Вы здесь

НАҚШИ РӮЗНОМАИ «ОВОЗИ ТОҶИК» ДАР ИНЪИКОСИ МАСЪАЛАҲОИ ТАҚСИМОТИ ҲУДУДИ МИЛЛӢ

Дар мақола яке аз мавзӯъҳои хеле муҳим ва воқеан тақдирсози таърихи халқи тоҷик дар ибтидои солҳои бистуми асри ХХ – раванди тақсимоти ҳудуди миллӣ дар Осиёи Миёна ва нақшу мавқеи рӯзномаи «Овози тоҷик» дар инъикоси паҳлуҳои гуногуни ин масъала мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Бояд тазаккур дод, ки ҳарчанд тоҷикон дорои таърихи чандинҳазорсолаи бою рангин буда, аксарияти бостоншиносону таърихнигорон бо далелҳои бешумори раднопазир халқияти қадима ва бумии Осиёи Миёна будани онҳоро собит карда бошанд ҳам, аммо ақаллияте ҳамоно дар бораи таърихи пайдоишу инкишофи ин миллати куҳанбунёд нуқтаи назари ғайриилмиро баён дошта, бо мурури солҳо дар атрофи масъалаи мазкур оташи баҳсу мунозираро барангехтанӣ мешуданд.

Дар солҳои бистуми асри ХХ, пас аз инқилоби Октябр ва, махсусан дар арафаи тақсимоти ҳудуди миллӣ дар Осиёи Миёна, ки барои худмуайянкунии қавму халқиятҳои минтақа шароити мусоид фароҳам омад, баҳс дар атрофи тоҷикон боз ҳам тезутунд гардид. Пантуркистоне, ки пас аз инқилобҳои мазкур ҷилави ҳокимиятро дар минтақа ба даст гирифта буданд, то қадри имкон мавҷудияти тоҷиконро инкор карда, ҳуқуқҳояшонро маҳдуд ва манфиаташонро поймол менамуданд. Кор ба дараҷае расид, ки тоҷиконро танҳо сокинони минтақаҳои кӯҳӣ дониста, ҳангоми тақсимоти марзҳои миллӣ барояшон вилояти мухторро пешбинӣ намуданд.

Маҳз ба мақсади эътирофи мавҷудияти тоҷикон дар ин сарзамин, ба мақсади сарҷамъ намудани тоҷикон дар як ҳудуди маъмурию марзӣ рӯзномаи «Овози тоҷик» ташкил гардид ва бо матолиби хеле боҷуръатона ва баррасии амиқи масъала тавонист бисёр муаммоҳоро ифшо кунад ва на танҳо раванди тақсимоти ҳудуди миллиро дар Осиёи Миёна инъикос, балки ба ин ҷараён таъсир гузорад.

Муфассал нигаред: Ҷӯраев М.

"НАҚШИ ПУБЛИТСИСТИКА ДАР ТАШАККУЛИ

АФКОРИ СОЗАНДА" ПФ - Душанбе: Аржанг,2021-№1(53) -87 с.

Theme by PiTfi