Вы здесь

АНЪАНАҲОИ ҶАШНИ САДА ДАР ПОМИР

Ин мақола аз ду бахш иборат буда, дар бахши аввал муаллиф дар бораи тақвими халқии «Офтоб дар мард» маълумот додааст, ки он то ба имрўз дар баъзе минтақаҳои Бадахшон маъмул мебошад. Онро тақвими марди шикорчӣ ҳам меноманд. Тибқи ин тақвим, офтоб аз нохуни по то ба мағзи сар ба тани мард ворид мешавад. Офтоб дар ҳар як узви бадан 2-3 рўз меистад. Он аввал ба нохуни мард ворид мегардад, ки он рўз баробар ба 31-уми январ аст ва мардум дар ин рўз ҷашни Хирпичорро таҷлил мекарданд. Хирпичор бо ҷашни Сада мувофиқ меояд. Вакте ки офтоб ба нишонаи зону расад, мардум онро Хирчизун номида, ҷашн мегирифтанд. Чун офтоб ба нишонаи дил дарояд Наврўз мешуд, ки ҷашни маъруфи ҷаҳонист.

Дар бахши дувуми мақола хусусиятҳо ва суннатҳои ҷашнҳои халқии Хирпичор (Сада) ва Хирчизон (Батайём) тасвир шудааст.  Ин ҷашнҳо, ки аз ҷиҳати мақом ва аҳаммияти иҷтимоиву фарҳангӣ нисбатан пасттаранд, барои таҷлили иди бузурги баҳор – Наврўз як навъ марҳалаи омодагӣ маҳсуб меёбанд. Дар Помир Наврўз бо номҳои дигар – Шогун, Гъамун ва Хидир Айём низ ёд мешавад.

Дар баррасии мавзўъ мусоҳибаҳои муаллиф бо баргузоркунан-дагони ҷашн ва маълумоти дастхатҳо васеъ истифода шудаанд.

Калидвожаҳо: фарҳанги анъанавӣ, мардум, Помир, тақвими мардумӣ, Хирчизон, Хирпичор, Сада, Батайём, Наврўз.

 

«Офтоб дар мард» – тақвими марди

шикорӣ ва силсилаҷашнҳои баҳорӣ дар Бадахшон

Дар ҳоли ҳозир мардуми Помири Тоҷикистон чун аксари сокинони сайёра аз тақвими григорианӣ истифода мекунанд. Вале онҳо аз замонҳои қадим барои ҳисоби рӯзу моҳ ва фаслҳои сол тақвими вижаи худро доштанд. То солҳои 20-уми қарни гузашта, яъне то давраи барпо шудани давлати Шӯравӣ дар қаламрави Тоҷикистон дар Бадахшон мардум аслан аз тақвими худӣ истифода мебурдаанд. Ин тақвим «хирисоб» ё «хурисоб» – ҳисоби хуршедӣ ё шамсӣ ном дорад (маънои “хир” ва “хур”- хуршед, офтоб аст). Зимнан, ин ҳисоби хуршедӣ бо ҳисоби шамсие, ки дар тамоми мамолики Шарқ маъмул аст, иртиботе надорад. Ин тарзи ҳисоби рӯзу моҳ ва ё тақвимро «Офтоб дар мард» ва баъзан “Тақвими марди шикорӣ” меноманд.

Ин тақвим ҳоло дар баъзе деҳоти дурдасти Помир истифода шавад ҳам, хатари азбайнравиаш эҳсос мешавад.

Тақрибан даҳ сол қабл дар хонаи марҳум Амид Мамадбеков -сокини деҳаи Сорҷ (Тсорҷ)-и ноҳияи Роштқалъа аст, ки ба мутолиаи китобҳои куҳан дилбастагӣ дошт ва падараш дар замони худ шахсияти рӯҳонӣ буда, аз худ китобҳои зиёде ба мерос мондааст, рисолаеро бо номи “Фавоиди нуҷум” пайдо кардем ва бо иҷозаи соҳиби китоб онро тавассути дастгоҳ аксбардодорӣ намудем.

Ҷолиб он аст, ки ин китоб дар Бадахшон бо истифода аз коғази маҳаллӣ ва муқоваи худсохти чармӣ китобат шудааст. Тавре аз мундариҷаи китоб бармеояд, онро соли 1328 ҳиҷрӣ (1911 мелодӣ) хаттоти номии Бадахшон Мирзо Муҳаммадамони Шидзӣ, сокини Рӯшон китобат кардааст.

Тавре муҳаққиқ Шоҳзодамуҳаммад Мамадшерзодшоев мегӯяд, китоби номбурда аз ҷумлаи китобҳои арсаи нуҷум аст, ки дар гузашта дар Бадахшон хеле маъмул будааст. Ба гуфтаи ин донишманд онро дар Бадахшон “Соатнома” ва “Рӯзшиносӣ” низ мегуфтаанд ва ин рисола роҳнамои аслии мардум дар муайян кардани вақт будааст. Ба таъбири муаллифони сарсухани китоби «Шоҳзода Муҳаммад ибни Сайидфаррухшоҳ. Осори нуҷумӣ» [4, с. 15] «Рисолаи аслӣ як нусхаи дастхати қадимтаре аз таълифоти Ғиёсиддин Алӣ Амирон Сайидал-Ҳусайнӣ ал-Исфаҳонӣ мебошад, ки дар асри понздаҳум ба минтақаҳои Кӯҳистони Бадахшон сафар кардааст» [4, с. 16].

Олимони номбурда бар он боваранд, ки Ғиёсиддин бахшҳои марбут ба тақвими махсуси мардуми Кӯҳистони Бадахшонро дар ҳамин ҷо аз даҳони мардум шунида, ба китоб дохил намудааст. Ба гуфтаи пажӯҳишгарон, ин нишонаи он аст, ки тақвими номбурда дар миёни сокинони Бадахшон садсолаҳо мавриди истифода будааст ва решаи куҳани таърихӣ доштааст.

Азбаски дар Кӯҳистони Бадахшон, ки ҳамасола аз нигоҳи ҷуғрофӣ ва иқлимӣ дар инзиво қарор дошт ва шуғли аслии сокинони он ба далели камзаминӣ асосан шикор буд, аксари донишҳо, боварҳо, мушоҳидаҳои инсону табиат низ дар гирди шикору шикорчигӣ ва марди сайёд ба вуҷуд омада буданд. Ғиёсиддин Исфаҳонӣ низ дар рисолааш ин тақвимро хоси мардуми Бадахшон ва марбути “марди шикорӣ” меномад. Ин ҳисоб дар бархе аз манотиқи кӯҳистонии Бадахшони Афғонистон, шимоли Покистон, қисмати тоҷикнишини Чин низ роиҷ аст.

Азбаски ҳадафи мо зикри ин таърихча ишора ба ҷашни Хирпичор ё Сада дар Помири Тоҷикистон аст, барои сареҳтар рӯшан шудани матлаб шарҳи нуҷумшинос Ғиёсиддини Исфаҳониро дар ин ҷо пурра меорем:

“Боби 13-ум дар донистани аҳкоми ҳар сол ва моҳ дар рӯз ба тариқе, ки авлиёи кўҳистонӣ ва Бадахшон дар қадим эътибор намудаанд ва чун ба ҳасби (мувофиқи) таҷриба дар он сол тахаллуф кам воқеъ шавад, дар ин авроқ ёд карда нашуд.

Бидон, ки ҳисоби фусули аҳком он аст, ки ба аҳволи марди шикорӣ эътибор намудаанд. Ҳар касе мулоҳизаи ин кор кунад ва таҷриба кунад, ӯро яқин шавад ва дафъи ин аз сардӣ нест ва тафсили баёни он ба итноб анҷомад. Ал-оқилу фи-л ишора.

Акнун бидон, ки офтоб дар ҳар буруҷе, ки ҳаст, рўзҳои онро ҳукамо нисбати чизе кардаанд.

Ҳукамо аввалро аз ҷаддӣ доштаанд. Ва тартиби қавоиди ин миёни мардуми аҳли басорат забт шуда, бад-ин ваҷҳе, ки даромадани он миёни мардуми аҳли басорат забт шудаанд (дар нусхаи асл чунин омада – Қ. А.). Даромадан дар бурҷи ҷаддӣ, яъне нишастани марди шикорӣ, ки 9 рӯз офтоб ҳаракат намекунад. Ва мурод ин аст, ки ҳаракати ў кам зоҳир шавад ва ба ҳасби таҷриба чунин ҳаст, ки дар ин рўз ҳавли гармӣ бошад. Аммо дар ҳаво тирагӣ бувад. Аксар он бувад, ки борандагӣ шавад.

 Гиреҳи (Курраи – Қ. А) мех 3 рӯз сармо бувад.

Саг 6 рӯз гарм бувад.

Занҷир 3 рӯз сармо бувад.

Асп ва зин 9 рӯз: 6 рӯз, ки ба асп тааллуқ дорад гарм бувад ва 3 рӯз, ки ба зин тааллук дорад, сармо бувад.

Ҷаддӣ тамом шуд.

Ва асо 3 рӯз сармо бувад

Ва нохун 3 рӯз сармо бувад.

Пушти по 3 рӯз ҳаво нарм бувад, аммо аз сармо ғолибӣ набувад. Шитолинг 3 рӯз бағоят сармо бувад.

Қалами по 3 рўз андак сармо бувад ва борандагӣ бувад.

Нармии по 3 рӯз ҳаво нарм бувад.

Бағали по 3 рӯз ҳаво нарм бошад ва борандагӣ бошад.

Сари зону 3 рӯз бағоят сармо бувад ва борандагӣ бошад.

Аввали ҳут, ки 3 тааллуқи рон аст, борандагӣ ва сармо бувад. Мамари (харомез – Қ. А.) пеш 3 рӯз ҳаво нарм бувад.

Ва мамари пас (пуфмуф – Қ. А.) 3 рӯз ҳаво сард бувад ва борандагӣ бошад.

Рӯда 9 рӯз ҳаво нарм ва гарм бувад, аммо борандагӣ бошад.

Паҳлу 3 рӯз ҳаво сард бувад.

Пардаи дил 9 рӯз, миёнаҳол ва андак борандагӣ бошад.

Ҳамал, ки сари дил бошад, 9 рӯз сармо бувад.

Сина 3 рӯз сармо бувад, бағал 3 рӯз сармо бувад ва борандагӣ бошад. Китф 3 рӯз бағоят сармо бувад - борандагӣ бувад.

Гулў 3 рӯз гарм бошад.

Даҳон ва риш ва дандон 3 рӯз гарм бошад ва сардӣ низ кунад ва борон бошад.

Димоғ 3 рӯз бод ва борандагӣ бошад.

Чашм 3 рўз борандагӣ бошад.

Абрӯ се рӯз сармо бувад.

Савр 3 рӯз сармо бувад.

Камон 9 рӯз сармо бувад.

Бад ин равиш 9 рӯзи ин айём сарду гарм бошад аҳёнан борандагӣ шавад.

Ҷавзо 18 рӯз бод ва борон бошад.

Қучқор 9 рӯз гарм ва хушк бошад.

Барра 9 рӯз гарм бошад.

Саратон он ҷо низ офтобниҳол бошад.

Хайма 9 рӯз бошад.

Дашт 20 рӯз гарм ва хушк гузарад.

5 рӯзи охири сол дар даҳанаи дашт бошад.

Гармӣ ва хушкӣ пайдо шавад. 3 рӯзи аввал барра бувад, 9 рӯз –қучқор, 18 рӯз – охири рама.

Ба ҳамин тартиб мегардад то аввали ҷаддӣ.

Масалан, аввали сунбула бад-ин равиш бувад: мизон бувад. Охири ҷавзо (?) (матн хоно нест – Қ. А.) аввал сар шавад йон (?) бувад ва охири ақраб асп ва зин ва аҳком ҳамон бошад” .

Олими эронӣ дар китоби худ таҷрибаи ҳисоби рӯзу моҳ дар Бадахшонро дар ду боб овардааст.

 Боби дигарро мо аз китоби худи Шоҳзода Муҳаммад ибни Сайидфаррухшоҳ [4, с. 6] истифода мекунем. Шоҳзода Муҳаммад матни рисолаи Ғиёсиддини Исфаҳониро нусхабардорӣ карда бошад ҳам, вале барои сода ва оммафаҳмтар кардани он ба матни асосӣ шарҳу эзоҳ ва иловаҳои зиёд дохил кардааст. Мувофиқи тахмини мо бобҳое, ки дар бораи тақвими марди шикорӣ дар Бадахшон ба рисола ворид шудаанд, моли худи Шоҳзода Муҳаммаданд. Ба ин на танҳо дониши васеи олим дар бораи ин ҳисоб, балки забону услуби хоссаи вай дар иншои матн низ шоҳид шуда метавонанд. Масъалаи омадани Ғиёсиддини Исфаҳонӣ ба Помир баҳснок аст ва ин гумон ҳам шояд нодуруст бошад, ки номбурда ба фарҳанги онзамонаи кӯҳистониёни Помир то ин андоза ворид будааст.

Инак он боби дигарро бо шарҳи Шоҳзода Муҳаммад низ вогузори хонандаи гиромӣ мекунем. Дар муқоиса бо нусхаҳои дигари китоби Ғиёсиддини Исфаҳонӣ он фарқи зиёде дорад:

«Ҳаза ҳисоби сол ба тариқи Кӯҳистони Бадахшон.

Ин ҳисоб бар ин тартиб аст, ки сол сесаду шасту панҷ рӯз аст. Бояд шинохт, ки офтоб чанд рӯз биёбон меравад ва чанд рӯз ба мард меравад ва чанд рӯз офтобниҳоли зимистон ва чанд рӯз офтобниҳоли тобистон мебошад.

Аксари доноён ибтидои солро аз аввали ҷаддӣ мегиранд ва ҷаддиро бурҷи шитоӣ мегӯянд, яъне офтобниҳоли зимистон. Ва ҷаддӣ бисту нуҳ рӯз мебошад ва дувоздаҳуми далв ҷиҳилу як рӯз мешавад – чиллаи зимистон адо меёбад.

Ҳаждаҳи далв ҳисоб ба мард бояд гирифт чунонки се рӯз – нохун, се рӯз – пушти по, се рӯз – буҷули по, се рӯз – шитолинг, се рӯз – нармии по, се рӯз – бағали по. Далв адо меёбад, ҳут медарояд.

Се рӯз – зону, се рӯз – кордафсон, се рӯз – мамари пеш, се рӯз – мамари пас, нуҳ рӯз – рӯда, нуҳ рӯз – қабурға. Ҳут адо меёбад.

Ҳамал медарояд: се рӯз – пардаи дил, нуҳ рӯз – пайванди дил, се рӯз – дил. Понздаҳ рӯз офтоб дар дил мебошад. Се рӯз – сина, се рӯз – бағал, се рӯз – китф, се рӯз – гулӯ, се рӯз – риш, се рӯз – лабу дандон. Ҳамал адо меёбад, сарв медарояд.

Ду рӯз – дандон, се рӯз – димоғ, се рӯз – чашм, се рӯз – сар, се рӯз – мағз. Наваду шаш рӯз офтоб (дар) мард мебошад. Ҳабдаҳи сарв офтоб (дар) мард мебошад – зимистон адо меёбад.

Аз ҳаждаҳи савр биёбон ҳисоб бояд гирифт. Чаҳордаҳи савр, сиву дуи ҷавзо чиллаи баҳор адо меёбад.

Сиву яки саратон, сездаҳи асад чиллаи тобистон адо меёбад.

Аз чаҳордаҳи асад офтоб ба мард тааллуқ дорад. Ҳаждаҳи асад, сии сунбула ҷиҳилу нуҳ мешавад. Сии мизон, ҳабдаҳи ақраб, наваду шаш рӯз мешавад аз мард адо меёбад, чиллаи тирамоҳ медарояд.

Сездаҳи ақраб, бисту нуҳи қавс чиҳилу ду рӯз мешавад чиллаи тирамоҳ адо меёбад. Чунонки наваду шаш рӯзи офтоббамард зимистон мебошад, навад рӯз чиллаи тобистон ва баҳор мебошад. Боз наваду шаш рӯзи офтоббамард тобистон мебошад. Ҳаштоду се рӯз чиллаи тирамоҳ ва зимистон мебошад. Офтобниҳоли зимистон нуҳ рӯз аст: се рӯз аз тирамоҳ, шаш рӯз аз зимистон офтобниҳоли зимистон мебошад, чунончи панҷ рӯз аз баҳор мебошад ва даҳ рӯз аз тобистон мебошад. Бад-ин ҳисоб наваду чаҳор рӯз баҳор ва наваду се рӯз тобистон мебошад. Ва як кам нашавад зимистон мебошад.

Валлоҳу аълам би ҳақоиқ-ул-умур» [4, с. 70-73].

Тибқи тақвими «Офтоб дар мард» одамон омадани Хидир айём (Ҷашни бузург), Наврӯзро муайян мекарданд. Халифаи деҳаи Барвози ноҳияи Роштқалъа дар бораи мафҳуми «Офтоб дар мард» аз яке аз китобҳои дастнависи нуҷум чунин сатрҳоро хонд:

«Бидон, ки аксари доноён ибтидои солро аз аввали ҷаддӣ бурҷи шитоӣ мегӯянд, яне 29 рӯзи ҷаддӣ ва 12 рӯзи далв – ҷамъи 41 рӯз чиллаи зимистон мебошад ва 13 далв офтоб ба мард бояд гирифт. Чуноне ки нохун – 3 рӯз, яъне офтобро қарор мегирад, пушти по – 3 рӯз, буҷули по – 3 рӯз, шитолинг (қалами по) 3 рӯз, нармии по 3 рӯз, бағали по 3 рӯз ва далв поён меёбад, ҳут медарояд: зону 3 рӯз, кордафсон 3 рӯз, ҳамари пеш – 3 рӯз, ҳамари пас – 3 рӯз, дармун (рӯда) – 9 рӯз, қабурға 9 рӯз ва ҳут ба охир расида ҳамал медарояд: пардаи дил – 3 рӯз, пайванди дил – 3 рӯз, дил 9 рӯз, ҳамагӣ 15 рӯз офтоб дар дил қарор мегирад; сина – 3 рӯз, бағал – 3 рӯз, китф – 3 рӯз, гулӯ – 3 рӯз, риш – 3 рӯз, лабу дандон – 1 рӯз ва ҳамал ба охир расида савр медарояд: лабу дандон – 2 рӯз, димоғ – 3 рӯз, чашм – 3 рӯз, гӯш – 3 рӯз, сар – 3 рӯз, мағзи сар – 3 рӯз ва 96 рӯз офтоб дар мард мебошад. Аз 18 савр то 32 ҷавзо чиллаи баҳор ва 31 рӯзи саратон ва 14 рӯзи асад чиллаи тобистон аст. Аз 15 асад офтоб ба мард тааллуқ дорад, яъне 17 рӯзи асад ва 31 рӯзи сумбула ҳамагӣ 48 рӯз аз мағзи сар то дил тобистон мебошад. Мизон 30 рӯз ва ақраб 18 рӯз ҳамагӣ 48 рӯз аз қабурға то нохуни по ҷамъ 96 рӯз мешавад ва офтоб аз мард адо мебояд валло ал-ҳадди савоб».

Муқоиса ин тақвим бо тақвимҳои дигари роиҷ нишон медиҳад, ки дар баъзе мавридҳо онҳо пурра дуруст намеоянд: рӯзҳо ё камӣ мекунанд ё зиёданд. Дар бораи нуқсони ин ҳисоб этнографи машҳури рус А. С. Андреев низ дар китоби “Тоҷикони водии Хуф” [2, с. 165-170] ишора кардааст. Ин ҳисоб то ба ҳол мавриди таваҷҷуҳи ситорашиносон қарор наёфта, ҳисоби дақиқи рӯзҳо ва моҳҳо, иртиботи онҳо бо узвҳои мард, бо гардиши офтоб ба пажӯҳишҳои алоҳида ниёз дорад. Тадқиқи муҳтавои тақвим, вақт ва маводи манбаъҳои иловагиро мехоҳад, ки ҳадафи мо дар ин мақола нест. Вале бояд иттилоъ дод, ки дар солҳои охир баъзе ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки ба омӯзиши мероси ғайрифарҳангии мардуми Помир машғуланд, дар бораи ин тақвим тадқиқотҳоеро ба сомон расонданд. Аз ҷумла ташкилоти ғайридавлатии “Аксҳои кӯҳистон” бо саъйи ҳунарманди машҳур Тоҷиддин Гадомамадов баъди пажӯҳишҳои зиёде дар қаламрави Бадахшони Тоҷикистон ва Бадахшони Афғонистон тақвимро пурра карда бо расм ва дар шакли ранга аз чоп баровард. Аммо то чӣ андоза тақвими нашргардида дақиқ аст, ҳанӯз коршиносе дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Яке аз ҳадафҳои корбурди тақвими “Офтоб дар мард” ин таъйини расиши офтоб аст. Маънои «расидани офтоб» – нерӯ гирифтани офтоб, ҷон гирифтани шуълаҳои он аст. Мувофиқи ин тақвим, офтоб аз берун ба ҷисми мард медарояд ва аз нохуни по сар карда тавассути дигар узвҳои бадан ҳаракат карда ба мақоми дил мерасад. Ҷашни Наврӯз дар ҳамин лаҳза истиқбол мешавад: рӯзу шаб гармтар ва шабу рӯз баробар мешаванд ва маҳз баъди ин рӯз донаи дар замин рехта метавонад сабзиш пайдо кунад [1, с. 112-123].

Ҳисоби «Офтоб дар мард» барои як сол аст: аз Наврӯз то Наврӯз. Ин ҳисоб қабл аз ҳама рӯзшуморӣ аст. Онро дар солшумории дуру дароз ё ки аз як сол беш истифода намекунанд. Рӯзшумории «Офтоб дар мард» тибқи тулӯъ ва ғуруби офтоб сурат мегирифт ва нишонаҳои аслии мардумӣ дар қабл давиши соя, қуллаҳои кӯҳҳо ё дигар чизҳои беҷону беҳаракат буданд. Табиист, ки одамон баъди Наврӯз, замоне ки гармиҳои табиӣ фаро мерасид, ба ин ҳисоб камтар таваҷҷуҳ мекарданд.

Тақвим, ҳисоби «Офтоб дар мард» гӯё характери маҳаллӣ - дохилӣ дошт. Аммо бояд донист, ки мардуми Помир дар замонҳои хеле куҳан баъди роиҷ шудани ислом дар Бадахшон солшумории қамарӣ ва шамсиро низ қабул карда, дар тӯли асрҳо истифода мебаранд. Вижагиҳои ин солшумориҳо ин аст, ки табдили шабу рӯз дар навъи шамсӣ аз рӯйи гардиши офтоб ва дар қамарӣ аз рӯйи гардиши моҳ ҳисоб мешавад. Тақвими кории аҳли китоб, халифаҳо ва рӯҳониён дар Бадахшон аз замони қадим, аслан солшумории қамарӣ буд, ки дар куллияи мамолики мусулмонӣ ривоҷ дорад. Дар умури диниву мазҳабии мардуми Бадахшон, ки аксарашон пайравони исломи шиаи исмоилӣ ҳастанд, низ маъмулан солшумории қамарӣ истифода мешавад. Тибқи ин тақвим ҳам соатнома мураттаб шудааст, ки ба рӯзҳои саъд ва наҳс ҷудо мешавад ва мардуми кӯҳистони Бадахшон умдатан қабл аз анҷоми коре ба пеши рӯҳониён ё муллоҳо соатпурсӣ ё соатбинӣ мераванд. Қабл аз ҳар кори муҳим амсоли оғози киштукор, шикор, хатми никоҳ,  гузоштани пойдевори хона, ба хонаи нав даромадан, сафар кардан, хостгорӣ рафтан мардум аз халифаҳо соат, яъне замони аз нигоҳи худованди замину замон, гардиши офтобу моҳ, ҳаракати ситораҳоро донистан мехостанд. Халифа тибқи соатнома ва китобҳои нуҷуми худ аз рӯйи тақвими қамарӣ рӯзи саъдро барои баргузории умури лозима медид ва ҳатто соати таъйини саъдро низ барояшон мегуфт.

Тавре маълум аст, дар гузашта мардуми кӯҳистон аксаран бесавод буда, навишта наметавонистанд ва барои навиштан афзору васила ҳам надоштанд. Барои ҳамин ҳам аз қадимулайём маъракаи киштукор, ҷамъоварии ҳосилот ва дигар маъракаҳои муҳим тибқи ҳисоби «Офтоб дар мард», бо нишон кардани яке аз аъзои бадан сурат мегирифт. Мардум мутобиқи аъзои ҷисмашон ҳисобро ҷорӣ ва замони мушаххасро аз рӯйи узвҳои бадани худ муайян мекарданд, ки роҳи нисбатан осон буд. Нуқтаи ахири ин тақвим ба макони худ расидани офтоб (khirfript) мебошад, зеро фаҳмидани ҳаракати офтоб барои мардум хеле муҳим буд. Ба мақоми худ расидани офтоб дар Бадахшон маънои баробарии шабу рӯз, фаро расидани соли навро дошт. Фалсафаи аслии ин ҳисоб дар он буд, ки офтоб гӯё дар ҷисми мард даромада, аз нохуни по то фарқи сари ӯ ҳаракат мекунад ва тайи чанд рӯз дар ҳар як узви бадани ӯ мемонад.

Ин ҳисоб хусусияти мардумӣ дошта, пояи илмиаш сусттар аст. Он асосан иртиботи миёни табиату инсонро таҷассум мекунад.

 

Хирпичор – садаи мардуми Бадахшон

Тибқи ҷустуҷӯҳое, ки мо анҷом додем, истилоҳи Сада дар байни мардуми Помир маъруф нест. Дар гузашта ин истилоҳ танҳо дар дохили калимаҳои Дъирсада (яъне Садаи Поён – мавзеи аз шаҳри Хоруғ то деҳаи Тусиёни ноҳияи Роштқалъа) ва Тирсада (яъне Садаи Боло –аз деҳаи Тусиён то охири ноҳияи Роштқалъа) дида мешавад, ки ба андешаи мо дар ин ҷо Сада маънои буна аст, ки сад бунаи хоҷагии поён ва сад бунаи хоҷагии болоро мефаҳмонад.

Аммо тамоми нишонаҳои Садаро, ки олимони тоҷик аз манобеи катбиву шифоҳӣ пайдо кардаанд, дар Бадахшон вохӯрдан мумкин аст. Бештари ин иттилоот боз ҳам дар гирди тақвими маҳаллии “Офтоб дар мард” давр мезананд.

Мувофиқи ҳисоби “Офтоб дар мард” хирпичор баъди анҷоми чиллаи калон, ки онро на 40 рӯз, балки 41 рӯз ҳисоб кардаанд, яъне баъди 29 рӯзи ҷаддӣ ва 12 рӯзи далв (ҷамъ 41 рӯз) оғоз мешавад. Рӯзи 13 далв (тахминан 31 январ) офтоб ба ҷисми мард ворид мешавад. Бисёр донандагони фарҳанги маҳаллӣ тахмин мезананд, ки тарҷумаи таҳтуллафзии калимаи “хир +пи +чор” (офтоб+ дар+ мард) аст ва “чор” маънои “чорик”-мардро дорад. Гурӯҳе дигар бар он назаранд, ки баъди итмоми чиллаи калон офтоб ба хонаи урфии помирӣ мерасад ва дар ин ҷо гӯё калимаи “чор” кӯтоҳшудаи “чорхона”, яъне офтоб дар чорхона аст [2]. Дар ноҳияи Рӯшон онро “хурпапӯдъ” (офтоб дар по) мегӯянд. Дар водии Бартанг “Хурпачӯр” ва дар Язгулом онро “Граваш” меноманд [5, с. 15]. Тавре мебинем офтоб баъди рӯзҳои тӯлонии сардӣ маҳз ба пойи мард медарояд, ки дар ин ҷо пой рамзи ҳаракат, ҷунбиш, пешравӣ ҳам аст.

Хонаи урфии помирӣ аз чор қабат иборат аст. Одамон онро нишонаи чор унсур медонанд ва қабатҳои аз пойгаҳи хонаро қабати  аввал – хок, қабати дувум – об, савум – бод ва ҷаҳорумро оташ меноманд. Оташу хуршед дар фалсафаи мардумӣ бо ҳам пайвастагӣ доранд ва ҳар ду аз нуранд. Ҳамин тавр, вақте нури офтоб ба қабати оташи чорхона мерасад, ҷашни хирпичор ҳам фаро мерасад.

Дар зимн бояд ёдрас шуд, ки хонаи помирӣ (чид) аз қадим  нақши расадхонаро ҳам дошт. Одамон тавассути ҳаракати шуъла ва нури хуршед дар равзан, чорхона ва сутунҳои хона рӯз ва фаслҳои солро мушоҳида ва бидуни иштибоҳ ҳисоб мекарданд. Азбаски бузургдошти хуршед (нур) дар фарҳанги мардуми Бадахшон мақоми махсус дорад, умдатан вақти хонасозӣ бештари вақт дари баромадро ба тарафи офтоббаро мемонанд.

Хирпичор ё Сада нишонаест аз донишҳои анъанавии коинотии мардуми тоҷик ва тасавури онҳо дар бораи олам, рӯзу моҳу сол, гардиши сайёраҳо, ҳаракати ситораҳо ва хоссатан мушоҳидаи ҳаракати Хуршед. Хуршед, ки аз замони ориёиҳо дар тасаввури мардум яке аз муҳимтарин сайёраҳо маҳсуб мешуд, дар ҳаёти маишӣ ва фарҳангии мардуми тоҷик аз қадимулайём ҷойгоҳи махсус дошт. Бахусус дар тафаккур ва тасаввури мардуми кӯҳистон Хуршед сайёраи саъд, сайёраи наҷотбахши инсон ва фонусе буд, ки инсонро аз тамоми тирагиву торикӣ ва афсурдагиҳо раҳо медод, ба одаму наботот ва ҳайвонот ҷон мебахшид.

Хирпичор марҳилаи аввали Ҷашни Наврӯзи Бузург маҳсуб мешавад. Ба бовари мардум гӯё дар ин рӯз офтоб аз пардаи сардӣ бурун меояд ва ҷон мегирад ва рӯз ба беҳӣ (нармӣ) рӯ меорад ва дигар фасли шито ба ҷони одам хатар надорад. Дар робита ба ин як ривояти маъмуле дар Бадахшон аст. “Рӯзи охирини чилла аз як хонаводаи кӯҳистоние писари яккаву ягонаашон ба шикор мебарояд. Шом мешавад, шаб мешавад, вале ў аз шикор барнамегардад. Модари бечора гирёну нолон мӯ меканад, ки фарзандаш дар чиллаи зимистон дар кӯҳҳо ях кард. Падараш ҳам, ки дарун –дарун месӯхт, сирро бой надода, оилаашро таскин медиҳад: “агар то нисфи шаб писарамонро сармо назанад, баъди он дигар ба вай зараре намерасад”. Ҳамин тавр падару модарро то дамидани субҳ хоб намебарад. Вақте рӯз равшан мешавад, ногоҳ писари онҳо бо мешаки сайдкардааш вориди хона мешавад. Волидайн хушҳолона ба пешвозаш мехезанд ва вазъи ҳолашро пурсон мешаванд. “Ба ман муяссар шуд як қучқорро шикор кунам. То пӯсташро канда, рӯдаҳояшро тоза кардам, шаб шуд. Дигар баргаштан ба хона хатарнок буд ва ман дар шабгаҳи таҳи хоросанге хоб рафтанӣ шудам. Вале ҳаво бениҳоят хунук буд. Ман пӯсти қучқорро чаппа карда даруни он даромадам, вале сардӣ то дараҷае буд, ки маро ҳеч хоб намебурд”. Ин ҳолат то нисфи шаб давом кард. Нисфи шаб яку якбора ҳарорати ҳаво дигар гашт, сардии шум паст шуд ва ҳаво хеле муолоим шуд. Ман дигар наметарсидам, ки аз аз сармо намемурам. Баъди нисфи шаб чӣ тавр хоб бурданамро нафаҳмида мондам”.

Ин ҳикояи пуррамз аз мушоҳидаи дурусти инсон дарак медиҳад, ки тақсими рӯзҳо ба чиллаи зимистон (рӯзҳои хеле хунук) ва чиллаи тобистон (рӯзҳои хеле гарм) комилан мантиқист.

            Дар ҳоли ҳозир дар Помир танҳо сокинони ноҳияи Рӯшон, бахусус водии Бартанг ҳамасола ҷашни Хирпичорро истиқбол мегиранд. Расму русуми ҷашнгирӣ ин тур аст. Дар мисоли водии Бартанг вақте мувофиқи ҳисоби тақвими мардуми кӯҳистон офтоб ба нохуни мард меояд, ҷашни Хирпичор фаро мерасад. Дар ин рӯз ба хонаи ҳамдигар рафтан манъ аст. Одамон хонаҳояшон, ҳатто равзани онро мебанданд (маҳкам мекунанд), то ки нерӯҳои бадӣ, шарр ба хона ворид нашаванд. Ин вазъ ё ҳолатро pichiromch “пичирӯмч” (мамнӯъ, табу) мегӯянд.

Шаб дар сутунҳои чорхона бо орд гулпартоӣ мекунанд. Рӯзи дигар субҳи барвақт, замоне ки аз офтоб ҳанӯз дарак нест, хешон, ҳамсояҳои наздик ба табрик меоянд. Дарро танҳо ба рӯйи онҳо боз кардан мумкин аст. Ҳар касе бо худ дудонаӣ кулча меорад. Замоне ба хона ворид мешаванд, ҳамдигарро бо расидани бӯйи баҳор табрик мекунанд ва кулчаҳоро рӯйи оташдон (kicor, arthun) мемонанд. Дар пешорӯйи kicor, ки zingak ном дорад гиёҳи хушбӯйи муқаддаси ситирахмро (бӯйи Муҳаммад)-ро дуд мекунанд. Дар пеши нафаре, ки аввалин шуда ба хона медарояд, беҳтарин ғизо ва нуқлу наво мемонанд. Ҳамин тариқ то шаб ҳаққу ҳамсояҳо, авлодон, хешу ақрабо барои табрик ба хонаҳои якдигар мераванд ва шукр аз он мекунанд, ки офтоб сар боло кард. Инро pichiromchvrikht (пичирӯмчшиканӣ) ва ё “салом-салом” ҳам мегӯянд. Дар ин рӯз бегонаҳо ҳақ надоранд ба хонаҳо барои табрик дароянд, муборакбодӣ фақат ҳаққи худиҳост. Бегоҳ дар яке аз хонаҳо боҷ (гандуми куфта бо гӯшти ҳайвони навкуш, ки онҳоро аз субҳ то шом ҷӯшондаву пухта ба ҳолати ширешӣ мерасонанд) омода мекунанд. Хешовандон, ҳамсояҳои наздик ҷамъ омада бо ҳам ғизо тановул мекунанд, намоз мегузоранд. Сипас ба ромишгарӣ ва рақсу бозӣ машғул шуда баъзан хушҳолиро то субҳ идома медиҳанд.

Дар Шуғнон дар рӯзи Хирпичор баат (ҳалвои равғанӣ), ки миҷози (хосияти) баланди гармӣ дорад, мепазанд ва вақте ин ғизо пухта мешавад, аз он бо ангуштони худ аввал ба шоҳсутуни хона ва баъд ба сутунҳои дигар мемоланд ба ин ният, ки дар хона ҳамеша гармӣ ва ризқу рӯзӣ бошад. Дар баъзе деҳаҳои водии Сучони ноҳияи Шуғнон дар қошуқи калони чӯби баат пур карда онро аз равзани хона ба бом ҳаво медиҳанд. Сипас аз қафои он давида ба бом мебароянд ва мебинанад, ки агар қошуқи партофта ба осмон нигоҳ кунад, дар ин сол сериву пурӣ ва агар ба замин нигоҳ кунад, гушнагӣ мешавад.

Дар деҳаи Хуф рӯзона дар хонаҳо боҷ пухта мешавад. Пеш аз пухтан донҳои гандумро ба дарозои ғалтак мечинанд. Агар донҳо нағалтанд, дар ин сол сериву пурӣ ва агар зуд аз болои ғалтак бирезанд, гушнагӣ мешавад. Бино ба нақли сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа дар хонаводаи онҳо дар ин рӯз бо ҷувоз рағани зағир бароварда дар болои ҳалвои шир рӯғани зағирро мерехтанд.

Ҷашни Хирпичор дар Помир ҳамагӣ як шабонарӯз давом мекунад. Мардумон онро чун интиҳои чиллаи зимистон ва пайке аз баҳори мунтазира медонанд. Аҳаммияти ин ид дар ҳаёти мардум он буд, ки он дили ҳамагонро ба оянда гарм мекард. Оғоз аз ин ҷашн мардум гӯё аз хоби гарони зимистон бармехестанд ва шукр аз он мекарданд, ки як давраи сарди зинагиашон паси сар шуд. Кунун онҳо ба оянда бо чашми эътимод нигоҳ мекарданд, дар фикри кори омода шудан ба кори баҳорӣ, кишти зироатҳо, заминкорӣ, тӯлгирӣ, кӯчи ҳайвоноти хонагӣ ба айлоқҳо, обод кардани ҳавливу дари худ, тоза кардани атроф аз барфу ях меафтоданд. Одамон дар рӯз шукрона аз он мекарданд, ки аз чиллаи зимистон сиҳат ва саломат бурун омаданд, сардиҳоро паси сар карданд ва боз ба гармӣ, ба хуршед расиданд, ки дар тӯли 275 рӯзи дигар онҳоро саробонӣ ва гарм хоҳад кард.

            Баъди Хирпичор ҷашни дувуми баҳорӣ – Хирчизон фаро мерасад. Ба андешаи муҳаққиқон Ш. Юсуфбеков ва А. Шоинбеков Хирчизон ҳам мантиқан ҷашни бузургдошти Хуршед ва интиҳои чиллаи хурд аст [5, с. 55]. Маънои ин калима “офтоб ба зону”, “офтоб дар зону” мебошад. Тавре аз мушоҳидаи ниёгон бармеояд, офтоб авввал ба нохун, аз он ҷо ба пушти по, аз пушти по ба буҷули по, сипас ба шитолинг (қалами по), нармии по, бағали по ва баъд ба зону мерасад. Ҳар як аз ин макони сукути офтоб се рӯзро дар бар мегирад ва баъди 15-18 рӯз ҷашни Хирчизон фаро мерасад. Ин ҷашнро дар ноҳияи Рӯшон ва водии Бартанг бештар Баатайём (баат – атолаи рӯғанӣ, айём – ҷашн, ид) ҳам мегӯянд.

Ин ҷо ҳам шояд саволе пайдо шавад, ки чаро маҳз зону интихоб шудааст на пушти пову на бағали по ва узвҳои дигар, ки дар боло номбар шуданд. Тавре мебинем ҳамаи узвҳои аз нохун то бағали по номбаршуда худ ба худ ҳаракат намекунанд, ҳаракат танҳо дар қисмати зонуи по сар мешавад. Шояд Хирчизон як рамзи аз карахтӣ баромадан, дар ҳаракат даромадан бошад. То ин замон боду ҳаво ҳам мулоимтар шуда, офтоб воқеан ҳам серҳаракаттар мегардад. Ин ҷашн аз ҳама пуршукӯҳтар дар водии Бартанг истиқбол мешавад.

Баатайём ҳамасола аз 16 то 20 феврал истиқбол мешавад. Дар ин шаб дар байни авлодҳо ва ҳамсояҳои наздик маросими баатпазӣ анҷом мешавад. Гандумро тоза карда, кӯфта бегоҳӣ ҳамроҳи гӯшти моли навкуш дар дегҳои калон меандозанд ва дегҳоро рӯйи гулханҳои афрӯхта мегузоранд. Он то субҳ мепазад. Мардум дар гирди гулхан рақсу бозӣ, хушҳолӣ мекунанд. Ҳалвои баат то дараҷае пухта мешавад, ки он маззаи ширинӣ пайдо мекунад. Субҳ баатро ба ҳамаи ҳузурдоштагон, ба пиронсолон, кӯдакон, маризон тақсим мекунанд.

  Баатайём аз унвони ғизои маросимии  солинавии “баат” гирифта шудааст. Баатро, ки аз ҷиҳати мазза ва намуд ба кисел шабоҳат дорад, аз равған, шир ва орди навъи гандуми сурхаки ширинтаъм тайёр мекунанд. Агар ба ҷойи гандуми сурхак навъи дигари гандумро истифода кунанд, он вақт барои ширин шудани таъми баат аз талқон ё  қанд истифода мебаранд. Тарзи пухтани баат чунин аст: аввал дар дег равғанро доғ намуда, баъд ордро меандозанд. Вақте ки орд бирён шуд,  шир ва намакро ба он ҳамроҳ карда, то як соат меҷӯшонанд.

            Дар деҳоти ноҳияи Рӯшон Баатаёмро се рӯз (чоршанбе, панҷшанбе ва ҷумъа) ҷашн мегиранд. Рӯзи аввал хонасафедон (хонасафедкунӣ) унвон дорад, рӯзи дуюм батпазӣ (пухтани таоми идона) ва рӯзи сеюм салом-салом (хабаргирии хешону ҳамсояҳо) [8] номида мешавад.

Дар баробари пухтани баат, ки шаби дароз тўл мекашад, одамон аз хамир (хоẋчхавалаг) ҳар гуна шаклҳои ҳайвонӣ аз қабили нахчир, гӯспанд, барзагов, уштур (ҳайвоноти ҳалол) месозанд ва дар хокистаре, ки баъди пухтани баат мондааст, мегузоранд. Ин нонҳои шакли ҳайвониро «насрак» мегӯянд. (Шояд аз калимаи «назрак» – назр пайдо шуда бошад). Вақте ин «ҳайвонҳо» пухта мешаванд, ба ишками онҳо аз ду тараф аз баати пухташуда молида, сипас ба он чормағз, донак ва дигар шириниҳо мечаспонанд. Сипас насракҳоро маъмулан дар омурзаи хона (дар хонаҳои қадима дар камари девор тахтаҳо гузошта мешуданд) мемонанд ва то як моҳ, яъне то расидани Шогун - Наврӯз нигоҳ медоранд. Дар рӯзи Наврӯз насракҳоро ба болои бом мебароранд ва кӯдакон онҳоро хӯрда шодмонӣ мекунанд. Дар ҳар хонавода онҳоро мувофиқи теъдоди атфоли хонавода тайёр менамоянд. Барои як нафар одатан ду дона (ҷуфт) насрак тайёр мекунанд.

Ривояте ҳаст, ки рӯбоҳ фарзандашро чунин таъкид кардааст: “Офтоб, ки ба зону расид, зинҳор ба яхпул марав” [12]. Яъне баъди ин ҷашн мувофиқи мушоҳидаи мардум дигар дар дарёҳо ва кӯлҳо аз болои ях гузаштан мумкин нест, чунки он суст ва беҷон мешавад. Дар ин ҷашн аллакай нурҳои офтоб аз тариқи чорхона ба шаҳсутун мерасанд. Ҳар касе, ки дар ҳамин айём (хирчизон) таваллуд шудааст, бояд порчаи матои сабзро даргиронда “думи офтобро сӯзонад”. Вай матои оташгирифтаро ба ҷое, ки фотоб расидааст оварда медорад ва ин амал “сӯзондани думи офтоб” аст. Ин ба хотири он мешавад, ки гӯё хуршед дигар хонаро тез-тез хабар гирад.

Дар рӯзи Хирчизон дар Помир мардум аз хок – унсури дигари олам ёд мекунанд. Танҳо баъди ин ҷашн хок пошидан ба заминҳои барфпӯш мумкин мешавад. Дар Дарморахт инро “хоки бегона” мегӯянд. Ин хокро бояд пинҳонӣ аз ягон ҷойи дур оварда, субҳи барвақт то офтоббаро ба заминҳо пошанд. Онро ба ин ният мепошад, ки аз заминҳояшон нерӯ ва баракати афзун бигиранд. Дар водии Ғунд хоки аввал бояд аз кунҷи хона ба берун бароварда рӯйи барф пошида шавад. Вале шарт ҳамин аст: хок бояд субҳи барвақт, замоне ки ҳанӯз аз нурҳои офтоб дараке нест, пошида шавад. “Дар рӯйи хуршед” (хир пи питс), яъне, ҳангоме ки офтоб баромада бошаду касе хок пошад, ин гуноҳи азим ва таҳқири сахт нисбати офтоб ҳисоб мешавад.

 Ҷашни дувум Хирчизон ё Баатайём низ ба муддати як рӯз таҷлил мешавад. Дар деҳаи Хабости ноҳияи Роштқалъа дар рӯзи фаро расидани Хирчизон дар рӯйи оташдон гиёҳи муқаддаси ситирахмро дуд мекунанд ва аз берун аз замини кишт як каф хоки тоза оварда дар гирдогирди он мемонанд, ба ин ният, ки баракати киштзор бияфзояд.

Тавре мебинем дар ин ҷашнҳо мардум асосан ба ду унсур: оташу хок рӯ меоранд, ба онҳо саҷда мекунанд ва аз онҳо файзу баракат сериву пурӣ ва оромӣ мехоҳанд.

Ниҳоят Наврӯзи Бузург (21 март) фаро мерасад, ки онро мардуми Помир 3 рӯз ва баъзан зиёдтар ид мекунанд. Маҳз барои ҳамин дар ин силсила Наврӯз ё Шогунро дар Бадахшон маъмулан Хидир Айём (Ҷашни Бузург) ҳам мегӯянд, ки он воқеан аз ин ду ҷашни қаблӣ бузургтар аст.

Наврӯз дар Бадахшони Тоҷикистон бо номҳои гуногун: Шогун, Соли Нав, Ҷашни Баҳор, Хидир (хидар)-айём, Гьамун ва ғайра ёд мешавад

Дар қадим омодагӣ ба пешвози Наврӯз, яъне то расидани офтоб ба дили мард замони тӯлонӣ ва сермаросими марбут ба табиатро дар бар мегирифт ва одамон ба Хидир (хидар)-айём бо ҷидду ҷаҳд, орзую ҳаваси бепоён, нақшаҳои созандагии зиндагӣ мерасанд.

Наврӯз мувофиқи ҳисоби марди шикорӣ замоне фаро мерасад, ки офтоб ба дил мерасад. Мувофиқи мушоҳида аз рӯйи ҳаракати нурҳои офтоб Шогун замоне фаро мерасад, ки нурҳои офтоб ба оташдони хона мерасанд. Бубинед, ки дар ин ҷо ҳам ниёгон нури офтоб ва нури оташи оташдонро, ки ҳамеша хонаро гарм нигоҳ медорад, ба ҳам тавъам сохтаанд.

Дар ин маросимҳо Наврӯз нисбатан тӯлонитар ва бошукӯҳтар таҷлил шуда дар раъси ҳамаи ин силсилаҷашнҳо меистад. Вале мо дар ин ҷо аз тавсифоти Наврӯз худдорӣ карда, мехоҳем диққати шуморо ба як нукта, ба маънои луғавии калимаи “хидир (хидар)” ҷалб намоем.

Ин калима дар забонҳои помирӣ маъмул буда, маънои калонтар, калон, бузургро дорад ва айём – маънои ҷашн, маросим, ид, замонро ифода мекунад. Дар ин забонҳо ин вожа ҳам ҷинси мардона (хидир, масалан: хидир врод - бародари калонӣ, бузург) ва ҳам занона (хидар, масалан: хидар ях-хоҳари калонӣ) дорад. Аҷиб аст, ки нисбати Наврӯз ин калима дар ҳар ду ҷинс ҳам кор фармуда мешавад. Дар бисёр деҳаҳои Помир Наврӯзро Хидир-айём ва дар баъзеашон Хидар-айём меноманд. Дар ин ҷо собит кардан душвор аст, ки кадоме аз ин вариантҳо саҳеҳ мебошад.

Тавре дидем калимаи “хидир” (хидар) сифати нисбӣ буда, дараҷа ва ё муқоисаро нишон медиҳад. Яъне вуҷуди ин калима шоҳиди мавҷудияти ҷашнҳои дигар дар баробари Наврӯз аст. Ин калима нишон медиҳад, ки дар силсилаҷашнҳои баҳории мардуми кӯҳистони Помир ғайри Наврӯз ҷашнҳои кӯчактар ҳам вуҷуд доштаанд ва Наврӯз бузаргтарини онҳо будааст.

Азбаски солҳои охир одамон ҷашнҳои нисбатан кӯчаки “хирпичор”, “хирчизон”, ”батайём”-ро ба маърази фаромӯшӣ супурда буданд, занҷираҳои ин силсила канда шуд ва чаро “Хидир” (хидар) будани Наврӯз ҳам диққатро ба худ кам ҷалб мекард.  Дубора эҳё шудани Сада (Хирпичор) мартаба ва дараҷаи Наврӯзро дар миёни ин силсилаҳо тавони дигар бахшид. Аз сӯйи дигар бо эҳёи Сада ё ки Хирпичор мо ба эҳёи силсилаҷашнҳои тақвимӣ асос мегузорем.

Аламшоев Қ.

 

 

Адабиёт

 

  1. Қ. Фарҳанги шикор дар Помир / Аламшоев, Қ.. – Душанбе: Ирфон, 2015. – 256 с.
  2. Андреев, М.С. Таджики долины Хуф / под. ред. А.К. Писарчик. – Сталинабад: Изд-во АН ТаджССР, 1958. – Выпуск II. – 526 с.
  3. онӣ, Ғ. Нуҷум / бо таҳрир ва иловаҳои Шоҳзода Муҳаммад; ба чоп ҳозиркунанда У. Муҳаммадов. – Хоруғ: Мерос, 1995. – 194 с.
  4. ҳ, Ш. Осори нуҷумӣ / Куллиёт. – Қ. 2. – Душанбе: Паёми ошно, 2017. – 176 с.
  5. Шакармамадов, Н. Ойинҳои наврўзӣ дар Бадахшон. – Хоруғ: Логос, 2011.
  6. Юсуфбеков, Ш., Шоинбеков А. Шогуни Баҳор. – Душанбе, ЭР-граф, 2019. – С.55.

Нусхаи фотографии рисолаи Ғиёсуддин Алии Исфаҳонӣ “Нуҷум” сањ. 25-30, воқеъ дар китобхонаи шахсии муаллифи мақола.

 

Аз нақли Бекмурод Зикраков, халифаи деҳаи Шивози ноҳияи Роштқалъа, 76-сола.

 

Аз нақли Лутфишоҳ Қиматшоев, 59-сола, сокини деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшон.

Аз нақли Сафарик Сафармаҳмамадов, 76-сола, деҳаи Поршиневи ноҳияи Шуғнон.

 

Аз нақли Бекмурод Зикраков, халифаи деҳаи Шивози ноҳияи Роштқалъа, 76-сола.

 

Аз нақли Зиёӣ Маҳмадаминов, сокини 58-солаи деҳаи Пиши ноҳияи Шуғнон.

 

 

Theme by PiTfi