Дар ин мақола нақш ва мавқеи адабиёти давраи истиқлолият баррасӣ ва нақши он дар баланд бардоштани фарҳанги шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудааст. Муаллиф аз рўи тавон ба ҳусну қубҳи адабиёти ин давра баҳо дода, мавқеъ ва эътибори шоиру нависандагонро дар давраи ҷаҳонишавӣ муайян кардааст.
Калидвожаҳо: истиқлолият, фарҳанг, адабиёт, адибон, ҷаҳонишавӣ, технологияи иттилоотӣ,масъалаҳо, масъулият.
Тоҷикистон бо пош хўрдани кишвари Шуравӣ мисли дигар ҷумҳуриҳои Иттифоқ ба истиқлолият расид, вале ҷанги шаҳрвандӣ ин шаҳдро дар коми миллати ҷафодидаи тоҷик заҳр намуд. Хушбахтона, неруи ақлонӣ ва хиради миллии тоҷикон ғолиб омад ва мардум ба сулҳу салоҳ расид. Қатъи назар аз ин душворию монеаҳо миллати тоҷик чанд соли охир дар роҳи расидан ба истиқлолияти воқеӣ устуворона қадам мезанад, ки натиҷаи он дар ҳамаи бахшҳои ҳаёт, аз ҷумла, дар адабиёту фарҳанг низ ба назар мерасад. Адабиёт ва, умуман эҷоди бадеъ, ки сатҳи тафаккури миллат, ғановати зеҳнӣ, ҳофизаи таърихӣ ва баёни ҳиссу завқи соҳибистеъдод аст, ойинаи рўзгори халқ ва таърихи миллат низ мебошад. Аз ин рў, адибони тоҷик дар тўли солҳои фоҷиабори ҷанги шаҳрвандӣ низ шарики ғаму шодии мардум буданд. Навиштаҳои М. Қаноат, Л. Шералӣ. Гулназар, Гулрухсор У. Кўҳзод, Сорбон, К. Мирзоев, М. Хоҷаев, А. Самадов, Н. Қосим, К. Насрулло, Фарзона, С. Хатлонӣ ва дигарон далели| равшани ин гуфтаҳоянд. Ин адибон дарду доғи халқро амиқ дарк намуда, асарҳое офариданд, ки дар онҳо мавзўъҳои доғи рўзгори мардум тасвир мешаванд. Шоирону нависандагони муосири тоҷик дар шароити кунунӣ имкон доранд, ки бидуни низомҳои мафкуравию ҳизбӣ сухани ҳақро гуянд, нависанд ва интишор намоянд, ки ин муҳимтарин самараи истиқлолият барои адабиёт аст. Агар мо китоби устод Лоиқ Шералӣ «Фарёдҳои бефарёдрас»[1]-ро варақ занем, ба хубӣ эхсос менамоем, ки ў шарики дарду доғи ҳар як тоҷикистонӣ буда, онро хеле устодона ба қалам додааст. Лоиқ Шералӣ дар ҷараёни ҷанги дохилӣ ва кашмакашиҳои сиёсӣ дар кишвараш монд ва бо дидагони хеш пайкари хунуни ватанро ба назорат менигарист ва дар воқеъ ин фазои парешон бар шеъри устод таъсири зиёде гузоштааст. Лоиқ шоире аст, ки гармиву сардии рўзгорро чашида ва дар миёни растохези орзуҳо, ҳеҷ гоҳ ишқи оташинаш ба сарзамин ва зодгоҳаш коста нашудааст, то ба ҳадде, ки Ватанро бар модар чунон ташбеҳ медиҳад:
Вақте аз бенавоӣ хушк шуд пистони модарон,
Модар - замин барои мо бе сина шир дод.
Хоки ватан чу суфраи заррини офтоб,
Бар пайкари наҳифи мо неруи шер дод.
Шеъри Лоиқ бисёр равон ва дур аз печидагиҳо аст, зеро ў аз зумраи шоироне мебошад, ки дар канори мардум зист ва қалби онҳоро шинохт. Ҳамчунин барои инъикоси гузаштагон, ки фазои адабиёти замони шўравӣ ба он ниёз дошт, пардохт то мардум ба хештаншиносӣ, худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ бирасанд. Ҳамзамон Лоиқ дар ашъораш танҳо ба зодгоҳаш маҳдуд нашуда, ҷаҳонро мебинад ва меандешад. Сарзаминҳое, ки рўзе бо номи Хуросони бузург ёд мешуд ва бузургтарин тамаддунҳои ҷаҳонро ташкил медод ёд мекунад. Вай мехоҳад, ки бо чунин мисраҳои шеърӣ дар пайвастани миллатҳо ба ҳамдигар пуле эҷод намояд:
Тоҷику эронию афғон чаро?
Мо дар ин дунё, ки аз як модарем.
Рўзу шаб бедор шамси Ховарон.
Мо зи хоболудагони Ховарем.
Ҳазрати Иқбол бар мо бад магир,
Мо, агар дар хоби сакта андарем.
Мавриди зикр аст, ки тағйироту таҳаввулоти сиёсию иҷтимоии ҷомеа хоҳу нохоҳ ба муҳити адабӣ ва тамоилу равандҳои рушди адабиёт таъсир мегузоранд. Ба назари мо тағйироту таҳаввулоти сиёсии охири қарни XX барои адабиёти халқҳои пасошўравӣ, аз чумла барои адабиёти тоҷик аз он ҷиҳат муҳим аст, ки бо аз байн рафтани давлати абарқудрати шўравӣ, пеш аз ҳама, «сензура»-и сиёсӣ аз сари адабиёт дур шуд. Ба назари яке аз тарғибгарони андешаи навҷўӣ профессор Атахон Сайфуллоев “Оғози демократия ва ошкоргўӣ тақозо менамояд, ки муносибати худро ба таърихи адабиётамон ба таври принсипиалӣ тағйир диҳем” [2, с.121]. Вобаста ба ин масъала робитаи адибу хонанда, адабиёту зиндагӣ ба куллӣ тағйир ёфт. Доираи мавзўю муаммоҳои мавриди тасвири адибон фаррохтар гардид. Шоирону нависандагон ва муҳақкиқони тоҷик боҷуръатона ба арзишҳои миллӣ ва ахлоқи суннатӣ ру меовардагӣ шуданд. Ба ин восита онҳо мехоҳанд худшиносию худогоҳии миллии халқро боло баранд. Ин раванд аз оғози бозсозии горбачёвӣ дар кишвари мо суръат гирифт [4, с. 72]. Дар баробари ин барои аҳли адабу фарҳанг шароити мусоид фароҳам омад, ки бисёр асарҳои муътабари адабию мазҳабии классикиро ба чоп расонанд ва дар хизмати хонандаи имрўз қарор диҳанд. Дар натиҷа, ин иқдомҳо боиси эҳёи адабиёти мазҳабӣ дар шароити нав гардид. Акнун хонандаи тоҷик Куръони маҷид, «Чаҳоркитоб»-и Атор, «Маснави Маънавӣ»-и Мавлоно, осори 4 мазҳабии Носири Хисрав ва осори дигар адибони бузурги гузаштаро дар хати срилик мутолиа менамояд. Ҳамзамон яке аз самтҳое, ки дар даҳсолаҳои охир аҳамияти бештар пайдо кард, омўзиш ва шинохти тозаи адабиёти нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои қарни XX, адабиёти ба исгилоҳ маорифпарварӣ мебошад. Имрўз хонандаи тоҷик бо осори адабии Фитрат, Мунзим, Беҳбудӣ, Аҷзӣ, Ҷавҳарӣ ва дигарон ба хубӣ ошно шуд. Ва як саҳифаи норавшани таърихи адабиёти тоҷик то андозае равшан гардид, ки он имрўз бо номҳои адабиёти маорифпарварӣ, адабиёти ҷадидии тоҷик ёд мешавад. Дар давраи соҳибистиқлолӣ бештар адибони тоҷик ба воқеияти рўз, сабабу заминаҳои ҳаводиси муҳимме, ки ба сари миллат омада буд, бо назари таҳкиқ менигаристанд. Махсусан дар насру назми солҳои 1990 шоиру нависандагоне, ки дар байни мардум маҳбубияти бештар доштанд ба дарки бадеии ин фоҷеа оғоз намуданд. Ҳамчунин ривоҷ гирифтани шеъри озод, амиқтару пуртароват гардидани тасвир дар шеър, таҳқиқи таърихи дуру наздик дар наср аз ҷумлаи вижагиҳои назарраси адабиёти давраи истиқлол мебошанд. Имрўз ҳам шоирону нависаидагони воқеӣ бо дарки рисолат ва ҷойгоҳи адабиёт дар ҳаёти маънавии ҷомеа ба таҳқиқи бадеии рўзгори ҳамзамонон машғуланд. Ҳамзамон дар роҳи интишори матолиби аз диди нав омўхтаи адабиёти тоҷик дар маҷмўъ нақши матбуот хеле равшан ва муассир аст. Имрўз дар ҷумҳурӣ 516 номгўӣ рўзномаву маҷалаҳо чоп мешаванд, ки аз ин 307 рўзномаву маҷалла ғайридавлатӣ мебошанд [5, с.130]. Ин рақамҳо нишонаи возеҳи озодии матбуот дар Тоҷикистон мебошад. Махсусан маҷаллаву рўзномаҳои «Садои Шарқ», «Помир», «Тоҷикистон», «Фарҳанг», «Авранг», «Гули мурод», «Боргоҳи сухан», «Паёми андеша», «Рўдакӣ», «Адабиёт ва санъат», «Озодагон» минбари андешаҳои аҳли илму адаб гардидаанд. Бо вуҷуди ин, адабиёти давраи истиқлол як идда заъфҳо низ дорад. Дар ин давра бозори адибтарошҳои камисгеъдод хеле гарм шуд. Бо пайдо шудани нашриётҳои хусусӣ осори зиёди хому камарзиш бо роҳи пайдо кардани сарпарастони навбаромад, ки аз моҳияти адабиёт ва каломи бадеъ бехабаранд, ба чоп мерасанд. Дар тули солҳои охир сафи аъзои Иттиҳодияи нависандагон хеле афзудааст, вале сифати адабиёт, сафи суханварони асил хеле кам тағйир ёфтаанд. Муалифон муҳимтарин вазифаи адабиёт - тарбияи аҳли ҷомеаро аз ёд бурданд. Имрўз ҳам ҳамоно кори адабиёти воқеию асили тоҷик ба дўши шоиру нависандагоне мондаст, ки онҳо дар замони шуравӣ ба камол расида буданд. Эҷодиёти шоирон Лоиқ, Бозор, Гулназар, С. Маъмур, Р. Назрӣ, К. Насрулло, Зулфия, Фарзона, Н. Қосим, носирон Сорбон, С.Турсун, М. Хоҷаев, С. Раҳим, Баҳманёр, Ч. Акобир, А. Рабиев ва чанде дигар чеҳраи асосии адабиёти имрўзи тоҷикро муайян менамояд. Ин адибон ба қадри тавонашон бори сангини адабиётро мекашанд. Аммо чеҳраҳое, ки бояд дар оянда давомдиҳандаи кори онҳо бошанд, ёфтан хеле мушкил аст. Воқеан, адибони мо дар тўли солҳои мустақилият барои хеш пайраҳаҳои тоза кушода ба гуфтани ормонҳое, ки дар замонаш аз онҳо сухан кардан манъ буд, пардохтанд. Дар ашъори шоироне чун Гулназар, Гулрухсор, С. Маъмур, Р. Назрӣ, Меҳринисо, А. Раҳим, С. Зарафшонфар, Шаҳнозаи Хуҷандӣ ва дигарон масоили худогоҳии шахсию иҷтимоӣ, худшиносии миллӣ амиқтару лангардортар мегардад. Ашъори ба табърасидаи солҳои охири онҳо ҳар як хонандаи соҳибзавқро ба андеша мебарад. Нависандагоне чун Кўҳзод, С. Турсун, Сорбон, А. Самадов, Бахманёр, Сайф Раҳим ва дигарон ба тадқиқи бадеии дардҳои иҷтимоию шахсии хамасронамон машғуланд. Романи «Садама» - и С. Турсун, достони «Гудоз»-и У. Кўҳзод, қиссаю ҳикояҳои солҳои охир ба табъ расидаи А. Самадов, Х. Назаралӣ, А. Зоҳир ва дигарон мисоли равшани ин гуфтаҳоянд, зеро имконияти наср нисбат ба шеър фарроғтару фаровонтар мебошад. Хусусан қисмати дуюми китоби «Санги маҳкам ва тарозуи ҳунар»-и А. Самадов ёдномаи муаллиф аз заҳмат ва хизматҳои шоёни мардони майдони сухан дар рушди адабиёт, ғанигардонии маънавиёту бедории мардум, ҳифзи арзишҳои миллию таърихӣ ва ғайраҳоро ба ҳам овардааст. Алалхусус андешаҳои ў дар боби кору пайкор ҷасорати адабӣ ва ҷонфидоиҳои устод С. Айнӣ дар роҳи ташкили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди фарҳангу адабиёти мо мебошад. Нафароне, ки солҳои охир хизматҳои бузурги ин фарзанди фарзонаи миллатро нодида гирифта, ба номи поку асарҳои ҷовидонаи ў, аз ҷумла гуё бо гуноҳи С. Айнӣ алифборо тағйир додаанд ва ғайраҳо… [3, с.10]. А. Самадов дар ин асараш чунин нафарони носипосу каҷназарро нафрат хонда, саволе ба миён меорад, ки «Наход дили ҳассоси донишманде, чун аллома С. Айнӣ ба алифбои ниёгон ва забони модарӣ, нисбат ба як нависанда ё олими ҷавони имрўз камтар месўхт». Хулоса ў дар ин асараш шукургузорӣ ва ба қадри заҳмати дигарон расиданро нишонаи олии инсонӣ медонад.
Воқеан, баъди ба истиқлолият расидан майдони адабиёт хеле фаррох гардид, Зиёиёни эҷодкори воқеӣ дар ҳамаи давру замонҳо шарики ғаму шодии халқу миллати хеш ва кулли инсоният буданд. Ба андешаи ҷомеашиносон истиқлолияти воқей, аз истиқлолияти шахсию маънавӣ оғоз ёфта, баъд ба озодию ободии кишвару миллат мерасад. Аммо солҳои охир пастравии маънавиёти ҷомеа, коста гардидани саводи мардум, махсусан, аз маърифату китоб дур шудани ҷавонон ба истиқлолияти тоза бадастомадаи мо низ халал ворид месозад. Боигарии аслие, ки мо халқи тоҷик дорем, албатта, маданияту фарҳанги баланд, шоирону нависандагони нотакрор ба монанди Абўабдуллои Рўдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Ибни Сино, Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва садҳои дигар, ки мислашонро олам надорад. Нафароне, ки ба инсоният некиву накукориро панд додаанд, хислатҳои беҳтарини инсонӣ – дӯстиву рафоқат, ҳамдигарфаҳмиву муҳаббат, мунодии сулҳ буданро тавсия кардаанд, бузургони тоҷиканд, бузургоне, ки дар тамоми олам дӯсташон медоранду онҳоро пайравӣ менамоянд. Аммо мо то андозае аз осори онҳо дур мондаем, ё ин ки ками дар кам истифода мебарем. Аз ин рў, адибону олимон ва кулли зиёиёни рушанфикри моро лозим аст, ки дар роҳи рафъи он кўшиш намоянд. Махсусан, адабиёту санъат, ки ба осонӣ ба дилу вуҷуди мардум роҳ меёбад, дар ин самт пешқадамтар бояд бошад. Ин масъулиятро адибону олимони мо ба хубӣ дарк намуда истодаанд ва дар баромаду нивиштаҳои хеш масъалагузорӣ менамоянд. Умед дорем, ки адабиёту фарҳанг дар оянда барои ободию созандагии миллати тоҷик ва рушди фарҳангу маънавиёти он хизмат менамояд.
Адабиёт
Ф. Абдулхамид
ЗЕРКАЛО ЖИЗНИ НАРОДА И ИСТОРИЯ НАЦИИ
Автор в статье исследует роль и место литературы периода независимости в повышении общей культуры граждан Республики Таджикистан. В статье, раскрываются основные достижения творчества литераторов и имеющиеся недостатки в освещении данной проблемы. Автор, в данной статье, раскрывает некоторые основные темы нашедшие свое освещение в таджикской литературе, на примере литературноготворчестваотдельных поэтов и писателей республики.
Ключевые слова: независимость, культура, литература, творчество, литераторы, глобализация, информационные технологии, проблемы, ответственность.
F. Abdulhamid
THE MIRROR OF LIFE OF THE PEOPLE AND THE HISTORY OF THE NATION
In the following articlethe authorexamines therole and position ofliteratureduring the independence period in raisingthe cultureof the citizens of Tajikistan. Also, as far as possible, the author reveals the shortages and theachievements inthis field.Moreover, he explores the tendenciesin theliterature of the independence period, the dignities and positionof poets and writersin the era ofglobalization.
Keywords: independence, culture, literature, writers, globalization, information technology, problems, responsibility.
Другие материалы номера:
http://pitfi.tj/sites/default/files/payomnomai_farhang/payomnoma_2016_no_1_33.pdf
Theme by PiTfi