҳтимоми Манучеҳри Сутўда. Теҳрон, 1341 ҳ.ш.
  6. Хондамир. Хабибу-с-сияр. Ҷ.IV. Теҳрон, 1380 ҳ.ш.
  7. Ҷаҳонкушои хоқон. Чопи факсимилӣ. Пешгуфтори А. Музтар. Маркази таҳқиқоти форсии Эрон ва Покистон. –Исломобод, 1986.

Ҳ. Камол, М. Шаҳриёр

ОТРАЖЕНИЕ ПОЛИТИЧЕСКОЙ ИСТОРИИ МАВЕРАННАХРА, ХОРАСАНА И ИРАНА ПЕРВОЙ ПОЛОВИНЫ XVI в. В «ДЖАХАНКУША-И ХАКАН»

Сочинение «Джаханкуша-и хакан» принадлежит перу неизвестного автора первой половиныXVI в., который родом был из северо-восточных районов Ирана. Автор «Джаханкуша-и хакан» являлся непосредственным свидетелем описанных им событий. Он приступил к составлению своего сочинения  примерно в 948 г.х. /1541 г. и завершил его 955 г.х./1548 г. при шахе Тахмаспе Сефеви.

Историческая ценность «Джаханкуша-и хакан» заключается тем, что в нем подробно освещаются исторические события первой половины XVI в. Мавераннахра, Хорасана и Ирана.

В «Джаханкуша-и хакан»(«Завоевание хакана») содержатся совершенно определенные исторические сведения, которые подтверждают другие источники этого периода, а также приводятся факты, которые отсутствуют в других сочинениях первой половины XVI в.

«Джаханкуша-и хакан» ценно еще и тем, что в нем освещаются исторические события того времени, а автор, как грамотный историк, не только повествует, но и анализирует все события и факты, делая любопытные выводы. Указанное сочинение по своему содержанию и характеру в большей или меньшей степени, конечно, выделяется среди других исторических произведений, написанных в этом периоде. Отсюда понятна та большая значимость, которую обретает всестороннее изучение сочинения анонимного автора «Джаханкуша-и хакан».

Ключевые слова:«Джаханкуша-и хакан», Исмаил Сефеви, Ирон, Мавераннахр, Хорасан, «Хабибу-с-сияр», Хондемир, Сафиуддин Исхоки Ардабили, Садриддини Мусо, Шейбани-хан, Марв, Сари, Мазендаран, Захириддин Бабур, Самарканд, Сафавиды, Амударья, Шейбаниды, Хусайн Байкара, Насаф, Мухаккики Караки.

H. Kamol, M. Shahriyr

REFLECTION OF POLITICAL HISTORY  OF MAWARANNAHR, KHORASAN AND IRAN IN THE FIRST HALF OF XVI CENTURY IN "DZHAHANKUSH-E HAKAN"

Writing "Dzhahankushe Hakan" was written by an unknown author who was originally from the north-eastern regions of Iran in the first half of the XVI. The author of "Dzhahankushe-Hakan" was a direct witness of the events he described. He began to compile his work in about 948 AH / 1541 and completed it by 955 AH / 1548 under the Shah Tahmasp Safavi reign.

Historical value "Dzhahankusha-and Hakan" is the fact that it highlights in detail the historical events of the first half of the XVI century in Mawarannahr, Khorasan and Iran.

"Dzhahankushe Hakan" ( "Conquest Khakan") contains quite certain historical data that confirm other sources of the period, and there are also facts that are missing in other writings of the first half of the XVI century.

"Dzhahankushe-Hakan” is valuable by the fact that it highlights the historical events of that time, and the author, as a competent historian, not only speaks, but also analyzes all the events and facts, making interesting conclusions. The title essay in content and character to a greater or lesser extent, of course, stands out among the other historical works written in this period. It is clear that big importance, which a comprehensive study of the anonymous author of the works "Dzhahankushe-and Hakan" takes.

Ҳ. Камол, М. Шаҳриёр

Читать другие статьи номера:

http://pitfi.tj/sites/default/files/payomnomai_farhang/payomnoma_2016_no_1_33.pdf

Theme by PiTfi