Дар ин мақола муносибатҳои байниҳамии Тоҷикистон бо мамолики араб мавриди инъикос қарор гирифтааст. Муаллиф бо баррасии ҷанбаҳои гуногуни ҳамкориҳои ин кишварҳо ба натиҷа мерасад, ки дар замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон муносибатҳо густариш ёфтанд, зеро яке аз самтҳои фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон барқарор ва густариши равобити иқтисодиву фарҳангӣ бо мамолики араб ба ҳисоб меравад.
Дар ин зимн, дар мақола ба қадри тавон заминаҳои таърихии робитаи фарҳангии ин кишварҳо, навъи ҳамкориҳои муосир, сафарҳои сарони давлатҳо ба кишварҳои ҳамдигар, инъикоси воқеаҳои фарҳангии марбути мавзўъ дар матбуоти даврӣ ва амсоли ин баррасӣ гардидааст.
Калидвожаҳо: фарҳанг, анъана, мазҳаб, илм, рўзнома, ахборот, сиёсат, роҳбарият, тараққиёт, иҷтимоӣ, иқтисодӣ.
Баъди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври расмӣ шинохта шудани он сиёсати байналхалқӣ ва самти тараққии давлат муайян гашт.
Роҳбари давлати Тоҷикистон аз рўзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар омодагии ҳукумат ва давлатро ҷиҳати ҳамкорӣ, ҳамзистии осоишта ва густариши равобити илмиву фарҳангӣ бо тамоми мамолики ҷаҳон эълон дошт. Яке аз самтҳои фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон барқарор ва густариши равобити иқтисодиву фарҳангӣ бо мамолики араб ба ҳисоб меравад.
Созмони ҳамкории исломӣ (қаблан Созмони конфронси исломӣ) соли 1969 ташкил шуда, он аз 57 давлати мусулмоннишини Осиё, Африқо ва ҳамчунин Созмони озодихоҳи Фаластин иборат мебошад. Дар 38-умин иҷлосияи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, ки 28-уми июни соли 2011 дар Қазоқистон баргузор шуд, Созмони конфронси исломӣ ба Созмони ҳамкориҳои исломӣ тағйири ном кард. СҲИ аз соли 1975 дар СММ мақоми нозирро дорад. Бошишгоҳи Котиботи генералии СҲИ дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ ҷойгир аст.
Ҳадафҳои СҲИ чунинанд: таҳкими ҳамбастагии исломӣ ва ҳамкории кишварҳои узв; мусоидат ба рафъи тамоми шаклҳои нажодпарастӣ ва мустамликадорӣ; тадбиқи чораҳои зарурӣ бо мақсади посдории сулҳ ва амнияти байналмилалӣ; ҳамоҳангсозии амалиёт ҷиҳати озод кардан ва ҳифзи ҷойҳои муқаддас; дастгирии муборизаи мардуми Фаластин, кӯмак барои барқарор кардани ҳуқуқҳо ва озод намудани сарзамини онҳо; дастгирии муборизаи мардуми мусулмон барои муҳофизати шаъну шарафи хеш; истиқлолият ва хуқуқи миллӣ; фароҳам овардани шароити зарурӣ баҳри таҳкими ҳамкорӣ ва тафоҳум миёни кишварҳои узв ва дигар давлатҳо.
Ин Созмон ба раванди ҳамгироии кишварҳои исломӣ ва ҳамкорӣ миёни онҳо нақши намоён дорад. Бо назардошти нуфузи ин Созмон Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолият 1 декабри соли 1992 узви он гардид. Тоҷикистон мехоҳад, ки Созмони мазкур барои ҳалли мушкилоти минтақавӣ ва байналмилалӣ мусоидат кунад ва ба ин хотир омодааст бо кишварҳои узви СҲИ ҳамкории зич дошта бошад. Соли 2007 Тоҷикистон узви Иттиҳоди парлумонии СҲИ гардид ва 8 апрели соли 2009 Парлумони Тоҷикистон Низомномаи нави СҲИ-ро тасдиқ намуд. Ҳамин тавр, Тоҷикистон бо сохторҳое чун Бонки Рушди Исломӣ, Палатаи иқтисоду савдо ва дигар ниҳодҳо ҳамкориашро густурда идома медиҳад.
Зимнан дар ҷаласаи 21-умини Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲИ, ки 25 апрели соли 1993 дар Исломобод баргузор гардид, Тоҷикистон Низомномаи Созмони исломии илм, фарҳанг ва маориф (ИСЕСКО)-ро имзо кард ва фаъолияти худро дар ин Созмон шурӯъ намуд.
Созмони исломии маориф, илм ва фарҳанг яке аз сохторҳои СҲИ мебошад, ки бо он Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд. Дар ҷаласаи 17-уми Кумитаи иҷроияи ИСЕСКО (моҳи декабри соли 1996) намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Иҷроияи ИСЕСКО интихоб шуд. Натиҷаи ҳамкориҳои зичи Тоҷикистон бо ИСЕСКО дар қитъаи Осиё эълон гардидани шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти фарҳанги исломӣ (соли 2010) мебошад, ки соли 2004 дар Конфронси 4-уми вазирони фарҳанги СКИ (Алҷазоир, 15-16 декабри соли 2004) қарор қабул шуд. Маросими шаҳри Душанберо эълон намудани Пойтахти фарҳанги исломӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Дар он маросим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли Созмони исломӣ оид ба маориф, илм ва фарҳанг Абдулазиз Усмон Алтуайҷирӣ суханронӣ намуданд. Сипас ду фармони ба тозагӣ имзо шудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бо ордени “Исмоили Сомонӣ”-и дараҷаи 1 қадрдонӣ кардани Дабири кулли Созмони Ҳамкории Исломӣ Акмалиддин Эҳсоноғлӯ ва Дабири кулли Созмони исломӣ оид ба маориф, илм ва фарҳанг Абдулазиз Усмон Алтуайҷирӣ қироат гардид [9].
Ниёгони ин ду халқ бо хам робитаҳои наздики динӣ, сиёсӣ, тичоратӣ ва фархангӣ доштанд. Замоне буд, ки порае аз сарзаминҳои кунунии араб чун қаламрави давлатҳои эронинажод ва баръакс сарзаминҳои тоҷикнишин тобеи хилофати араб буданд. Бо назардошти ягонагии дину ойин ва баъзе анъанаву суннатҳо муносибатҳо бо мамолики араб барои тараққиёт ва пешрафти Тоҷикистон муҳим арзёбӣ шуд [1, с.6].
Тўли ин солҳо доир ба рўйдодҳои муҳимми давлатӣ, густариши равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мамолики араб, имзо гаштани санадҳои гуногун ҷиҳати барқарор ва мустаҳкам кардани равобити дўстона (илмӣ, фарҳангиву иқтисодӣ) дар матбуоти Точикистон матолиби фаровон ба чоп расидаанд. Ин буд, ки бо ибтикори Роҳбари Хукумати Тоҷикистон моҳи сентябри соли 1994 дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии “Тоҷикистон ва ҷаҳони араб” баргузор шуд. Тоҷикистон сиёсати сулҳҷўёнаро идома дода, бо эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти (давлатҳои) мамолики араб сиёсати хориҷии худро дар заминаи меъёрҳои байналхалқӣ солҳои минбаъда низ густаришу ривоҷ медиҳад.
Бо назардошти бедории сиёсии шаҳрвандони кишвар, огоҳи аз ҳаёт, дину мазҳаб расму русум, анъанаҳои халқии кишварҳои мамолики араб, муборизаи баъзе кишварҳои араб (Лубнон ва ғайра) барои соҳибихтиёрӣ ва якпорчагии марзу хоки худ (соли 1992), сафари ҳоҷиён ба Арабистони Саудӣ ба хотири зиёрати хонаи Худо, қавонин ва талаботҳои ҳаҷ (1992), баъзе каҷфаҳмиву ғалатфаҳмиҳои аҳкоми динӣ, анъанаҳои бегонаву зарарноки ба ном исломӣ, раванди каҷравию каҷфаҳмии баъзе талаботи динӣ дар байни баъзе қишрҳои ҷомеа ва амсоли ин тўли солҳо дар матбуоти даврӣ мақолаҳои зиёде интишор гардид.
Ҳамчунин дар ин давра дар бораи нақши ходимони илму фарҳанги Тоҷикистон дар пажўҳиши илму фарҳанг ва адабиёти кишварҳои араб, тарҷумаи насру назми адибони араб, таъсири адабиёт ва фарҳанги кишварҳои араб ба эҷодиёти намояндагони адабиёти классики форсу тоҷик мақолаҳои зиёди илмиву оммавӣ ба нашр расидаанд. Дар ин ҷода метавон аз арабшиноси тоҷик доктори илмҳои филологӣ, профессор Тоҷиддин Мардониро махсус ёд кард. Ў дер боз доир ба муносибати Абўабдуллоҳи Рўдакӣ бо адабиёти араб тадқиқот бурда, бо истифода аз сарчашмаҳои арабӣ саҳми муҳаққиқон, ноширон ва мутарҷимони арабро дар муаррифии осору афкори Рўдакӣ муайян кардааст. «Рўдакӣ ва адабиёти араб» [5] ва “Равобити адабии арабу аҷам” [6] аз ҷумлаи пажўҳишҳои ўст, ки оид ба робитаҳои фарҳангиву адабии тоҷику араб маълумоти фаровонеро ироа медорад.
Аз соли 2007 ҷанбаи нави ҳамкориҳо - муносибатҳои судманду арзишноки иқтисодию фарҳангӣ бо кишварҳои олами араб оғоз гардиданд. Сафарҳои расмии Сарвари Давлат ба Миср (2007, 04. 02), Сурия (2007, 07-10. 02), Аморати Муттаҳиддаи Араб (2007,17.03) ва Қатар (2007, 06-07.05), ки боиси ба имзо расидани як қатор ҳуҷҷатҳои муҳимми расмии дуҷониба оиди густариши муносибатҳои иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ гардиданд, барои муносибатҳои мутақобилаи судманди ин кишварҳо таҳкурсӣ гузоштанд Дар заминаи ин санадҳо ва рушди минбаъдаи робитаҳо 17 марти соли 2007 дар кишвари Миср Сафоратхона ва дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳиддаи Араб Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардида ба фаъолият шурўъ намуданд [7]. Ҳамҷунон, ҳамин сол дар бораи кушодани Сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ фармони Президенти кишвар ба имзо расид, ки ҳамагӣ дар рўзномаҳои кишвар инъикоси худро ёфтаанд [8].
Соли 2007 сафари боздиди расмии амири Давлати Қатар ба Тоҷикистон сурат гирифт, ки ин аввалин сафари расмии сарвари давлати минтақаи араб ба Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.
Натиҷаи пурсамари муносибатҳои ҳасанаи дуҷониба, бахусус, фарҳангӣ, бо кишварҳои араб ба сиёсати давлати Ҳукумати Тоҷикистон бетаъсир намондаанд. Чунончи аз 19 то 22 декабри соли 2015 ҳайати парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо сафари корӣ дар давлати Кувайт қарор дошт. Дар ҷараёни ин сафар як силсила мулоқоту вохўриҳои Раиси Маҷлиси намояндагон ва ҳайати ҳамроҳонаш бо мақомоти баландпояи Давлати Кувайт доир гардид. Зимнан, дар тўли 20 соли муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Кувайт 11 созишнома ба имзо расидааст, ки созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкори дар соҳаи фарҳанг ва ҳунар (2013, 23. 06), созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм (2013, 23. 06) [3, с.3] аз ҷумлаи онҳост.
Омўзиши расму русум, мазҳабу фарҳанги кишварҳои араб ба роҳбарияти Тоҷикистон имкон дод то ба ҳаёти фарҳангию иҷтимоии худ баъзе тағиротҳои муҳимму арзишнок ворид созанд. Дар ин робита бо ибтикори ҲукуматиТоҷикистон як қатор чорабиниҳо барпо карда шуданд, аз ҷумла:
- дар сатҳи умумимиллӣ баргузор намудани ҷашнҳои абармардони фарҳангу тамаддуни исломӣ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Носири Хусрав, Абўҳомид Муҳаммади Ғазолӣ, Имом Бухорӣ;
- эҳёи ёдгориҳои таърихии Ҳулбук, Кўлобу Истаравшан, Панҷакенту Ҳисор, Рӯшону Мӯминобод;
- тарҷума ва нашри Қуръони маҷид ба забони тоҷикӣ ҳамчун ҳадя ба ҳар хонадон, нашри осори бузургони ҷаҳони ислом;
- соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон шудани соли 2009;
- ба таъминоти давлатӣ гузаронидани Донишкадаи исломии Тоҷикистон ва таъсиси Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- оғози корҳо оид ба бунёди калонтарин масҷиди ҷомеъ дар шаҳри Душанбе ва тадбирҳои дигар барои ҳифз ва густариши арзишҳои волои исломӣ, сарватҳои маънавии ниёгон дар кишвар.
Ҳамчунин дар бораи сару либос, анъана, тую маъракаҳои мотамӣ ва ғайра қарорҳои муҳимми давлатӣ қабул шуданд.
Ин ҳама баёнгари сиёсати хирадмандона ва босуботи роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, густариши равобити дуҷонибаи Тоҷикистон бо мамолики олами араб, болоравии мақоми Тоҷикистон дар ҷаҳон, бахусус, эътибори он миёни кишварҳои араб арзёбӣ мешавад.
Адабиёт
1. Гурезов, Ҷ. Забони арабӣ (Аллуғат-ул-арабияту).- Душанбе, 2010.- С. 6 – 21.
2. Исоев, А. Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Сафири Фаластин // Садои мардум. – 2015. –21 май.
3. Султонов, М. Мулоқоту вохўриҳои Шукурҷон Зуҳуров дар Давлати Кувайт // Садои Мардум. – 2015. –25 декабр.
4. Суннатӣ, С. Муносибати устод Рўдакӣ бо адабиёти араб // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2010.– 13 май.
5. Тоҷиддин, М. Рӯдакӣ ва адабиёти араб.-Душанбе: Ирфон, 2012.
6. Тоҷиддин, М. Равобити адабии арабу аҷам.- Душанбе: Ирфон, 2010.
7.www.google.com.tj
8. news.tj
9. mfa.tj
10. www.gki.tj
Ш. Каримова
НЕСКОЛЬКО СЛОВ О КУЛЬТУРНЫХ ВЗАИМООТНОШЕНИЯХ ТАДЖИКИСТАНА С АРАБСКИМИ СТРАНАМИ
В данной статье рассматриваются вопросы культурного взаимоотношения Республики Таджикистан с арабскими странами.
Сотрудничество Таджикистана с арабскими странами началось после официального признания её со стороны мирового сообщества. Внешняя политика страны в направлении развития культурного взаимообогащения и сотрудничества с арабскими странами обусловлена с учетом религиозного единства и некоторых национальных обрядов народов. В исследовании освещаются основные виды и формы культурного сотрудничества Таджикистана со странами арабского Востока. Автор, в заключении статьи отмечает, что для развития и процветания Таджикистана, социально-экономическое и культурное сотрудничество с арабскими странами является одной из главных приоритетов международного сотрудничества.
Ключевые слова:культура, традиция, религия, наука, искусство, информация, политика, культурное сотрудничество, взаимообогащение культур, прогресс.
Читать другие статьи номера
http://pitfi.tj/sites/default/files/payomnomai_farhang/payomnoma_2016_no_1_33.pdf
Theme by PiTfi